ХАБАРИ ДОҒ

Наврӯз ҷашни ҳамеша зинда

  • Чоршанбе, Март 29 2017



Ҳамоҳанги табиат
Бани башар дар таърихи мавҷудияти хеш расму русуми зиёде тавлид кард ва миллати ориёӣ низ дар ин ҷода истисно нест. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми эронитабор ба шумор меравад. Аслан ҳамаи қавму миллатҳо фарорасии соли навро бо шаҳомату шукӯҳи хос ҷашн мегиранд. Аммо соли нави мардуми ориёитабор ба куллӣ аз ҳамаи ҷашнҳои солинавии роиҷ дар дунё фарқ мекунад. Масеҳиён соли нави худро аз таваллуди ҳазрати Исо (с.а.) ҷашн мегиранд. Соли нави қамарӣ, ки бештари нажоди сомӣ аз он табаият мекунанд, аз ҳиҷрати Расули гиромии ислом (с.а) оғоз меёбад. Мардуми Шарқи Дур (Чину Ҷопон) низ соли нави ба худ хосе доранд. Аммо ҳеҷ кадом аз инҳо ҷавобгӯи аслии ин мафҳум, яъне оғози соли нав аз нигоҳи табиатро надоранд ва танҳо ин ҷашни қадимии мардуми ориёитабор пурра ба ин мафҳум ҷавобгӯст. Чун маҳз дар фарвардин (март) табиат аз хоби зимистониаш бедор мешавад ва мардуми ориёитабор ин бедориро Наврӯз ном ниҳоданд ва аз қадимтарин даврони таърихи хеш ин ҷашни бошукӯҳро то ба ин рӯз зинда нигаҳ доштанд. Наврӯз чуноне, ки аз номаш маълум аст, ҷашни миллии қавми ориёист ва метавон гуфт бузургтарин ҳадяи ин қавм ба тамаддуни башарист. Имрӯз ақвоми зиёди ғайриэронӣ низ Наврӯзро чун иди миллии худ ҷашн мегиранд. Таърихи Наврӯз дар асотири ориёӣ ба замони Пешдодиён мерасад ва бештари муаррихон ин ҷашнро ба шоҳи 4-уми ин сулолаи афсонавӣ-Ҷамшед марбут медонанд. Дар қадимтарин маъхази мардуми ориёитабор «Авасто» аз ин ҷашн ёд шудааст ва маҳз Ҷамшед поягузори он ба ҳисоб меравад. Дар замони Ҳахоманишиҳо, ки таърихи сиёсии ақвоми ориёӣ аз онҳо оғоз мешавад, ҷашни Наврӯз ба бузургтарин ҷашни давлатӣ табдил дода шуд ва шоҳони Ҳахоманишӣ онро бо шукӯҳу шаҳомати азим ҷашн мегирифтанд. Ин анъана дар замони Ашкониён низ идома ёфт ва дар аҳди Сосонӣ ба авҷи аълои худ расид. Бо зуҳури ислом ва пазируфтани он аз тарафи мардуми эронитабор Наврӯз натанҳо аҳамияти худро гум накард, балки ақвоми ғайриэронӣ низ ин ҷашни қадимии ориёнро чун иди миллии худ пазируфтанд ва ҳамасола ҷашнаш мегиранд. Умуман, ҳеҷ истилое, ҳеҷ ҷаҳонбинию фарҳанги наве натавонист Наврӯзро аз тафаккури мардуми эронитабор берун кунад.

Аз оини маҷус то иди исломӣ
Наврӯз новобаста ба ҳама беадолатӣ, ки нисбаташ раво диданд, барои қавми ориёӣ аз маҳбубтарин ва бошукӯҳтарин ҷашнҳо буд, ҳаст ва хоҳад монд. Баъди омадани ислом иддае аз муқаддасмаобон кӯшиданд ин иди қадимиро чун ҷашни маҷусӣ қаламдод кунанд ва мардумро аз ҷашни он маҳрум созанд. Надонистани дин бузургтарин бало ба сари пайравони ҷоҳилаш метавонад биёрад. Мутаассифона, бо гузашти чандин садсолаҳо ҳоло ҳам чунин ашхосе дар байни рӯҳонияти мутаассиби мо ёфт мешаванд, ки аз ин ақидаи барғалати худ даст накашидаанд ва Наврӯзро бо дини мубин бегона медонанд. Ҳол он, ки дини ислом чун раҳмат аст барои оламиён, дар қатори аҳкоми худ чизи дигареро низ бо номи урф қабул дорад. Ислом урфи пайравони худро, ки дар он созандагию рушд ҳаст, инкор намекунад, балки мардумро ба пайравӣ аз он тарғибу ташвиқ менамояд ва Наврӯз аз ҳар анъанаи миллӣ бештар ба ин рушду созандагӣ ҷавобгӯст, чун рабти танготанге бо табиат, ин муъҷизаи Худованд дорад. Аммо ин беадолатӣ бо ин хотима наёфт ва дар таърихи мо-тоҷикон Наврӯз қиссае дигаре низ дошт.
Бо омадани ҳукумати Шӯроҳо қисмати ин ҷашни қадимӣ комилан ранги дигар гирифт. Акнун Наврӯзро оини исломӣ муаррифӣ карданд ва ҷашни он барои солҳои зиёд мамнуъ шуд. Албатта мардуми оддии мо ҳамеша онро ҷашн мегирифт, аммо дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Наврӯзро ҳукумати коммунистии Маскав манъ намуда буд. Ҳукумати онвақта ин ҷашни қадимии мардумиро «боқимондаи гузаштаи феодалӣ» қаламдод мекард. Он замон дар байни роҳбарияти коммунистӣ ақидае роиҷ буд, ки Наврӯз иди диниву мазҳабист ва онро мусалмонон ҷашн мегиранд, на коммунистон. Бо вуҷуди ин зиёиёни миллат, монанди Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Холмурод Шарифов ва дигарон борҳо ин масъаларо дар назди роҳбарияти онрӯзаи кишвар бардошта буданд, аммо дар Душанбе касе ҷуръат намекард бе ризоияти Маскав қароре қабул кунад.

Гурдофариди тоҷик
Ин вазъ то соли 1965 идома ёфт. Соли 1965 ҳукумати Тоҷикистон муносибати худро нисбат ба зиёиёни ин миллат тағйир дод ва иди навро бо номи «Иди меҳнат» роҳандозӣ намуд. Ин иди нав мебоист оғози кишту кори баҳориро ифтитоҳ мебахшид ва Наврӯзро ҷойгузин мекард. Роҳбари онвақтаи ҷумҳурӣ, котиби аввали Ҳизби коммунист Ҷаббор Расулов дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо зиёиён мегуфт, «Иди меҳнат» танҳо чизест, ки Ӯ метавонад иҷозат диҳад ва иҷозаи баргузории Наврӯзро танҳо Маскав метавонад бидиҳад. Аммо бо шарофати нотарсӣ ва ғурури миллии 1 зани тоҷик Наврӯз дар кишвари мо чун иди расмӣ дубора эҳё гашт.
21.03.1966 нашри махсуси рӯзномаи «Маориф ва маданият» рӯи чоп баромад, ки пурра ба ҷашни Наврӯз бахшида шуда буд. Ба рӯзномаи «Маориф ва маданият» Буринисо Бердиева сарварӣ мекард. Ин зани далеру нотарс барҳақ Гурдофариди замони худ буд. Хело тааҷҷубовараст, ки дар сангинтарин давраи таърихи худ ин миллати кӯҳан диловарзаноне мисли Буринисо дошт, аммо мутаассифона, дар таърихи навинаш мардонаш низ чоплусу тарсу шудаанд. Шоҳидон нақл кардаанд, ки вақте шумораро барои нашр омода мекарданд, аз Кумитаи Марказӣ дастур доданд, то макети шумораро, ки ба «Иди меҳнат» бахшида шуда буд, барои азназаргузаронӣ ба наздашон оранд. Сардабир макетро бурд ва дар Кумитаи Марказӣ низ онро тасдиқ карданд. Аммо вақте макетро дубора ба редаксия оварданд Бердиева «Иди меҳнатро» ба Наврӯз иваз кард ва ин ҷашни қадимаи мардуми ориёӣ дубора эҳё шуд. Баъди баромадани шумора кормандони Кумитаи Марказӣ ба кофтукови Буринисо афтоданд, аммо ӯро аз ҳеҷ ҷой пайдо намекарданд. Ин зани далер ба кормандони рӯзнома гуфта буд: «Агар маро суроғ кунанд, гӯед, ки ба Кумитаи Марказӣ рафт».
Ин шумораи наврӯзӣ дар матбуоти тоҷик як саҳифаи дурахшоне буд ва баъди нашри он сардабири «Маориф ва маданият» ба яке аз чеҳраҳои намоёни кишвар табдил ёфт. Шоир Бозори Собир, ки он солҳо ҳамроҳи Бӯринисо дар «Маориф ва маданият» фаъолият мекард боре гуфта буд: «Дар гирди Ӯ ҳамфикрони зиёде ҷамъ шуда буданд, аммо танҳо мардонагии Бӯринисо буд, ки матолиб дар бобати Наврӯз рӯи чоп баромад. Маҳз Ӯ Наврӯзро дубора ба ҷашни расмии кишвар табдил дод. Мутаассифона, мегуфт шоир, имрӯз ин миллат қаҳрамонҳои Наврӯзи худро аз хотир баровард. Хушбахтона бо вазидани насими истиқлолият мо дигар аз касеву чизе бим надорем ва ҷашну маросимҳоро озодона баргузор мекунем. Ва Наврӯз барҳақ имрӯз ҷойгоҳи волои худро дарёфт кард ва аз тарафи ҷомеаи башарӣ чун дастоварди қавми ориёӣ эътироф шуд. Албатта ин кор худ аз худ ба амал наёмад ва талошҳои сарони 3 кишвари эронитабор-Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ин кор нақшӣ ҳалкунанда доштанд ва билохира адолат барқарор гардид.
30.09.2009 созмони ЮНЕСКО қадимтарин ҷашни миллии моро ба феҳрасти мероси фарҳангии инсоният шомил намуд ва дар зери ин санад 24 кишвари дунё имзо гузоштанд. 19.02.2010 бошад дар 64-умин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СММ дар банди 49 рӯзномаи рӯз дар бораи «Маданияти дунё» бо аксарияти овозҳо қарори «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул карда шуд, ки дар он аз ҷумла омада буд: Ассамблеяи Генералии СММ 21 мартро чун Рӯзи байналмилалии Наврӯз мепазирад. Кӯшиши давлатҳои баргузоркунандаи Наврӯзро дар бобати нигаҳдорӣ ва ривоҷи фарҳанги Наврӯз истиқбол мекунад. Акнун дар таърихи ин ҷашни қадим саҳифаи нав навишта шуд. Қавми ориёӣ ҷашнеро ба башарият ҳадя кард, ки солҳои тӯлонӣ дар 17 кишвари ҷаҳон ҷашн гирифта мешуд. Наврӯз дар кишварҳои Аврупоӣ низ монанди Албанияву Македония чун иди миллӣ истиқбол мешавад, 21 мартро ҳатто дар ИМА чун Рӯзи хоҷагии қишлоқ ҷашн мегиранд. Ва эътирофи Наврӯз аз тарафи СММ як аҷргузорист ба ин ҷашни фархундаву қадимии табори ориёӣ. Пас Наврӯзатон муборак, ҳамватанони гиромӣ.


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter