ХАБАРИ ДОҒ

Раис хатлониҳоро табрик гуфт

  • Панҷшанбе, Сен 08 2016

Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ҳини суханронӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ гуфт, ки он барои мо яке аз муқаддастарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор рафта, рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари азизамон мебошад. 25 сол муқаддам ба миллати тамаддунофари тоҷик бахти баланд- соҳибистиқлолӣ насиб гардида, сарнавиштамонро ба дасти худ гирифтем.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик, дастоварди бузург буда, он баъд аз шикасти давлати бузурги Сомониён орзуи дерини аҷдодони гузаштаамон буд, ки бо ҳукми таъриху сарнавишт дар охири асри ХХ амалӣ гардид. Дар тамоми давраҳои маҳрумият аз давлатдории худ, халқи соҳибтамаддуну фарҳангдӯсти тоҷик, ҳуввияти баланди миллӣ ва рӯҳияи истиқлолхоҳӣ дошт. Имрӯз мардуми сарбаланди вилояти Хатлон сиёсати оқилонаю хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомали Раҳмонро дар бобати рушди босуръати иктисодиёту иҷтимоиёт ва ободию шукуфоии кишвари азизамон хуш пазируфта, дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати комил барои баланд бардоштани иқтисодиёти кишварамон бо азму ғайрати бепоён меҳнат карда истодаанд. Бо ҳамин ниятҳои нек ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои кулли ҳамватанон бори дигар муборакбод гуфта, итминон дорам, ки мардуми тамаддунофари мо таҳти сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба дастовардҳои бузург, рушду нумӯъ, шукуфоӣ ва дигаргуниҳои азим ноил гардидан минбаъд низ меҳнати пурсамару аҳлонаро идома медиҳанд».

Баҳодур Уроқов

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter