ХАБАРИ ДОҒ

Ғуломҷон, Севинч ва Юлдуз ба Душанбе меоянд

  • Сешанбе, Май 02 2017


Аз 9 то 12.05.2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо барномаҳои мухталиф дар шаҳрҳои Душанбеву Қӯрғонтеппа баргузор хоҳанд ёфт.
Чуноне ки сомонаҳои хабарии ӯзбек иттиллоъ медиҳанд, ҳайати аҳли фарҳангу ҳунари кишвари ҳамсояро беш аз 55 сарояндаҳо ва устодони мусиқӣ ташкил дода дар қатори онҳо номи ҳунарпешагони шинохтаи ӯзбек Ғуломҷон Ёқубов ва Севинч Мӯминова ҳам ҳаст.
Ифтитоҳи расмии рӯзҳои фарҳангӣ шоми 10.05.2017 дар теари давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор шуда дар назар аст, ки дар чаҳорчӯбаи рӯзҳои фарҳангӣ дар ш. Душанбе барномаи калони консертии сарояндаи шинохтаи ӯзбек Юлдуз Усмонова низ сурат бигирад.



СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter