ХАБАРИ ДОҒ

Наврӯзи дар маркази вилояти Хатлон

  • Чоршанбе, Март 29 2017


Дар варзишгоҳи марказии вилояти Хатлон ,шаҳри Қурғонтеппа намоиши барномаи театрикунонидашудаи “Наврӯзи ҷаҳонӣ- Наврӯзи ҷавонӣ” доир гардид, ки дар он Раиси вилоят муҳтарам Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сокинони ноҳия иштирок намуданд. Қабл аз шуруъи барномаи фарҳангӣ раиси вилоят мардуми вилоятро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, иброз дошт, ки Наврӯз иди пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ аст, ки халқ онро пазируфта, дар тӯли қарнҳои тӯлонӣ аз насл ба насл гузошта, оини ибратомӯзи онро сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ донистааст.

Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои Мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истикболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рузест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

 


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter