ХАБАРИ ДОҒ

Ҳадафи Тоҷик-тӯйи фарзандон?!

  • Ҷумъа, Май 19 2017


Дуои ҳар бандаи мусалмон, ба вежа, волидони мо назди Худо қадр мешавад. Бовар надоред?! Таваҷҷӯҳ кунед ба дуои падару модарони худ: «Худоҷон, ҳамин тӯйи фарзандонро бинам, дигар бимирам ҳам ормон надорам!» Ҳамин дуо солҳост мустаҷоб мегардад. Чун ин охирин ормони волидони мост, Худованд ҳам аз ин бештар чизе ба онҳо намедиҳад. Тӯй мекунему боз дар фикри таваллуди фарзандон мешавему даст бардошта ҳамун дуоеро мекунем, ки волидонамон кардаанд: «Ҳамин пушти бачаҳом тахти шаҳиву сари духтаром чодари арӯсиро бинад, дигар дар дунё ҳич ҳавас надорам!». Худо-ку дуоҳоямонро мешунаваду қабулу мустаҷоб мегардонад. Дар кишвар ҳар рӯз тӯйю суру тантана. Боз чӣ мехоҳед? Ҳамунеро, ки аз Худо барои охирин бор (!) хостаед, бароятон дод, дигар сипос гӯеду бештар талаб накунед, ки чизе фоида нест. Охир, дар дуоҳо назди Худо ваъда додед, ки "тӯйи фарзандонамро бинам, дигар ормон надорам!!!»

Залоги дуо
Боз дар дуо ШАРТ (залог) мегузоранд. Маънои ин шарт чист, медонед? Яъне бо ин дуо гуфтанием, ки "эй Худо, дигар орзуҳоямро амалӣ карда наметавонӣ, ҳаминашро 1 бало кун, кифоя"! Орзуи охиринат чӣ буд? Тӯйи фарзандон! Тӯйро тамошо кардӣ? Акнун ҷимакак шин!!! Мардумони олам аз Худо ДУНЁ талаб мекунанд ва имрӯз ба ҳама хостаҳошон расидаанд ва ҳалолашон бод! Дирӯз бо модари азизам дар сӯҳбат будам, мисли ҳама модарон ҳамингуна дуо кард. Пурсидамаш: «Оча, дар ҳавлӣ тахт сохтану базм оростану арӯсеро канорам гирифтан ва пушт ба пушти тахт гардондан магар орзуст?». Қаҳраш кард, ки гуфт, "бачам, ман намедонам ба чӣ корҳо машғуливу чӣ ният дорӣ, аммо ҳамин сол дар хона бояд тӯйи ту шавад, тамом!". Ва телефонро хомӯш кард. Бояд тӯй кард! Дигар чӣ мекунӣ?

Издивоҷ: аз Бушу Путин то Бен Ладен
Ораш дар 33-солагӣ издивоҷ кард, касе чизе нагуфт, Муин дар 39-солагӣ зан гирифт, дунё чаппа нашуд, Ҷорҷ Буш дар синни 31 оиладор шуд, касе дар ҳайрат нест, Владимир Путин дар 30-солагӣ тӯй карду дар 60 солагӣ ҷудо шуд, касе эрод нагирифт ва ингуна чеҳраҳои маъруфу комёб дар дунё зиёд аст, ки баъди 30-солагӣ оиладор шудаву имрӯз дар дунё маъруфият доранд. Бузургсолони мо низ то ҳамин оғози соҳибистиқлолӣ хеле дер оиладор мешуданд, аммо то синни 29 оиладор нашудани ман, табдил ёфта ба мавзуъи баҳси ҳамешагии дӯстон!
Бен Лодан дар 17-солагӣ аввалин бор никоҳ кард, дигар медонед, ки дар дунё чигуна "комёб" шуд? Таваҷҷӯҳ кардаед, ки насли имрӯз чаро лоақал нисфи 1 почакандаи даврони шӯравӣ на ақл дораду на фарҳангу на саводу на комёбӣ?! Зеро баъди хатми мактаб ва баъзан баъди хатми донишгоҳ аз гӯшашон гирифтаву тӯяшон мекунанд. Дар ин сурат кадом ҷавон ба комёбие ноил мегардад?! Кӯдаки дирӯза дар айёми ҷавонӣ оиладориро ҷуз секс чизе беш намедонад: оиладор мешаваду 2 сол пас, ки зиндагӣ ба сараш зад, медавад Русия, ё роҳи халосиро дар талоқ мебинад. Таваҷҷӯҳ кардаед, ки имруз бештар аз солҳои даврони шуравӣ бевазанҳои танҳои ҷавон дорем? Ин натиҷаи саросемагию духтарфурушӣ дар қолаби қалинг асту ба зиндагии мустақил омода набудани ҷавонон. Даврони мактабиям ҳамагӣ 1-2 бевазан дар деҳот буд, ки ун ҳам бо сабаби марги шавҳарҳошон танҳо буданд, аммо имруз дар ҳар деҳае дастикам 5 бевазани ҷавон ёфт мешавад, ки сабабашро болотар гуфтем.
Ҳанӯзам, нафаҳмида бошед, тӯй хӯрда гардед!!!


Шарифхони Тағоймурод,
аз ш.Маскав, махсус барои СССР


PS: Ҳоло мешунавам, ки ҳатто вазирону раисон ва пешбарандагони ғояи давлати дунявӣ, ҳамаашон духтаронро дар синни 18-19 ва писаронро максимум дар 20-солагӣ никоҳ мекунанд ва сабаб меоранд: «Ба роҳи каҷ наравад!». Ҳӯй, абармардони миллат, роҳи рост танҳо баччазоист?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter