ХАБАРИ ДОҒ

Мардум газета мехонад! Агар...

  • Ҷумъа, Июл 15 2016

Хурсандам аз он ки газетаи СССР дар водии Зарафшон беш аз пеш мардумӣ мешавад ва шояд ягона нашрияест, ки чун оина ҳаёт Тоҷикистонро беғаразона ба риштаи таҳрир мекашад. Хаёл мекардам одамон рӯзнома намехонанд, аммо шукри худо, ғалат кардаам. Мехондаанд!

 

Пеши назар меояд симоҳои барҷастаи сармуҳаррирони даврони СССР-Бӯринисо Бердиева, Ато Ҳамдам, Иззатулло Ҳалимов, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, ки ростӣ, ҷасорати мардона доштанд ва мақолаҳои танқидиро нотарсона чоп мекарданд. Сано бод Убайд Раҷабро, ки хонданитарин романи солҳои 80-уми адабиёти тоҷикро бо номи «Гузашти айём», ки ба қалами Ҷумъа Одина тааллуқ дошт, дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп кард. 

Ҳастанд одамони касбу кори гуногун, ки ҳафтаномаю маҷалла мехонанд, мақолаҳоро байни ҳам муҳокима мекунанд. Ҳастанд онҳое, ки дар рӯзноманигорӣ гоме наниҳода туфайли косалесӣ дар атрофи мансабдорон соҳиби ҷоиза мешаванд. Чӣ метавон кард дунё дар дасти чунин ашхос мисли пластлин аст, ки аз он бозича месозанд.

Алифбои форсӣ-марги фарҳангист!

Ҳастанд «дилсӯзони миллат», ки фарҳанги онро куштан мехоҳанд. Яке аз баҳонаҳои асосии чунин дилсӯзон бозгашт ба алифбои форсист. Ростӣ, намедонам ба чӣ хотир, охир он мероси гаронбаҳои ниёгонро тӯли 10-солаҳо мо бо хатти криллӣ дастраси мардум кардаем, пас аз нав бемаърифат ва бесавод кардани теъдоди калони аҳолӣ чӣ зарурияте дорад? Бо ҳамин хатти кириллӣ имрӯз бародарони рус ҷаҳонгиранд. Худо накунаду гапи инҳоро гирем, дар партави ин «миллатдӯстӣ» боз 95% Тоҷикон бесавод мешаванд, чунонки то Инқилоби Октябр аксаран бесавод буданд. Ҳатто замони наврасиҳои мо кампиру мӯсафед ба ведомостҳои нафақа ҷои имзо ангушти ранголуд пахш мекарданд.

Панҷакент: Масҷид фаолтар аз фарҳангистонҳо

Дар н.Панҷакент кохи боҳашамати фарҳангро ё ба артистон иҷора медиҳанд, ё замони маҷлисҳои тантанавӣ истифода мебаранду бас. Хуллас, маконҳои маърифатии мо мисли масҷидҳо фаъол нестанд. Идеологҳои мо мисли оддитарин мулло ба дили омма роҳ ёфта наметавонанд. Чаро? Чунки аксари идеологҳои мо ба мизу курсии мансаб дил баста, паси дарҳои чарминпӯш нишаста, аз мардум дур шудаанд, аммо мулло дар зиндаю мурда ҳамроҳи ҷамоат аст! Мутаассифона, мансабдорони мо бо баҳонаи «серкорӣ» ба ҷанозаи қишри камбизоати ҷомеа намераванд, ҳатто ба хонаи камбағал аз рафтан ба фотиҳа «шарм» мекунанд. 36-40 сол боз омӯзгорам, кадри тавоннасли наврасро тарбия мекунам, аммо вақто писари 32-солаам фавтид ягон мансабдори калидии ш.Панҷакентро дар фотиҳаи вай надидам…

Чаро мулло ҷои идеологро гирифт?

Ман ба мулло қоил нестам, аммо ҷомеапарастӣ ва дониши ирфонию динии ӯ дар сари ҷанозаву гӯр, дер намонда вобаста ба шароит сухан рондану амал кардани онҳо маро ба ваҷд меорад ва хоҳ-нохоҳ эшонро чун шахсиятҳои фарҳангӣ ва бомаърифат эҳтиром мекунам. Муллоҳо мисли маснаднишинон одамонро бо бою камбағал ҷудо кардаву пеши дари сарватмандон якпо хизмат намекунанд. Лек бархе мансабдорони маҳаллӣ ба хотири фош накардани бемаърифатиашон аз халқ канора меҷӯянд. Ҳамин аст, ки муллоҳо ба дили мардум бештар ҷо мегиранду идеологҳои расмӣ баракс, аз ин дилҳо хориҷ мешаванд. Мо метавонем!

Холмурод Сафарзода,

узви ИЖТ, ш.Панҷакент

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter