Нахустин бор дар ҳаётам чунин масъулияти бузург, чунин масъулияти азим ва хатиро бар души худ гирифтаам, ки дар бораи Бузургиву Азамат, дар бораи Шаҳомату Абадият сухан бигӯям.
«Дини инсон сухани ӯст» - фармудааст Пайғамбарамон Мухаммад Мустафо (Саллалоҳи алайҳи вас-салам). Ҳеле меҳоҳам, он чиро ба риштаи сухан биёрам, ки ба суруде аҷибе шабоҳат дошта бошад, то ин суруд дар васфу дар тамҷиди Оллоҳи Бузургу Бахшоянда бошад, то ин суруди пок дар тавсифу ситоиши Паёмбари охируззамон Мухаммад Мустафо (дуруд бар ӯ) боша два ин Суруди ман дар таърифу дар хаққи Китоби муқаддас – Қуръони Маҷид бошад. Зери ин ниёзи ботини ман аст, зеро ин садои қалби ман аст, зеро ин эҳсосу отифаи ман ас тки мехоҳад буруз намояд ва ба ҳарфу ба калимоти мавзун табдил ёбад, болу пар барорад ва то макони малакутй парвоз кунад.
Оғозгари сухани ман, нахустҳарфи ман ва аввалқиссаи ман низ сураи нахустини Китоби осмонй Қуръони Карим аст, ки сураи Фотиҳа ном дора два чун Каломуллои Маҷид бо ин сура оғоз мешавад ин Сураро «Фотихату-л китоб» - низ хондаанд:
1. (1) Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон! 1(2) ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. 2.(3) Он башояндаю меҳрубон. 3.(4) Он фармонравои рӯзи ҷазо. 4.(5) Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷуем. 5.(6) Моро ба роҳи рост ҳидоят кун. 6.(7) роҳи касоне, ки эшонро неъмат додай. 7. на хашмгирифтагони бар онҳо ва на роҳи гумроҳонро.
Ба ин ки суханро бо ин фармудаҳои Қуръони муқаддас оғоз кардаам, набояд бо соддагй нигарист ва ин махсусан буд. Ҳарф бар сари он аст, ки маҳз сура –и мазкур «калид» -и асосии ин Китоби бузургу осмонй мебошад. Ва суханро бо ин сура оғоз карда, мехостам, ки одамон аққалан як лаҳза фикр кунанд, ба андеша раванд ва ин суоли доимии инсонй ва фалсафиро барои ҳуд бидиҳанд, ки «Ин рафтану омадани мо баҳри чист!?» ва зиндагии мо ба хотири чист!?»
Ман борҳо ва борҳо ин суолро барои худ додаам ва сари он андеша кардаам. Ва агар қабл аз ин надонистаам ба ин суол посух биёбам ва чун фарди танҳое дар биёбон ва дашти бекарони ҳаёт сарсону саргардон будам ва агар қаблан ман дар халоъе ба сар мебурдам, пас имрӯз ман бо итминону бо боварй метавонам бигӯям, ки: «Бале, ман посух ба ин суолро дарёфт кардаам!» Лутфан, мафҳуми бовариро (ким ан ба он маънии эътиқоду имонро медиҳам) бо худписандй, ки аз эътиқоду имонро медиҳам) бо худписандй, ки аз эътиқоду имон ба Парвардигор фарсахҳо дур аст, бо ҳам омезиш надиҳед. Акнун ман медонам, ки чаро ман дар ин ҷаҳонам. Акнун ҳаёт барои ман маънову мафҳуме пайдо кардааст вам ман ҳадафе дар зиндагй дорам. Ва фақат ҳоло ман воқеан хушбахтам, зеро намедонам, ки ба хотири чй, аммо дарвозаи ҷаҳони бисёр зебо ва ҷаҳони олй, ҷаҳони Эътиқоду ҷаҳони Имон ба Худованд бароям боз шудааст. Маънову мафҳум ва ҳадафу мақсади зиндагиам дӯст доштани Оллоҳи Бузурги Бахшояндаву Меҳрубон , Пайғамбар Мухаммад Мустафо (Салаллоҳи алайҳи васаллам) мебошад, ки болотару баландтару олитар аз онҳо касе ва чизе нест. Яъне ба он ҳадду ба он андозае, ки Парвардигор ба ман иҷозат бидиҳад ва ба ман имконият бидиҳад, ки ӯро дӯст бидорам ва бо ва наздик бошам.
Иқтибосе аз китобе:
«- Агар касе бихоҳад, ки руҳи мусалмонро бидонаду дарк куна два ақаллан каме исломро бифаҳмаду дарк намояд, вай бояд аз Қуръон оғоз намояд. Қуръон китоби муқаддас аст, китоби осмонист. Китоби дуъост. Ин китоб аз тарафи Оллоҳи Бахшояндаву Меҳрубон ато гардид. Пайғамбар Мухаммад (салаллоҳи алайҳи васаллам) ин навиштаи муқаддасро аз тариқи ваҳй тавассути фаришта Ҷабраил дарёфт кард ва Пйғамбар шуд.Ба ҳарфи ӯ гӯш доданд. Аз паси вай рафтанд. Зимомдорони онвақтаи Макка нигарон шуданд, ба ташвиш афтоданд, онҳо хатару таҳдиди номаълумеро дар ақоиду навчӯии Пайғамбари навин ва дар худи мубаллиғи мӯҷизаофар эҳсос мекарданд. Муҳаммад (дуруд бар ӯ) бо як теъдод меёбем.
Китоби муқаддас ба Сураҳо тақимбанди шудааст. Теъдоди онҳо 114 аст. Баъзе аз онҳо хеле хурданд, ҳамагй чанд саҳифаанд, баъзеи дигар чандин саҳифаро дар бар мегиранд. Тақрибан ҳамаи онхо бо калимоти 2Бо номи Оллохи Бахшояндаи Меҳрубон!» оғоз мешаванд.
Бахшоянда! Меҳрубон! Эҳсоси инсондӯстй бо номи Парвардигор тавъам аст, вобаста аст. («Агар бихоҳед неъматҳои Худоро шумор кунед, шумор кардан натавонед. Худо омурзандаву меҳрубон аст.») – нозил гардидааст дар Сураи 16. Қуръон таърихи дақиқи нузулро дорад – солҳои 610-632. Дар ин давра се дин ривоҷ доштанд – яҳудй (Ахди қадим), масеҳй (ҳар ду китоби Инҷил) ва бутпарастй, дине, ки арабҳо то ислом пайрави он буданд. Мо дар Қуръон номҳои ошнои зикрёфта дар Инҷил мисли Одам, Нуҳ, Иброҳим ва гайраро меёбем, мо дар он таърихи Аҳди қадим, масалан, сарнавишти Юсуфи зеборо меёбем (Сураи 12, ких амин хел номгузорй шудааст – яъне сураи Юсуф).
Ислом, ки имрӯз дар радифи масеҳият ва буддизм яке аз се дини бузурги ҷаҳонй аст, аз усули барои тамоми динҳо умумй кор мегирад – яъне имони бемаҳдуд ва итоати номаҳдуд ба Худо. Худи маънои калимаи «Ислом» «итоат» аст. (Оллох як ва ягона аст, нест Худое ба ҷуз у, Он меҳрубон аст, хирадманд аст, муктадир аст. Ҷаҳон офаридаи уст (Худо онест, ки осмонро офарид ва заминро офарид…Сухани вай –Ҳақиқат аст). Тамоми иқтибосҳо аз Қуръон аз тарҷумаи Академик И.Ю.Крачковский.
Ҳазрати Мухаммад (салаллоҳи алайҳи вассалам) бо тарафдорони худ ба Мадина ҳиҷрат кард. Ин азимати Пайғамбар сароғози тақвими мусулмонй (соли 622) гардид. Муҳаммад (Салаллоҳи алайҳи вассалам) соли 632 фавтид, аммо коре ки у оғозгараш буд, бо як музаффарият идома ёфт ва имруз ислом ба яке аз динҳои муқтадири ҷаҳонй табдил ёфтааст ва ба Қуръон тақрибан се яки инсоният эҳтиром мегузоранд.
Мо мусалмонон дар он на танҳо ҳидояту насиҳатро дар бораи ин ки рафтору гуфтори мо чй гуна бошад, ба чй арҷ гузорем ва чиро рад кунем, дарёфт мекунем, балки дар он дуъоҳоеро, ки асрори илоҳи ва ҳадди камоли тамоми сифоти Оллоху бузургу Бахшояндаву Меҳрубонро тавсиф менамоянд, оварда шудаанд. Баргардони Қуръони ӯ аз забони русй яке аз беҳтарин тарҷумахост). (А.Д. Артамонов, «Сорок веков мировой литературы»).
Аксар вақт аз одамоне, ки нахустин бор Қуръони Бузургро боз менамоянд, мешунавам, ки гӯё дар он мантиқи чиддй вучуд надорад (Худо нигаҳ дорад!), гӯё дар он на хама чиз возех аст ва на хама чиз фаҳмо аст. Фикр гуе гоҳе пушида, афкор пароканда ва эҳсос пароканда аст. Худоё маъзурамон бидор! Чй тавр мо гоҳҳо худписанд мешавем, мағрурем ва мутаккабирем. Ба мо чунин менамояд, ким о метавонем боаклтару хирадмантар аз Оне бошем, ки осмонро офарид ва заминро офарид ва ҳакикатро. Ба мо чунин менамояд. Ки хама чиз ба ин соддагй аст, осон аст ва ҳакикат сатҳиву сарсарй аст ва набояд барои чустуҷуи он заҳмати бо арақи чабин кашид. Ба мо чунин менамояд, ки агар барои фаҳмиши чизе хираду дониши кофй надорем. Пас он гӯё бемаъност ва дар он мантиқе вуҷуд надорад. Бале, дар он мантиқе, ки одамон мехонанд чунин мантикро бубинанд, нест ва вучуд хам дошта наметавонад. Дар он мантике чо дорад, дар он маъное мавчуд аст, ки Он мехоҳад ба мо бирасонад, Оне, ки Бузургиву Шаҳоматаш бешак аст, Хирадаш бемаҳдуд аст, Меҳрубонй ва Омурзишаш беандоза аст. Ва Он бо таҳаммули бузург ва бо муҳаббат мунтазир аст, ки кай одамон ҳақиқатро чустуҷу мекунанд, дарк менамоянд онро дуст медоранд ва аз уқёнуси дуруғу беимонй ин дурдонаҳоро интихоб менамоянд ва чамъоварй мекунанд.
Қуръон чандхудоии ширку бутпарастонаро рад мекунад («Ман аз руи ихлос рӯй ба суи касе овардам, ки осмонҳову заминҳоро офаридааст вам ан мушрикон нестам.» (сураи 6). Мухаммад (Салаллохи алаҳи васаллам) Қуръонро мустақиман аз Оллоҳи Бузургу Бахшояндаву Меҳрубон тавассути фаришта Чабраил дастрас кард. Бинобарин, ин Китоб мукаддас аст ва осмонй аст-ҳар як сатри он, ҳар як ҳарфи он муқаддас аст. (ҳисоб шудааст, ки куръон аз 114 Сура, 2236 оят. 77934 калима ва 323621 харфи иборат аст).
Мо дар Қуръон таърихи обистании ғайриахлоқонаи Майрамро пайдо мекунем. Таърихи Инчили Исо бо оятҳои мухтасари Қуръон тасвир шудааст. Исои Масех Пайғамбар буд. Мисли Инчил Қуръон низ шарти ҳатмии ҳақиқати мазҳабиро – Имон мешуморад. Исои Масеҳ гуфтааст: «Имон овар ва наҷот хоҳй ёфт!», айни ҳамин ақидаро КИТОБИ БУЗУРГ ҚУРЪОН ТАБЛИҒ МЕКУНАД.Дар Қуръон Худо «таваллуд нашудаст ва таваллуд накардааст». Ислом мафҳуми «троица» - («воҳиди салоса») – ро низ қабул накард, ки дар таърихи масеҳият баҳси зиёдеро ба вуҷуд овардааст. (А.Д.Артамонов, «Сорок веков мировой литературы»).
Баҳсу ихтилофи зиёде дар мавриди ин кии слом чандзаниро иҷозат додааст, ҷо дорад. Аз масоили дини мазҳаб дур будам ва чизеро дар бораи ислом надониста барои ман низ нофаҳмову номафҳум буд ин матлаб. Яъне чй хел мешавад? Дин, имон, Худо, покизагиву иффат ва дар айни замон чандзанй. Чаро?
Аммо вақте шахсияти мустақил шудам ва бои слом беҳтару чуқуртар дар тамос шудам ва ошной пайдо кардам, ба бисёр суолоти худ посух дарёфт кардам ва ба ин суол низ.
Оллоҳ ҳеле Бахшандаву Меҳрубон аст. Ва бод арки ин ҳақиқат, ки барои одамон ҳеле мушки ласт, ки эҳсосоту отифаи худро нигоҳ доранд ва ин ҳақиқат низ аксар вақт ҷой дорад, ки марде ба ду ё бештар духтарон ё занон тамоюл, ҳавас мекунад. Медонед, ман ҳеле дӯст намедорам, ки мардони мусалмонро ба хотири ин к иду ё се ҳамсар доранд, таънаву маломат кунанд. Инро одамони ноогоҳ мекунанд. Як қоидаи муайану ҷиддие вуҷуд дорад, к ибо риояи онҳо марди мусалмон метавонад ду ё бештар ҳамсар дошта бошад.
Аввалан, мард бояд ба қадри кофй аз нигоҳи моддй доро бошад, то занони худ, фарзандони худро таъмин намояд ва ба онҳо маълумот бидиҳад. Вале муҳимтарин аз ҳама ин аст, ки мард бояд бо ҳар як аз занони хеш комилан одилона ва боинсофона рафтор намояд. Ва қадру манзалати зане, ки ба шавҳари худ иҷозат медиҳад, ки зани дуввум ё севвум гирад, савобаш дар пеши назди Худо чандин баробар зиёд мешавад.
Албатта, набояд ин ҳақиқати талхро инкор кард, ки дар ҷаҳони муосир ба ин кор то ҳадде сабуксарона рафтор мекунанд. Мардон ба ду ё се зан хонадор мешаванд, онҳо ва фарзандони худро аз нигоҳи моддй таъмин карда метавонад, аз лиҳози маънавию рӯҳй дастгири намекунанд ва дар натиҷа оилаи вайрон ва теъододи зиёди кӯдакони бе падар. Ва албатта, чунин одамро ҳеҷ гоҳ набояд сафед кард. Охир, агар шахс уҳдадориву вазифаи худро дар баробари зан, ё занону фарзандонаш иҷро намекунад, мушки ласт ӯро мусалмон номид. Зеро ҳар як хонадоршавй расмият дора два аз рӯи никоҳ анҷом мегирад, - яъне ба ин никоҳ аз боло ризоият дода мешавад, пас муносибати сабуксарона бо он аз тарафи Худо муҷозот мешавад.
«Бадтарини корҳои иҷозатдодашуда талоқ мебошад» - ин сухани Пайғамбар Мухаммад (Салаллоҳи алайҳи вассалам) аст. Дар он замонҳои дур ба мардон доштани чанд зан иҷозат буд, зеро даврони ҷанг буд. Бисёр мардон дар ҷанг ҳалоқ мешуданд. Занони бевамонда наметавонистанд хоҷагидорй кунанд, мушкил буд барои онҳо. Аз ин хотир, агар мард метавонист зани дигарро хуронад ба вай иҷозати никоҳи дигарро медоданд ва ин ҳеле маъқул дониста мешуд.
Ман бисёр хонаводаҳои ғайримусалмонро медонам, ки чандзаниро намеписанданд. Аммо дар айни замон марди ин оила, ки фақат як зан дорад, бидуни огоҳии ҳамсараш дар канор, на танҳо се ё чор маъшуқа дорад, балки теъододи онҳо ҳатто ба 10 ё бештар аз он мерасад. Аммо марди мусалмон дар тамоми ҳаёти худ хаққи доштани бештар аз 4 занро надорад ва агар чунин кор сурат бигирад ҳам, ҳамсараш ақаллан аз ин хабар дора два хонадоршавй ҳатман бо никоҳ анҷом мегирад. Агар хуб андеша кунем, мефаҳмем ва дарк мекунем, ки ин ҳақиқат аст ва кори хирадмандона аст. Агар ошкоро бигӯям, барои ман низ қабули ин ҳақиқат ба осонй муяссар намешавад, зеро ман дар муҳиту дар ойини дигар тарбия шудаам. Аммо ба ҳар ҳол агар, дар ҳаёти ман чунин вазъият рӯй диҳад, умедворам, ки ақлу сабуриву таҳаммули ман кофй хоҳад буд, ки ин воқеъияту ин ҳақиқатро бипазирам.
Чаро одамон Қуръонро ҳар ҳел шарҳу тафсир мекунанд? Дар ин амр низ Хиради бузург ва Шаҳомати ин Китоби Муқаддас, Осмонй, Ҳақиқй ва Зиндагибахш ниҳон аст.ҳар теъдод одам ҳаст, ба ҳамон миқдор фикру андеша вуҷуд дорад. Ҳар инсон талош мекунад бо роҳи худ ба сӯи ҳудо биравад.
Бисёриҳо мегӯянд,ки Қуръон бештар ба қалби инсон равона шудааст, то ба тафаккури ӯ. Ва гӯё сухани мубаллиғ хеле хира аст. Ин ки мегӯянд Қуръони Бузург ба дили инсон нигаронида шудааст, ман бо андеша комилан розиям. Аммо чун мегӯянд, ки ифода норавшан аст, ба ин розй буда наметавонам. Ифода барои онҳое норавшану хира аст, ки дар қалби онҳо шаккк вуҷуд дорад, дар дили онҳо имону ишқ ба ислом кам аст. Ва онгоҳ мисли кару гунганд.
Вале агар шумо ин Китоби Ҳайратангез ва Муқаддасро бо ишқу муҳаббати комил ба ислом боз намоед, ҳама чиз дар ҷои худ қарор мегирад. Шумо ҳама чизи барои худ лозимиро мебинед, мешунавед, ва дарк мекунед.
Ман аз бисёр одамон, ки гоҳҳо дар роҳи зиндагиам бом ан дучор шудаанд ва дучор мешаванд дар ҳайрату дар тааҷҷубам, ки кӯшиш мекарданд ва кӯшиш мекунанд, ки ба ман бифаҳмонанд, ки Имон чист ва Ислом чист? Маро ин чиз мутааҷҷиб сохт, ки онҳо ин қадар ба хурдагирй дода мешаванд ва ба ҳар гуна расму ойин таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва дар пасманзари ин гирудор чизи муҳимтарину асосй – Муҳаббату Қалбро намебинанд.
Ва барои ман низ фурсати он расид, то дарк намудам, ким ан ҳам роҳи худро ба сӯи ӣмон дорам. Кӯшиш ва талош мекунам ОллоХи Бузургу Бахшояндаву Меҳрубон, Пайғамбар Муҳаммад (Салаллоҳи алайҳи васаллам) –ро бо қалби худ, бо ишқу муҳаббати худ биёбам. Ишқ ҳидоятгари ман аст ва ин, бовар кунед, ки Неруи бузург аст. Ёд дорам ба ман масалеро қисса карда буданд. Намедонам чаро, вале он дар қалби ман асари амиқ барҷой монд.
Маҷнун дар биёбон сарсону саргардон буд. У ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро намедид. Қалби вай саршор аз муҳаббат ба Лайли буд. Ҳаставу монда роҳ мегашт, аммо хушбахт аз ишқи худ буд ва ончунон ба ин ишқ дода шуда буд, ки ҳатто дар сари роҳи худ солманди мӯҳтарамеро пайхас накард, ки машғули намозгузорй буд. Дар ислом қоидаи инкорнопазир аст, ки чун мусалмон машғули адои намоз бошад, набояд касе аз пеши ӯ бигзарад ва ё ба ҷойнамоз пой бигузорад. Ва аммо Маҷнун бехудона аз ишқи худ ба Лайлй, солманди намозгузорро надид ва мехост аз пешорӯи вай бигзарад. Солманд чун ин густохии бесобиқаро аз ҷониби ҷавони беназокат мушоҳида кард, ба ғазаб ома два айни намозгузорий фарёд зад: «Ай ҷавони густоҳ, ту чй гуна ҷуръат кардй ҳангоми намозгузорй аз пеши ман бигзарй ва намози маро қазо намой!?» ҷавон рӯ ба мӯйсафед карду посух дод: «Не, ту намоз намехондй. Не, ту Худоро дӯст намедорй. Ин ман ҳастам, ки истидъо мекардам. Ин ман ҳастам, ки дӯст медорам, Ман ончунон дӯст медорам, ки ҳеҷ чизро дар гирду атрофи худ намебинам, Аммо ту бедиққатона намоз мегузорй. Ҳангоми намоз ту бояд чунон зикру дуъо намой, ончунон ишқ ба Худо дошта бошй ва мафтуну шайдои вай бошй, ки ҳеҷ кас ва хеҷ чизро бояд мушоҳида накунй. Аммо ту маро дидй, намозро қатъ кардй, пас он ишқу муҳаббат ба Худо, ки моро шайдо мекунаду месӯзонад ва дигар чизҳоро беаҳамияту ҷузй мекунад, дар қалби ту вуҷуд надорад».
