Тӯҳфа Фозилова яке аз шаҳсутунҳо ва асосгузорони театри касбии тоҷик буд. Ӯ дар ш.Конибодом ба дунё омада, дар муҳити фарҳангу ҳунар ба камол расидааст. Дар ш.Тошканд маҳорати худро сайқал дода, с.1934 ба ш.Сталинобод меояд ва дар Театри мусиқии пойтахти тоҷикон фаъолияти эҷодии худро паҳно мебахшад. Дар заминаи ҳамин театр с.1940 Театри опера ва балети тоҷик таъсис меёбад, ки вай ба ҳайси яке аз асосгузорони он то с.1949 дар саҳнаи он беҳтарин нақшҳоро офарида, бо садои дилнишини худ сурудҳои машҳури «Мепарварам», «Бихандад лола бар саҳро», «Алла», «Сари кӯҳи баланд», «Шиканҷи зулф»…-ро иҷро кардааст. Аз с.1949 ба Театри давлатии академии драмаи ба номи А.Лоҳутӣ ба кор гузашта, то охири умри пурбаракати худ дар саҳнаи он даҳҳо нақшҳо ва образҳои барҷаста офаридааст. Вежагии ҳунару истеъдоди ӯ дар он зоҳир мегардад, ки ҳам дар санъати сарояндагӣ ва ҳам дар нақшофарӣ басо мумтоз буд. Истеъдоди табиӣ тавъам бо ҳусну ҷамоли зебо ва қомати расои саҳназеб ӯро хеле барвақт машҳуру маъруф гардонида, дар овони шукуфоии умр (40-солагӣ) ба дарёфти унвони олии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шудааст. Тақдир маро ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ бо ин ҳунарманди тавонои театру синамои тоҷик рӯ ба рӯ гардонида буд. Тобистони с.1976 роҳбари онвақтаи театри Лоҳутӣ Обид Ҳомидов мо 1 гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи санъатро барои иҷрои барномаи консертӣ интихоб намуда, ҳамроҳи ҳунармандони театр ба шаҳру вилояти Бухорои ҶШС Ӯзбекистон ба сафари ҳунарӣ бурд. Роҳбарии ин сафари таърихиву хотирмонро устод Тӯҳфа ба ӯҳда дошт. Дар вокзали ш.Когон ҳайати эҷодии театри овозадори тоҷикро бо меҳру эҳтиром ва шукӯҳу азамати хос истиқбол гирифтанд. Бори аввал мушоҳида кардам, ки ситораҳои саҳнаи тоҷик Тӯҳфа, Аслӣ Бурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев… дар ҷомеа чӣ нуфузу обрӯе доранд. Ҳунармандони театр дар ш.Бухоро ва навоҳии атрофи он намоишҳои ҷолиби худро нишон медоданд. Мо донишҷӯён бо барномаи консертӣ аз дурдасттарин ноҳияи вилояти Бухоро шурӯъ карда, бо суруду таронаҳо дар назди мардум баромад мекардему таҷрибаи эҷодӣ меандӯхтем. Барномаҳо асосан шомгоҳон иҷро мешуданд. Рӯзона бошад мо аз тамошои шаҳри бостонии тоҷикон Бухорои шариф баҳра бурда, ҳамзамон аз дидору сӯҳбатҳои устодони саҳна бархурдор мегаштем. Тӯҳфа бо вуҷуди ҳунарманди машҳуру маъруф буданаш зани бисёр хоксору меҳрубон, дарёдилу шӯхтабиате буд ва хислату одатҳои аҷибе дошт. Бо ҷавонон сӯҳбат оростан, хотираву лаҳзаҳои рангини айёми ҷавониҳои худро ба ёд овардану китоби рӯзгору сарнавишти хешро чун дастуру сабақи ҳаёт ба ҷавонон саҳифагардон кардан аз одату фазилатҳои наҷибаш буд. Устодон С.Айниву А.Лоҳутӣ, М.Турсунзодаву Б.Раҳимзода, Б.Ғафуров… аз ҷумлаи мухлисону ҳаводорони ҳунари ӯ буданд. Тӯҳфа дар меҳмонсарои «Зарафшон»-и Бухоро ва баъдан дар бисёр нишасту сӯҳбатҳо аз дӯстони самими худ, арбоби намоёни сиёсиву давлатӣ Турсун Ӯлҷабоев ва раиси номдору деҳқони асил, Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ҳамеша ба некӣ ёд мекарду аз рӯзгори эшон ва хислату рафторҳои аҷиби онҳо қиссаҳои ҷолиберо нақл менамуд. Он бузургмардон низ ошиқу шайдои Тӯҳфабонуву ҳунари волояш буданд. Ба гуфтаи Тӯҳфа ва бисёр собиқадорони саҳнаи ҳунар Ӯлҷабоев аз мухлисони ашаддии театри Лоҳутӣ буда, ба ҳамаи намоишҳои он, ҳатто, ба тамошои намоишҳои бачагона низ ҳамроҳи фарзандону набераҳояш меомадааст, ки ин барои аҳли ҳунари театр ифтихору сарбаландӣ ва бешак яке аз омилҳои пешрафти фаъолияти эҷодии эшон будааст. Дар хусуси Ӯрунхоҷаев қисса мекарданд, ки ӯ барои роҳбарони сатҳи аввали ҷумҳурӣ чун устоду маслиҳатгар обрӯву мақоми баланд дошт. Аксаран таъиноти кадрӣ дар доираи ноҳияву вазоратҳо бо ҳидояту дастури ӯ амалӣ шуда, ба аҳли ҳунару фарҳанг таваҷҷӯҳу меҳри хос доштааст. Марди зебопарасту рухбозе будааст, ки ҳини сафари ҳунарӣ бо дидани ҳусну ҷамоли зебои Тӯҳфахон барои намоиши театр ба ҷои 800 ё 1000 рубл арзиши намоиш бо пардохти то 3000 рубл ҳимматбаландӣ мекардааст…
Баъди хатми Донишкада маро фахри бузурге насиб шуд, ки ба Театри Лоҳутӣ ба кор даъват шудаму шарафи ҳамкориву ҳамнишинӣ бо ситораҳои саҳнаи тоҷик ва шинохти бештари эшон муяссарам шуд. Дар миёни ҳамаи бузургони ҳунар Тӯҳфа Фозилова бо бисёр сифатҳои наҷибу накӯяш фарқ мекард. Пеш аз ҳама 1 меҳвари муҳаббат, ихлосу эҳтиром буд, ки ҳама аҳли театрро перомуни худ сарҷамъу муттаҳид карда метавонист. Ҳамаи маҳфилу чорабиниҳои дохилии театр маҳз зери роҳбарию маҳорати баланди ташкилотчигии ӯ сурат мегирифту дар сатҳи олӣ мегузаштанд. Ман ки чанд сол роҳбарии ташкилоти ҷавонони театрро ба дӯш доштам, дар баргузории ҳар 1 маҳфилу таҷлили ҷашнвораҳо дар доираи аҳли кормандони театр ҳамеша ёвараш будам. Тӯҳфа дар гардиши 3-и кӯчаи «Пионерӣ» дар ҳамсоягии Муҳаммадҷон Қосимов, А.Бурҳонов, Ҳанифа Мавлонова… зиндагӣ мекарду ҳавлии зебову озодае дошт. Писари номдораш Марат Орифов низ бо ӯ мезист. Дар рӯи ҳавлӣ чойлоби ангур доштанд, ки аз пешгоҳи хона то назди дарвоза тӯл мекашид. Боре ҳангоми баҳорон аз ҳамкорон мепурсанд, «кӣ ҳунари хомток кардан дорад, зеро чойлоби ангурҳои ҳавлии мо ҷангал шудаанд». Кадом «рӯхунуки бетутуруқ» (таъбири худаш) мегӯяд, ки ин кор аз дасти Ортиқ меояд. Баъди ҷамъомади ҳайати эҷодӣ ойтӣ ба ман муроҷиат карда гуфт, ки: «Ҳой «рӯхунук», мегӯянд зодгоҳи ту макони ангур асту ту худат дар миёни токзорҳо калон шудаӣ, чойлоби ангурҳои ҳавлии маро хомток намекунӣ?!» Ҳарчанд дар умрам хомток накарда будам, вале ин хоҳиши Тӯҳфаро рад карда натавонистам. Дар ҳамом либосҳоямро иваз ва ба кор шурӯъ кардам. Чойлоб аз пешгоҳ то назди дарвозаи даромад баландтар мешуд. Аз ин рӯ, дар қисмати миёнаи он ба нардбони баланди оҳанине ниёз афтод, ки хеле сангин буд. Ман онро, ки дупоя буд, базӯр аз ҷо ба ҷои дигар кашола мекардаму ба болояш баромада бо шавқ токҳои сабзи чойлобро канда ба поён мепартофтам. Як замон Тӯҳфа бо ҳайрату надомат фиғон бардошт, ки «Ҳой «рӯйхунук», охир ҳамаи токҳои ангурдорро кандаӣ ку?!» Мани бетаҷриба аввал чӣ гуфтанамро надониста баъд сир бой надода посух додам: -«Ойтиҷон, токатон имсол ангури зиёд бастааст, агар ҳамин хел накунем, зӯри ток барои пурра пазондани ҳосил намерасад. Барои ҳамин қисман токҳои ангурдорро кандан айни матлаб аст». Чунин ҷавоби «муттахасис»-и бедипломи соҳаи ангурпарварӣ Тӯҳфаи содадилро қонеъ кунонд, ки дигар чизе нагуфта, аз пайи кор шуд…
Бо мақому эътибор ва обрӯву нуфузе, ки дар ҷомеа, хоса, дар сатҳи мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбу давлат дошт, меҳри дилу дастгирии ӯ ба бисёр ниёзмандон расидааст. Аз ҷумла, баъди саргардониву иҷоранишиниҳои пурмашаққат ниҳоят соҳиби манзили зист гаштани Убайдулло Раҷабов маҳз бо шарофати дарёдиливу хайрхоҳиҳои Тӯҳфа амалӣ шудааст. У.Раҷабов пайваста бо Тӯҳфаойтии меҳрубону содадил шӯхиҳои хосе мекард. Маҳз дар асари ҳамин гуна шӯхиҳои Убайдулло ӯ дар намоиши «Рӯдакӣ» (нақши маликаро мебозид) ба ҷои «Ҳа, Маҷи хаттот» гуфтан «Ҳа, Хатти маҷҷоҷ!» гуфта буд. «Ҳамин рӯхунуки Убайдулло калема гиҷ карду саҳнаба ҳамин хел гуфта мондиям»-мегуфт Тӯҳфаю модарвор Убайдуллоро «коҳиш» мекард. А.Муҳаммадҷонов, Бурҳон Раҷабов, Маҳмуд Тоҳирӣ ва бисёр ҳунармандони номдори театр бо Тӯҳфаи дарёдилу шӯхтабиат ҳазлу шӯхиҳои хоси худро доштанду ӯро фарзандвор дӯст медоштанд. Фарзанди ягонаи Тӯҳфа Фозилова ҳунарманди маъруфи синамои тоҷик Марат Орифов ифтихори санъати тоҷик ва мероси пурқиммати ӯст, ки умраш зиёда бод! Рӯҳи модари бузургвораш аз ӯву ҳама ворисону пайвандонаш, аз ҳама аҳли ҳунару шогирдонаш шоду хушнуд бод!
Ортиқи Қодир,
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон