Ифтихор
Зери гардун ифтихор овардаем.
Аз чаман савти ҳазор овардаем,
Рӯзи ҷашн аст, ёрон марҳабо,
Он шаҳи чобуксавор овардаем.
Мешавад сарҷамъ ин пайванди мо,
Шодии хешу табор овардаем.
Аз тараддуд меҳри афзун мондаем,
Аз матонат эътибор овардаем.
Бӯйи ҳастӣ медиҳад иқболи мо,
Шӯҳрати ёру диёр овардаем.
Тоҷикистон шод монӣ то абад,
Бо ту шаъни рӯзгор овардаем.
***
ТОҶИКИСТОН
Фахри он дорам, ки дорам миллати волоназар,
Мардуми соҳибдили боэътибору муътабар.
Саҷда бар хокаш ниҳам, дорад бузургони хирад,
Пири куҳистони онро меситоям номвар.
Шукри Ҳақ дорам, ки то аз ин ҳаво парвардаам,
Тоҷики фархундаам, аз тоҷи Ҳақ дорам ба сар.
Панди пиронаш ба гӯш овардам аз дори азал,
Ман намехоҳам ҷуз ин дурдонааш дурру гуҳар.
Рашту Хатлону Бадахшонам бувад зеби замин,
Бо Зарафшонаш ба даври даҳр гардам пайсипар.
Тоҷикистон давлати имрӯзи ман, фардои ман,
Дорам аз ӯ дар дилу дар дида аз ҳастӣ шарар.