ХАБАРИ ДОҒ

Аз исёни Саблин то тиллои сархӯр

  • Чоршанбе, Нояб 16 2022


8.11.1917. Оғози шӯриши болшевикӣ дар ш.Маскав. Дар Маскав болшевикон баъди задухӯрдҳои шадид тавонистанд муқовимати нерӯҳои тарафдори ҳукумати муваққатро хомӯш кунанд ва бо машаққати зиёд Кремлро ба тасарруфи худ дароранд.

8.11.1920. Дар рафти ҷанги гражданӣ ба Артиши Сурх муяссар шуд, хатти мудофиаи Перекопро, ки дарвозаи Қрим маҳсуб меёфт, тасарруф кунад. Қрим вопасин муттакои нерӯҳои Артиши сафед дар қисмати ғарбии Русия буд ва баъди ишғоли он, ҷанг дар ин қисмати кишвар поён ёфт ва боқимондаи артиши сафед ба Туркия ва Марокаш ҳиҷрат карданд.

8.11.1975. Капитани дараҷаи 3 Валерий Саблин дар киштии «Сторожевой” шӯриш бардошт ва талаб кард, ки роҳбарияти ҳизбӣ-давлатии кишвар ба истеъфо равад.

9.11.1940. Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ ҷорӣ карда шуд.

9.11.1989.Дар Олмон ба тахриби девори Берлин сар карданд. Дарозии деворе, ки пойтахти немисҳоро 2 тақсим мекард, 45 км дарозӣ дошт. Бар замми ин девори 120 км дигаре ҳам вуҷуд дошт, ки гирдогирди Берлини Ғарбӣ қад афрохта буд ва ин қисмати шаҳрро аз ҳудуди боқимондаи Олмони Шарқӣ ҷудо мекард. Бо тахриби ин девор пойтахти немисҳо дубора ба ҳам пайваст шуд.

10.11.1917. Дар Русия раиси Ҳукумати муваққат Александр Керенский кӯшиши дубора барқарор кардани қудраташро намуд ва бо нерӯҳои зиддиинқилобӣ ҷониби Петроград ҷумбид. Мутаассифона, ин охирин кӯшиши ӯ ба нокомӣ анҷомид ва болшевикон тавонистанд қудратро нигоҳ доранд.

10.11.1918.Дар Русияи Шӯравӣ аввалин Кодекси шӯравии қонуни меҳнат рӯи чоп омад.

10.11.1982. Дар СССР котиби генералии КМ ҲКИШ Леонид Брежнев аз олам даргузашт. Ӯ аз с.1964 то с.1982 роҳбарии Иттиҳоди Шӯравиро ба ӯҳда дошт.

11.11.1918. Ҷанги ҷаҳонии 1 ба поён расид ва Полша чун кишвари соҳибистиқлол боз дар харитаи Аврупо пайдо шуд. Ин рӯзро дар Полша ҳамасола чун рӯзи истиқлолият ҷашн мегиранд.

 

12.11.1919. Адмирал Колчак, ки худро ҳокими олии Сибир эълон карда буд, баъди ақибнишинӣ аз Омск, захираи тиллои Русияро, ки сафедҳо дар Қазон ғанимат гирифта буданд, бо худаш мебарад. Ин захира наздики 11,5 ҳазор пуд тилло ё 242 млн, рубли тиллоиро ташкил медод ва билохира ҳамин тилло сари Колчакро хӯрд.

12.11.1982. Дар СССР Юрий Андропов котиби генералии КМ ҲКИШ интихоб шуд.

13.11.1918. Дар РСФСР ба Федор Шаляпн унвони Артисти халқии РСФСР дода шуд, лек с.1927 бо қарори ШКХ ин овозхони маъруф барои фаъолияти хайрхоҳонааш дар қиболи муҳоҷирони рус, аз унвони артисти халқӣ маҳрум шуд.

14.11.1920. Дар деҳаи Кашинои назди Маскав, аввалин чароғаки барқӣ дар деҳоти рус фурӯзон шуд. Дар ифтитоҳи ин ҳодиса роҳбари РСФСР В.И.Ленин ширкат варзид. 

14.11.1940. Дар Берлин гуфтушуниди тарафи СССР бо Олмон бобати ҳамроҳшавии СССР ба иттиҳоди давлатҳои фашистӣ бе натиҷа анҷом ёфт.

14.11.1991. Дар қароргоҳи Ново-Огарёв роҳбарони 7 ҷумҳурии собиқ СССР зери созишномаи таъсиси ИДМ имзо гузоштанд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter