ХАБАРИ ДОҒ

Хатлон: озмуни «Гулбазми Хатлон»

  • Ҷумъа, Июл 01 2016

2 июли соли 2016 дар майдони 70-солагии Водии Вахши шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии «Гулбазми Хатлон» баргузор мегардад, ки ҳадафи он тарғиби ободонӣ ва шукуфоии кишвар тарбияи зебоипарастӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳит ва маҳали зист, ташвиқи гулпарварӣ дар маҳал, оила, ҷойи кор ва дарёфти намудҳои гуногуни гулҳо ва нафарони гулпарвар.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон Бобоҷон Саидов дар сӯҳбати хабарнигори СССР қайд намуд, ки дар озмун гулпарварон аз ҳар як шаҳрванди шаҳру ноҳияҳои вилоят, новобаста аз ҷинс метавонанд иштирок кунанд ва ба тариқи зерин ҳунару маҳораташонро нишон диҳанд: - пешниҳоди намудҳои гуногуни гулҳо: бе маҳдудият; - пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи хислат, хусусиятҳои табобатӣ ва тарзи парвариши он - пешниҳоди малакаи истифодаи гулҳо барои ороиши дизайнерӣ; - пешниҳоди композитсияи адабӣ-бадеӣ дар бораи гулҳо; - пешниҳоди гулбазм байни ноҳияҳои паҳлӯи ҳам ҷойгиршуда (тибқи тартиби муайяншуда). Дар баҳогузорӣ теъдоди намудҳои гулбуттаҳо ва ҳунари дизайнерӣ, инчунин маълумоти муфассал доштан дар бораи гулҳои пешниҳодшуда ба инобат гирифта мешавад. Инчунин, иштирокчиёни озмун метавонанд маҳсулотҳои аз гул омодашударо пешниҳод намоянд.Барои иштирокчиёне, ки ғолиби озмун дониста мешаванд мукофотҳои зерин таъсис таъсис дода шудаанд.

1. Барои ишғоли ҷойи аввал     - 1000 сомонӣ

2. Барои ишғоли ҷойи дуюм     - 700 сомонӣ

3. Барои ишғоли ҷойи сеюм      - 500 сомонӣ

 Барои ҳавасманд намудани иштирокчиёни озмун номинатсияҳои зерин таъсис дода мешавад: Беҳтарин ороишгари гулҳо: Беҳтарин гулпарвар аз рӯи теъдоди намудҳои гулҳои пешниҳоднамуда: Беҳтарин васофи гулҳо (гулбазм): Беҳтарин номинатсияи адабӣ-бадеӣ:Ғолибони номинатсияҳо бо сипоснома сарфароз гардонида мешаванд.

Баҳодур Уроқов

вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter