ХАБАРИ ДОҒ

Журналист-беҳимоятарин қишр!!!

  • Чоршанбе, Апр 05 2017

Дар ҳолати маҷбурӣ мардум ба журналистон барои пуштибонӣ муроҷиат мекунад ва ин дар ҳолест, ки худи журналист намедонад дар зарурат ба кӣ додашро расонад...

11 март Рӯзи матбуоти Тоҷик буд. Рӯзе, ки журналистон-дилсӯзтарин, вале беҳимоятарин қишри ҷомеа иди касбӣ дошт.
Ёд доред, ки дар 100-солагии Матбуоти Тоҷик Сарвари давлат ҳини суханронии хеш бисёр нуктаҳои муҳимро зикр ва бобати беҳтар шудани фаъолияти рӯзноманигорон чанд дастуру супоришҳо ҳам дода буд? Аммо чунин ба назар мерасад, ки масъулин ва вузаро рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ, сол ба сол ҷои бо журналистон наздик шудан, худро канор мекашанд. Ҳавоӣ намегӯем! Факт!!!
Дар кишвари мо чанд қонунҳое ҳастанд, ки фаъолияти журналистиро ба танзим медароранд ва ҳамаи ин қонунҳо бо имзои Сарвари давлат ба тасвиб расидаанд. Қонунҳои ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» аз ҷумлаи ин қонунҳоянд, ки дар онҳо ӯҳдадориву вазифаи чиновникҳо хеле хуб гуфта шудаанд. Вале чунин ба назар менамояд, ки ин ҳама дар рӯи коғазанду халос.
Масалан дар моддаи 3-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» гуфта мешавад, ки:
1.Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.
2.Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Вале дар 5 соли охир чандин нашрияҳо бо сабабҳои мухталиф баста шуданд. То ҳол баъзе аз сомонаҳо дар Тоҷикистон масдуданд. Магар бастани сомонаҳо дахл ба фаъолияти касбии редаксия нест? Чаро чандин журналистони касбӣ ҷилои ватан карданд? Оё касе боре сари ин масъала андешидааст?

Дастрасӣ ба хабар мушкилтар мешавад
Дар музофот гирифтани иттилоот нисбати марказҳо душвортар аст. Чун ба дари баъзе аз мақомоти қудратӣ сар мехалонӣ «бе иҷозати вазорат ё роҳбарияти болоӣ мо ҳуқуқ надорем ба шумо маълумот диҳем!» мегӯянд. Имрӯз редаксияҳои Тоҷикӣ аз кам шудани хонандагон ва кам гардидани шумораи нашрияҳояшон бисёр мегӯянд. Ба замми ин боло рафтани андоз, қимат шудани нархи маҳсулоти чопӣ ва дигар омилҳо деворе гардидааст барои редаксияҳо.
Гузашта аз ин мушкилоти аз ҳама асосӣ ин хеле кам будани маоши рӯзноманигорон воқеан боиси андеша шудааст. Кас ҳайрон мегардад, ки чаро дар дигар давлатҳо рӯзноманигорон маоши баланд мегиранд, редаксияҳо аз бисёр имтиёзҳо бархурдоранд, вале дар мо касе парвои журналистон ва журналистикаро надорад?
Нафароне мехоҳанд дар Панҷакент телевизион кушоянд, лек бо гузашти чандин солҳо наметавонанд ин амали хешро пиёда созанд. Иҷозатнома гирифта наметавонанд. Сабаб? Номаълум! Чизе журналистон мегӯянд барои ободиву пешрафти ин сарзамин аст, на зиёда аз ин.
Мардум ва масъулин, мо душман нестем! Мо танҳо ҳақиқатро ба мардум, ҳукумати марказӣ ва сарвари кишвар мерасонему бас...
Бо умеди пешрафт ва шукуфоии ин сарзамин ва ҳамкории чиновникҳо бо рӯзноманигорон.


Хуршед Фозилов,
Панҷакент, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter