Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ф. Шарифзода, М. Лутфуллоев, Б. Ғаниева, С. Куйбекова
Дар саҳифаи охир номи 1 ширкати чинӣ омадаву дар таги он навишта шудааст:
Ба чопаш 20.03.2012 имзо шуд... Адади нашр 120 000.
Аз об рӯшантар аст, ки ин китобро корчалонҳое нусхабардорӣ кардаанд. Заҳмати 4 нависандаи гиромии ин китоб, чашмҳои меҳрбори 1 дунё кӯдакро пеши рӯ наёварда, ончунон шакидаву андова кардаанд, ки ногуфтанӣ! Чунончи, дар саҳ.13 рангҳои сурху сабзи Парчами давлатиро сиёҳ карда, ба ҷои 7 ситора 4 нуқтаи сиёҳ чакондаанд!
Чун дидам, ки ин китоб ба дард намехӯрад, моҳи январ боз ба ҳамон «Олами китоб» рӯ овардам. Китоби аслиро пайдо кардам: калонтар, пуштакӣ -- сахт, хат -- хоно, суратҳо -- рангаву рӯшану зебо...
Фурӯшанда китобро 18 гуфту дар 15 сомонӣ дод! Ин ҳамон китобест, ки дар сари соли хониш 45-ӣ мезадандаш!
Сайёд ҒАФФОР,
шоир