Дар доираи Соли ҷавонон ва бо мақсади муаррифии ҷавонони муваффақ рӯзномаи «Ҷумҳурият» озмуни «Пайрави Пешво»-ро роҳандозӣ намуд, ки он аз 10 феврал то 10.05.2017 идома дошт. Маросими ҷамъбасти озмун рӯзи 12 май бо ширкати васеи сарварони нашрияҳои марказӣ ва қаламкашон дар толори Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» сурат гирифт. Ба қавли Қурбоналӣ Раҳмонзода-сармуҳаррири «Ҷумҳурият»: «Ҳадафи асосӣ аз баргузории озмун дар баробари муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат тарғиби саҳми онҳо дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технологияҳои навин, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон доштани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон бори дигар собит сохт, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ба ин неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа эътимоду боварии комил доранд».
Бо қарори ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон шомил буданд, 11 нафар ширкаткунандаи фаъоли озмун барои нашри матолиби ҷолиб бо «Ифтихорнома» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонда шуд.
Озмуни "Ҷумҳурият" ҷамъбаст гардид
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар