ХАБАРИ ДОҒ

Аз фавти Юра то истеҳсоли ВАЗ-2101

  • Чоршанбе, Апр 12 2023

 

27.03.1918. Дар Русияи Шӯравӣ хадамоти ҳифзи сарҳадӣ созмон дода шуд. Ин рӯз дар собиқ СССР чун Рӯзи сарҳадчиён васеъ ҷашн гирифта мешуд.

27.03.1968. Дар натиҷаи садамаи ҳавоӣ, ки ҳангоми парвози машқӣ-омӯзишӣ ба вуқӯъ пайваст, аввалин кайҳоннаварди дунё Юрий Гагарин ба ҳалокат расид.

28.03.1940. Олимони амрикоӣ изотопи нави ураниюм - плутоний 239-ро кашф карданд. Маҳз ин изотопи ҷадид дар оянда асоси бомбаи атомӣ гардид.

28.03.1956.Дар рӯзномаи «Правда» мақолаи «Чаро шахспарастӣ ба рӯҳияи марксистӣ-ленинӣ бегона аст?» ба чоп расид. Ин мақола аввалин танқиди Иосиф Сталин дар нашрияҳои шӯравӣ баъди марги ӯ ба шумор меравад.

28.03.1971. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсоли мошини нави сабукрави ВАЗ-2101 «Жигули» ба роҳ монда шуд.

30.03.1935. Дар СССР барои ғайриқонунӣ гирифта гаштани корд ҷазои ҷиноӣ ба мӯҳлати 5 сол зиндон пешбинӣ гардид.

30.03.1971. Роҳбари СССР Леонид Илич Брежнев барои аввалин бор истилоҳи «Шаҳри намунавии коммунистӣ»-ро ба кор бурд ва эълон намуд, ки дар кишвар ҷомеъаи нави одамон - халқи советӣ ба вуҷуд омадааст.

30.03.1981. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои аввалин бор вақти тобистонӣ ҷорӣ карда шуд.

31.03.1940. Дар СССР истеҳсоли оммавии тонки нави Т-34 ба роҳ монда шуд. Ин тонк яке аз беҳтарин тонкҳои ҷанги ҷаҳонии дуввум гардид.

31.03.1954. Иттиҳоди Шӯравӣ ба НАТО муроҷиат намуд ва аз ин ташкилот хост, ки СССРро ба узвияти худ бипазирад. Мутаассифона, аъзои НАТО-ташкилоти шимолии атлантик баъди баррасии пешниҳод иқдоми СССРро рад карданд.

31.03.1955.Ҳукумати шӯравӣ қарор дод, боигариҳои осорхонаи рассомии Дрезденро ба Олмони демократик баргардонад. Дар ин осорхона расмҳои рассомони бузурги дунё нигаҳдорӣ мешуданд, ки қимати бисёр гарон доштанд ва СССР онҳоро чун товони ҷанг аз Олмон гирифта буд.

1.04.1946. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ маркази атомии «Арзамас-16» таъсис дода шуд. Ин марказ ба омӯзиши ураниюм ва хосиятҳои он машғул буд ва яке аз махфитарин шаҳрҳои собиқ СССР ба шумор мерафт. Маркази мазкур дар вилояти Нижегородски Русия воқеъ гардидааст ва имрӯз низ ба ҳайси институти физикаи таҷрибавӣ фаъолият мекунад. 

1.04.1967. Дар синамоҳои шӯравӣ аввалин намоиши филми «Асираи қафқоз ё Саргузаштҳои нави Шурик» ба вуқӯъ пайваст. Он яке аз дӯстдоштатарин филмҳо дар собиқ СССР маҳсуб меёфт.

1.04.1969. Дар Чин Анҷумани IX-уми ҳизби коммунист доир гардид. Ин Анҷуман эълон кард, ки дар кишвар «инқилоби маданӣ» ба охир расид.

3.04.1922.Дар СССР Иосиф Сталин ба ҳайси котиби генералии КМ РКП(б) интихоб шуд.

 

CCCР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter