1 рӯзи истироҳатии маъмулӣ овози мусиқӣ баланд шуду зане бо овози шево сароид: «Ой, 1 даста гулум дар раҳи Файзободае». Ин оҳанг маро ба дуриҳои дури айёми кӯдакӣ бурд. Дар кӯдакӣ аз дигар бародаронам (мо 6 писарем дар оила) бештар бо модарам будам ва ҳамеша аз пасаш ин тарафу тараф мерафтам. Маълум, ки он замон (нимаи солҳои 1970) мардум аз техникаю таҷҳизоти имрӯза хеле камтар доштанд ва занҳову мардҳо дар ягон ҷое ҷамъ омада, аз рӯзгору кору борашон қиссаҳо мекарданд ва аз имрӯзҳо дида бо ҳамдигар бештар қарину наздик буданд. Ана дар ҳамон айём, 1 рӯзи гарми тобистон 1 идда занҳо зери дарахти бед нишаста, дар ҳар мавзуъ гуфтугӯ доштанд. Ҳамин вақт аз радиое, ки дар симчӯбе насб карда шуда буд, садои Нигина Рауфова баромад ва оҳанги «Ой, 1 даста гулум дар раҳи Файзободае» дар фазо танинандоз гардид. Ҳама занҳо якбора ба оҳанг дода шуданд. Ман бе таваҷҷуҳ нишаста будам ва на ба маънии суруд сарфаҳм мерафтаму на ба аломати хомӯш нишастанашон. Ҳанӯз ҳам суруд ҷараён дошт ва баногоҳ дидам, ки дар чашмоне баъзе аз занҳо қатраҳои ашк намоён шуданд. Аз модарам оҳиста пурсидам: «Оча, чаро инҳо гиря мекунанд?» Модарам ҷавоб дод: «Барои ёди Ватанашон». Пурсидам: Ватан чист? Гуфт: «Ҷои таваллудашон! Онҳоро аз Файзобод ба ин ҷо муҳоҷир кардаанд ва барои ҳамин дар ғами ватанашон гиря мекунанд». Чунин чанд саволу ҷавоб миёни ману модарам бадал шуд, вале ба маънии Ватан, муҳоҷир, пазмон шудан… аз ин ки ҳанӯз мактабхон набудам, комилан сарфаҳм намерафтам.
Нигинаи Рауф-ситорае дар замин буд
Зиндаёд аз зумраи овозхононе буд, ки махсусан дар миёни занҳои деҳот обрӯ ва муҳаббати беандоза дошт. Бисёр занҳое буданд он замон, ки ба ҷуз аз Нигина дигар овозхонҳоро қариб ки намешинохтанд. Модари раҳматии ман ҳам аз ҷумлаи онҳо буд, ки бо фахр мегуфт: «Ба ғайр аз Нигина ягонташро намешиносам». Аз ин рӯ, ӯ барҳақ овозхони ҳамаи давру замонҳо буду ҳаст ва дар таърихи мусиқии Тоҷик ҷою мақоми хосаи худро дорад.
Ағлаби оҳангҳои сароидааш маъруфият касб карда, ба масали имрӯза «шлягер» гаштаву онҳоро дар тӯю ҷашнҳо месароиданд. Махсусан оҳанги «Офтоб задай ба сараки олучаме» бештар машҳур шуда, ягон маъракаи ба хизмат гусел кардани наваскарон бе иҷрои ин оҳанг намегузашт. Модарони дар ғами писарони дар хизмат будаашон ҷигархун бо шунидани ин суруд бо садою бесадо ба гиря даромада, аз Нигина сипосгузорӣ мекарданд. Пас, гуфтан мумкин, ки садои Нигина садои модарони пурармон буд, ки дар ғами зодбумашон ва фарзандоне дар дуриҳои дур, дар сафҳои артиши собиқ СССР хизмат мекарданд, обу адо мешуданд. Дар суҳбат бо ман Мукаррама Шарифова аз сифатҳо ва заҳматҳои устодаш бароям хеле қиссаҳои ҷолибе кард ва маро боз ҳам бештар ба дунёи хаёлоти замони кӯдакӣ бурд ва тасаввур кардам, ки дар олами кӯдакӣ ба сар мебарам ва дар миёни модароне қарор дорам, ки аз садои фораму дилнишини ӯ ба ваҷд омада, беихтиёр ашки ғаму ҳасрат мерезанд.
Садои ҷовидон
Имрӯз, бо гузашти беш аз 40 сол он модароне, ки якҷо ҷамъ меомаданду аз ину он суҳбатҳои ширину хотирмон мекарданд ва бо шунидани садои Нигина бесадо мегиристанд, ҳама аз дунё гузаштаанд ва дар ман ҳамон ёдҳои даврони кӯдакиро ба ёдгор гузоштаанд. Ҳар боре, ки ба деҳа меравам, каме дар ҳамон мавзеъҳо сайругашт мекунам ва он ҳама айём пеши назар ҷилва мекунад. Вале садои ҷодуии Нигина Рауфова ба мисли Баҳору Наврӯз ва хандаи гули саҳаргоҳ ҷовидон асту ба шунаванда шавқу шӯр ва ҳаяҷони беандоза мебахшад. Чун дарёфтам, ки санаи 21 май зодрӯзаш аст, он ҳама хотирот маро ба навиштани ин сутур водор кард ва аз Худои муттаъол илтиҷо дорам, рӯҳаш орому осуда ва дунёи охираташ равшан бошад.
Ҳайбатулло Шодиев,
адиб, ш.Душанбе