ХАБАРИ ДОҒ


Салом, СССР! Дар мавсими гузаштаи ҳаҷ бо даҳҳо нафар дар маконҳои муқаддас ҳамгап шуда, пурсидам, ки оё пора додаанд? Қариб ҳамаи ҳамсӯҳбатон гуфтанд:
-Бе додани пора имкони ба ҳаҷ омаданро надоштанд!

Бо пора амали шайтонро ба ҷо оварда, зарурати омадан ба ин макони муқаддас ва адои ин рукни Ислом дуруст аст? Оё Худо аз чунин шахси ришвадеҳ розӣ мегардад? Оё зиёрати шахси порадеҳ ба даргоҳи Худо қабул аст? Ҳаргиз не! Дурӯғгӯи ҳам амали шайтон аст, лек аксари мо бе дурӯғ рӯзро шаб намекунем. Оё ин нишонаи аз ислом дур будан нест? Оё Паёмбари бузургворамон ва Худованд ба зиёрати дурӯғгӯён эҳтиёҷе доранд? Ҳаргиз не! Худованд аз чунин бандагони шайтонсифат безор аст. 
Сифати дигари мусалмон он аст, ки аз дасту забони ӯ касе озору азият набинад. Назди Худованд ҳама инсони мусалмон 1 аст, лек ин замон мо табақаи ба қавли мардум «муллою қорӣ ва ҳоҷӣ»-ҳоро пеши назар меорем. Ин қабил мардум нисбатан аз ислом огаҳанду «худотарс», лек дар айёми ҳаҷ зойирин аз дасти роҳбаладу роҳбарияте, ки онҷо пешвояд, чӣ азияту ранҷҳое намебинанд. Барои зойирини Тоҷик меҳмонхонаҳои ниҳоят дуру хӯрокиҳои хело пастсифат омода месозанд. На ҳар кас метавонад, 5 вақт намозро дар Ҳарам ба ҷо орад, вале онҳо фатвои дурӯғ медиҳанд, ки ҳар қадар пои пиёда зиёд қадам занӣ, ҳамон қадар савоби зиёд мегирӣ. Вақте бо зойирини қазоқу қирғизу чечен… ҳамсӯҳбат мешудам, бо ишораи даст мегуфтанд: «мана меҳмонхонаи мо, он қадар дур нест, пиёда рафта, 5 вақт намозро бе мушкилӣ дар Ҳарам мехонем». Нархи чиптаи онҳо аз мо зиёд не ва роҳбаронаш пулро бе фиреб сарфи зоирин мекунанд. Роҳбарияти мо баръакс: на бо соҳибони меҳмонхонаҳо шайхони араб, балки бо афғонҳои тоҷири фиребгар шартнома баста, бо нархҳои ночиз меҳмонхонаҳои дурро ба иҷора мегиранд. Ҳатто дар Мино ба ҷои 2-3 хайма 1 хаймаро иҷора гирифта, зойиринро чун кирми пиллаи даҳахӯр ҷафс мехобонанд.

Хараҷу мараҷ меафзояд!
Чандин сол аст, қонун дар бораи танзим амал мекунад. Вале баракс, хараҷу мараҷ ва исрофкорӣ ба дараҷаи олӣ расидааст. Барои мисол дар солҳои пешин бо сарфи 8-10 ҳазор пули миллӣ тӯйи хонадоршавиро гузаронидан мумкин буд. Аммо соли равон ин рақам ба 18-20 ҳазор сомонӣ расид. Ин аз беназоратии Кумитаи дин ва корро ба таври дуруст анҷом надодани онҳо дарак медиҳад. Раисони маҳалла низ дар иҷро нашудани қарори ҳукумат айбдоранд, зеро метавонистанд садди роҳи боло рафтани хароҷоти беҳудаи мардум шаванд. Хатибони масҷид низ хомӯширо авло дониста, ба мардум оид ба хароҷоти туйи арӯсӣ ва маҳри духтарон хеле кам сӯҳбат мекунанд. Нофаҳмӣ ва риёкорӣ ба ҳадде авҷ гирифта, ки волидайни духтар аз хостгорҳо то 20 ҳазор сомонӣ талаб мекардагӣ шудаанд. Ҳол он ки бояд бахти навхонадоронро аз Худованд талаб кунем. Ин маблағ нисбати соли гузашта 11.000 сомонӣ зиёд аст. Онҳо айбро на аз худ, балки аз $ мебинанд. Гӯё духтарро аз хориҷа бо $ харида оварда бошанду ҳатман нархи онро бояд бо $ монанд. Ана ин аст мусалмонии мо!
Дар тамоми дунё кризиси шадиди иқтисодӣ ҳоким аст, ҳатто бонкҳо ба муфлисшавӣ дучор шуда, аз байн рафта истодаанд. Садҳо тоҷир қарздор ва дари дӯконашон баста шудаанд. Вале нархи духтар хест! Волидайн баҳона пеш меоранд, ки 18-20.000 сомонӣ ба ҷиҳози арӯсии духтарашон намерасад ва боз ҳамин миқдор маблағи дигар аз худашон сарф мекунанд ва ҳатто қарздор ҳам мешаванд. Агар бо чунин маблағ барои духтар ҷиҳоз нахаранд, гӯё духтарашон назди ҳамсояву қудо беқадр мегаштааст. Онҳо қадри фарзандро дар қимат фурӯхтан медонанд. Рӯзе аз 1 ҳамсӯҳбатам шунидам, ки марде дар тӯйи арӯсии духтараш 5 буққа куштаасту ба духтараш хона ҳам тӯҳфа кардааст, аммо баъди чанде ин 2 ҷавон аз ҳам ҷудо шудаву хонавайрон гаштанд…

Насрониҳо боинсофтар аз моянд!
Баракси мо насрониҳо хеле боинсофанд, бақияи тангаҳоро дода, ҳаққи худро талаб мекунанд. Дар мо ҳаромхурӣ дар авҷ аст, агар дар микроавтобус ҳаққи ҳалоли худро талаб кунӣ, зери бадгӯиҳои ронандаю пулчинак меафтӣ. Аҷиб аст, агар ту насронӣ бошӣ бақия медиҳандат, вале мусалмон бошӣ носазо мешунавӣ! Агар рӯзе онҳо то 1000 мусофирро савор кунанд аз 20 то 40 дирамӣ ҳаққи онҳоро ҳатман ҳаром напиндошта ба ҷайби хеш мезананд. Бо ҳамин аз мусофиркаши одӣ то дигар мансабдорон фарзандро бо луқмаи ҳаром тарбия карда истодаем.


Довудхӯҷа Раҳимзода,
Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter