ХАБАРИ ДОҒ


Рӯзи 19.01.2017 дар шаҳри Тел-Авиви кишвари Исроил қалби яке аз сарсупурдагони роҳи ҳунар, санъаткори маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Борис Наматиев дар синни 86 аз таппиш бозмонд. Борис Наматиев бештар аз 40 соли ҳаёти эҷодии хешро содиқона ва ошиқона ба саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ бахшидааст. Соли 1947 ба ҳайси мутриби оркестри созӣ ба ҳайати эҷодии театр шомил шуда, фаъолияти актёрии худро аз с.1948 бо иҷрои нақши Саидризо дар намоиши “Шаби 28”-и Ҷ.Икромӣ оғоз кард. Дар тӯли фаъолияти эҷодии худ Наматиев дар саҳнаи театри ба номи А.Лоҳутӣ бештар аз 40 нақш бозидааст: Аскар (“Оршин мол-олон”-и Ӯ.Хоҷибеков), Мулло Бурҳон (“Духтари ноком”-и Икромӣ), Толиб (“Дил-дили Зайнаб”-и Ш.Қиём ва А.Мороз), Эдгар (“Шоҳ Лир”-и У.Шекспир), Расул (“Ҳаёт ва Ишқ”-и Ф.Ансорӣ), Мулло Даврон (“Лаҳзаи Ҷовид”-и М.Бахтӣ), Рауф (“Дасти дӯст”-и М.Назаров), Низомиддин Афандӣ (“Дилҳои сӯзон”-и Ҷ.Икромӣ), Шоҳ Алоуддин (“Фарёди Ишқ”- Ғ.Абдулло), Вазир (“Синдбоди Дарёгард”-и Шулжик), Полковник (“Нахи Печида”-и М.Холов)... намунаи қаҳрамонони саҳнавии ҳунарпешаи хушзавқу соҳибистеъдод мебошанд.

6-мақоми Наматиев
Борис Наматиев дар санъати овозхонӣ, хоса, сурудани шашмақом хеле мумтоз буд. Ҳаводорони мусиқии классикӣ то ҳанӯз мақомҳои “Сарахбори ороми ҷон”, “Шаҳнози Гулёр”, “Зулфи парешон”, “Ушшоқ”, “Чапандози Гулёр”, “Чапандози ушшоқ”, “Ироқи Бухоро” дар иҷрои ӯ хуб ёд доранд. Ман бо Наматиев бори аввал тобистони с.1976 дар Бухоро ҳангоми сафари ҳунарии Театри ба номи А.Лоҳутӣ ба ин шаҳри бостонӣ шинос шуда будам. Барои мо-донишҷӯёни Донишкадаи санъат охири сафари ҳунарӣ барномаи консертии мо бо иштироки 2 ҳунарманди маъруф, Б.Наматиев ва Муслима Боқиева комилтару рангинтар гашт. Театри тобистонаи лаби ҳавзи Девонбегӣ аз тамошогарони ҳунардӯсту санъатпарвари Бухоро лабрез буд. Дар консерти охирин роҳбари аввали вилояти Бухоро ва дигар шахсони масъули шаҳру вилоят ширкат доштанд. Бори масъулияти ин консерт, ки консерти ҳукуматӣ унвон дошт, барои мани донишҷӯ ва раҳҷӯи ҳунар ҳамчун ровию барандаи барнома хеле гарон буд. Ҳаяҷони маро Борис-ака дар паси саҳна зуд пай бурда, бо суханони нарму пурмеҳри худ дилбардорӣ карда гуфт, ки: “Ҳамин ҳоло ба ту нигариста ҷавонии худам ва лаҳзаи бори аввал ба саҳна баромадан ёдам омад. Дилатро қавӣ гир, укаҷон! Вақте ки ба саҳна баромадӣ, худи ҳамин ҳаяҷон ва эҳсоси масъулият дар назди тамошобин ба ту кӯмак хоҳад кард. Парво накун, ҳамааш хуб мешавад.” М.Боқиева низ ҳамчун ҳунарманди соҳибтаҷриба суханони ҳикматбори Борис-акаро ҷонибдорӣ карда, барои оғози консерт ба ман нерӯву боварӣ ва илҳом мебахшид.

Ӯ ботинану зоҳиран зебо буд
Наматиев худ марди зебое буд, ки пайваста зебо мепӯшид ва ҳамеша озодаву тамиз буданро дӯст медошт. Дар саҳна ҳам чун дар зиндагӣ тозакориву серталабиро нисбат ба худ мароми фаъолияти хеш қарор дода буд. Дар саҳнаи театри Бухоро тамошогарон намоиши “Сухан ва шамшер” ва ҳунарнамоии ӯро бо эҳсосот ва шавқу завқи баланд пазируфтанд. Устод Ҷ.Икромӣ, ки он шабу рӯзҳо дар зодгоҳашон буданд, ба иваз шудани матни 2 қисмати намоиш вокуниш нишон доданд, вале хоҳарашон бо оби чашм иброз дошт, ки бо ин намоиш ҳасрату аламҳои мо бухороиёнро тоза кардед... Истиқболу пазироии самимии хешу таборони Борис-ака, зиёфату меҳмоннавозии хосаи онҳо аз хотироти ҷолибу неки он сафар буданд...


Ортиқи Қодир
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter