ХАБАРИ ДОҒ

Аз марги Неделин то бадарғаи украинӣ

  • Чоршанбе, Нояб 02 2022


24.10.1929. Панҷшанбеи сиёҳ дар Аврупо ва Амрико. Бузургтарин буҳрони иқтисодии дунё, ки ба суқути иқтисоди кишварҳои аврупоӣ мунҷар гардид. Аз ҳама бештар дар ин буҳрон Олмон зарар дид.

24.10.1935. Дар манораи Спасскии Кремли Маскав ситораҳои ёқутии сурх насб гардиданд. Ин ситораҳоро аз ёқути сурх дар ш.Днепропетровск сохта буданд.

24.10.1941. Артиши немисҳо дар рафти ҶБВ саввумин маркази бузурги индустриалии СССР - шаҳри Харковро ишғол намуд.

24.10.1960. Таркиши мушаки байниқитъавии балистикии Р-6 дар полигони Байконур. Дар натиҷаи ин таркиш 74 нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо маршали асосии артиллерия Митрофан Иванович Неделин низ буд.

25.10.1977. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии «Табиби халқии СССР» ҷорӣ карда шуд.

26.10.1932. Роҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Виссарионович Сталин нависандагонро «муҳандисони рӯҳи одамӣ» муаррифӣ кард.

26.10.1947. Дар СССР бузургтарин бадарғакунии оммавии аҳолии украин аз навоҳии Украинаи Ғарбӣ ба вуқӯъ пайваст.

27.10.1962. Буҳрони Кариб. Тайёраи ҷосусии амрикои U-2 болои Куба бо мушаки зиддиҳавоии шӯравӣ зада ғалтонда шуд. Сарнишини тайёра майор Рудолф Андерсон ба ҳалокат расид. Ин рӯз дар таърих бо «шанбеи сиёҳ» маъруф аст ва дар он ҷаҳон дар як ваҷаб аз ҷанги ҷаҳонии атомӣ қарор дошт.

27.10.1990. Дар РСС Қирғизистон Аскар Акаев президенти кишвар интихоб карда шуд. 

29.10.1956. Исроил ба Миср ҳамлаи низомӣ кард. Баъди чанд рӯз Франсия ва Англия низ ба муноқишаи низомӣ ҳамроҳ гардиданд. Танҳо мудохилаи СССР ва таҳдиди дахолати низомии Маскав ба ин даргирӣ Мисрро аз шикаст наҷот дод ва назорати канали Суэтсро дар дасти Миср боқӣ гузошт.

30.10.1961. СССР таркиши бузургтарин бомбро дар таърихи башарият анҷом дод. Бомби гидрогении 58-мегатоннаӣ дар полигони Замини Нав озмоиш шуд.

Никита Хрушев дар ин бобат шухӣ карда гуфта буд: “Мо мехостем бомби 100-мегатоннаиро тарконем, аммо ба хотири нашикастани тирезаҳо дар Маскав вазни бомбро кам кардем...”. 

31.10.1961. Ҷасади Иосиф Сталин аз Мавзолейи Ленин бароварда, дар канори девори Кремлин ба хок супорида шуд.

 

CСCР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter