ХАБАРИ ДОҒ

Хуҷанд - шаҳри беҳтарин дар ҷумҳурӣ

  • Сешанбе, Сен 06 2016

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи ҷамъбастии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Тибқи қарордоди комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ шаҳри Хуҷанд ғолиби озмун гардида “Шаҳри беҳтарин” дониста шуд. 

Ба Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз Шаҳодатнома ва зо ҳазор сомонӣ мукофотпулии ғолибиятро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар лаҳзаи тантанавӣ супорид. 

Лозим ба ёдоварист,ки озмуни мазкур тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, АП- 681 оиди гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумьурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ баргузор гашта дар он тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат намуданд.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter