ХАБАРИ ДОҒ

Тағайро бо иконаи Исо қапиданд

  • Чоршанбе, Авг 10 2016

Дар натиҷаи амалиёти фаврии кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вил.Хатлон 1 ҳолати хариду фурӯши ашёҳои таърихӣ, аз ҷумла, 3 адад "икона" ва 19 адад ордеру нишонҳои сарисинагии иштирокчиёни ҶБВ аз сокини ш.Қурғонтеппа мусодира шудааст.

Икона ва нишонҳои сарисинагӣ аз Тағай Боимуратов, сокини 55-солаи ш.Қурғонтеппа мусодира шудаанд, ки ӯ мехостааст нишонаҳои ҷамъовардаашро ба шаҳрвандони Афғонистон дар ш.Қурғонтеппа ба фурӯш гузорад, вале боздошт шудааст. Аз Тағай 5 икона, ки дар он аксҳои Исои Масеҳ ҳаргуна тасвир шуда, дар даст китоб дорад. Зоҳиран пасманзари икона бо тасовири ранги обию тилоранг хело қадими мебошанд. Дар миёни ордеру нишонҳои сарисинагӣ 1 нишони "Ситораи сурх" ва ордери "Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ", илова бар ин 17 адад нишонаҳои сарисинагии гуногун, нишонаи ҷонбозиҳои сокинони вилоят дар солҳои 1941-45 дар майдонҳои ҶБВ будаанд. Абдуҷалил Муллоев, муовини Раёсати минтақавии гумруки вил.Хатлон 8 август дар суҳбат бо хабарнигори СССР ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки Тағай тоҷик буда, ёдгориҳои таърихиро мехостааст, ба фурӯш бароварад. Харидоронаш шаҳрвандони Афғонистон будаанд. Тибқи иттилои расмӣ  Тағай нишону сикаҳои сарисинагие, ки дар ҶБВ ба хотири пос доштани ҷонбозиҳо ба даст омадаанд, баъди мурдани соҳибонашон ҷамъоварӣ кардааст. Иконаҳои Исои Масеҳ ва Марями Муқаддас низ аз русҳое будаанд, ки фавтидаанд.

1 масъули Додситонии вил.Хатлон дар суҳбат гуфт, ки алайҳи Тағай бар асоси моддаи 341-и Кодекси љиноӣ, яъне соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷатҳои расмӣ ва мукофотҳои давлатӣ парванда боз шуда, вале ин парвандаро на ба суд, балки ба Раёсати Умури дохила фиристодаанд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter