Бо ташаббуси Ҳукумати ш. Душанбе сар аз 29.04.2017 аз соати 18:30 то 20:00 дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-истироҳатӣ ва фароғатии пойтахт барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ ҷараён дошта, ин барномаҳо то 24.06. 2017 идома хоҳанд ёфт.
Ин амал доираи нақшаи барномаҳо бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ пешгирифта шуда рӯзҳои истироҳат дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт, аз ҷумла муассисаҳои давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём», «Рӯдакӣ», боғҳои «Ирам», «Нишони миллӣ», «Парчами миллӣ» ва «Дӯстии халқҳо» -и шаҳр барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардида истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра Ансамбли давлатии «Сомон», Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола», Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ, дастаҳои ҳунарии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, Иттиҳодияи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва Ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои рангини консертӣ хотири ҳаводорони санъати мусиқиро шод мегардонанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват ба амал меорад, ки барои бофароғат гузаронидани рӯзҳои истироҳатӣ ба макони баргузории барномаҳои фарҳангӣ биёянд.
СССР