Саҳми калон дар рушди мултикултурализм ва таҳаммулпазирӣ дар ҷумҳурӣ Фаъолияти Фонди Ҳайдар Алиев таҳти роҳбарияти Хонуми якуми Озарбойҷон Меҳрубон Алиева медарорад. Яке аз лоиҳаҳои доимии Фонди Ҳайдар Алиев ин лоиҳаи «Унвони таҳаммулпазирӣ – Озарбойҷон» мебошад, ки дар доираи он иҷрошавии як қатор чорабиниҳо, таҷдид ва аз нав барқарор кардани масҷитҳо, калисоҳо, маъбадҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мебошад.
Дар робита ба ин Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи гузаронидани озмуни байналхалқӣ барои мақола, акс ва филми ҳуҷҷатии беҳтарин дар мавзӯи «Мурофиаи Боку» амонат ба мултикултурализми глобалӣ» эълон менамояд. Ин озмуни байналмиллалӣ бо дастгирии молиявии Вазорати Фарҳанг ва Сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гашта ғолибони 3 ҷои аввал барои супурдани сертификат ва тӯҳфаҳо ба Боку ба муддати 5 рӯз даъват карда мешаванд.
Дар озмуни мазкур метавонанд намояндагони ВАО, аҳли фарҳангу фаъолони ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзанд.
Барои гирифтани маълумоти пурра ба Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Телефон: 224 70 28 ё 224 70 29
Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Суроға: ш.Душанбе, 734003, кӯчаи Зафар Нозимов, 18