Воқеан, масали омӯзандаву ибраташ аст. Дар ҳақиқат ҳатмй нест муйсафед будан, то хирадманд бошй.
Ишқ – Эҳсоси бузург аст. Ва ишқ ба Оллоҳи Бузургу Бахшояндаву Меҳрубон ва Пайғамбар Муҳаммад (Салаллоҳи алайҳи вассалам) инсонро воқеан хушбахт месозад. Худоро дӯст доред! Ончунон дӯст дошта бошед, ки он ба калиди тиллоие табдил ёбад, ки дарвозаи ботинй – Дарвоза ба сӯи Биҳиштро ба рӯи ум обоз намояд.
Қисми II
Умуман, ба назари ман қалб аз он худро мусалмон ном барем, ки моҳиятан маънои инсони мӯтеъ ба Худоро дорад – бояд агар на ҳама суннатҳо, ақаллан ба қадри имкон як қисми аҳкоми Оллоҳи Бузургу Бахшояндаву Меҳрубон ва Пайғамбар Муҳаммад (Салаллоҳи алайҳи васалламро) иҷро намоем. Таассуфовар аст, ки баъзе одамон ду ё се китоби мазҳабиро хонда худро мусалмон мехонанд.
Дар ҷаҳони муосир як тамоюли нораво ба вуҷуд омадааст, ки исломро бо терроризм яксон медонанд. Кӯшиш мекунам, бифаҳмем, ки терроризм чй гуна аъмол аст ва оё он бои слом ягон навъ иртиботе дорад. Пайдоиши мафҳуми англисии terrorism аз калимае terror – даҳшат, тарс, террор аст.
Дин бисёр аст, вале Худо яқинан Яктост. Ва ҳар шахси воқеан мӯтақид ин ҳақиқати мутлақро мепазирад. Охир, одамони ҳақиқатан имондор ба сурати комил дарк мекунанд ва мефаҳманд, ки асоси ҳар гуна эътиқод ва дин чунин мафҳумҳои умумибашарй мисли меҳрубонй, хайрхоҳй, бахшояндагй, Хамдигарфаҳмй ва ҳамдигарбахшй ҳастанд. Ва ба ин хотир, одамон воқеан эътиқодманд ҳеҷ гоҳ ба якдигар хусумату адоват намекунанд.
Пас аз куҷост ин қадар шарру кина, руҳи таҷовузгарона ва ҳамдигарнофаҳми миёни одамон!?»
Албатта, сабаби асосй ба назари ман, аввалан дар набудани комили чунин мафҳум мисли эътиқод ба Худо аст; сониян, дар вазъияти ихтилофнок одамон бештар ба шеваҳои зӯрй даст мезанад, то ба муколимаи сулҳомез, онҳо чунин мешуморанд, ки ин шева муссиртару осонтар аст; севвум, чунин мафҳуме вуҷуд дорад, мисли «таассуб». Таассуб (ба маънои манфии он) на танҳо ба ислом, балки ба дигар динҳо низ хос аст. Илова бар ин, на танҳо ашхоси эътиқодманд, балки ашхоси беэтиқодро низ метавон мутаассиб ҳисоб кард.
Бадин тартиб, бо баъзе манбаю омилҳои шарру бадй ва таҷовузкорй ошно шудем. Ҳоло наздиктар ба ислом андеша меронем. Одамон баъзан фарқи байни ду мафҳуми комилан мухталиф терроризм ва ҷиҳодро дарк намекунанд. Ҷиҳод чист Ҷиход – ин мубориза барои эътиқод аст. Вақте ки таҳдиди воқеъй ва хатар ба ҷони мусалмон ё уммати мусалмон вуҷуд дорад; вақте талош мекунанд бо шеваҳои зӯрй пайравй аз дини исломро манъ кунанд, вақте талош мекунанд мусалмонро аз манзил, аз масҷид, ки онҷо намоз мегузорад, берун ронанд – он гоҳ мутобиқи раъйгирии умумй ба ин андешаи ягона меоянд, ки агар илоҷи дигар набошад – ҷиҳодро эълон мекунанд. Ва шахсе, ки масъули қабул ва эълони ҷиход аст, кӯшиш мекунад ба чунин қарор хеле ҷиддй муносибат намояд. Ҷунки дар сурати иштибоҳ ва ҳалокати одамони бегуноҳ, ӯ на танҳо аз тарафи одамон лаънату нафрин мешавад, балки аз ҷониби Худо муҷозот мешавад.
Хеле мушки ласт расидан ба ҳақикат. Қаблан ман бо соддалавҳй чунин мешуморидам, ки агар касе худро мусалмон хонад. У мусалмони воқеъй аст. Баъдан, аз роҳи ҷустуҷӯ ба ҳақиқат расидам. Ҳатто дар ислом низ одамоне ҳастанд, ки хеле дуранд аз он, аз рӯи ноогоҳиву бедонишии худ мутаассиб ҳастанд, мехоҳанд исломро бо хосту манфиати худ истифода баран два исломро фақат чун пӯшише барои худ менамоянд. Ва даҳшатовар аз ҳама ин аст, ки онҳо Оллоҳи Бузургу Бахшояндаву Меҳрубон ва Пайғамбар Муҳаммад (Салаллоҳи алайҳи васаллам) –ро эътироф мекунанд. Онҳо намоз мегузоранд, Қуръон мехонанд ва зоҳиран ҳеле эътиқодманд ба назар мерасанд. Таассуфи бузург аст, ки чунин одамон дурӯя ҳастанд, аммо онҳо ба ислом мегароянд ва зарари ҳеле зиёдро мерасонанд, зеро номи мусалмонро доғдор месозанд. Ман вақте бо чунин афрод дучор мешавам, ба даҳшат меафтам, чунки бар зидди онҳо мушки ласт кореро анҷом до два худро аз хатари чунин одамон эмин дошт, онҳо разилона зери номи Худо пинҳон мешаванд ва хар бор ин маро бесилоҳ месозад ва оҷизу нотавон мекунад. Аммо дар гумон аст, ки ин ба онҳо кумак намояд, чарок и аз ҳафт табақаи Ҷаханнам яке ба «дурӯягон» таллуқ дорад.
Ва боз. Ман ба як табақаи «муллоҳо» низ на чандон мусбат муносибат мекунам. «Мулло» - шахсест, ки дар зиндагиаш худро ба Худо бахшидааст, яъне рӯҳонй аст. Аммо баъзе аз онҳо исломро истифода мебаранд ва кушиш мекунанд аз он баҳра бардоранд. Сухан на дар бораи он меравад. Ки мулло худ ва хонаводаи худро бихӯронад. Мутаассифона, ман медонам, ки масалан пуле. Ки дар масҷидҳо барои ятимону фақирон ҷамъоварй мешавад, баъзеҳо барои мақсадҳои шахсии худ истифода мебаранд.
Бисёре аз онҳо фаромӯш мекунанд, ки Пайғамбар Муҳаммад (Салаллохи алайҳи васаллам) ба мо васият кардааст, ки на танҳо масоили мазҳабиву илоҳиёт. Балки улуми дахриро низ биёмӯзем. Яъне илова бар тавоноии қироати Қуръон ва дигар китобҳои динй мо бояд ҳамаи он чиро, ки ба илму дониш вобаста аст ва фоиданок асту одамонро аз торикиву ҷаҳл ба сӯи донишу равшанй мебарад, омузем.
Боре як шахси дорои маълумоти олй, физикдон маро ба тааҷуб овард. Вай шахси хеле эътиқотманд ва бо таассуб нисбат ба ислом аст. Шогирдони вай ба муносибати «Рӯзи кайҳоннавард» рӯзномаеро омода ва расмкашй мекарданд. Онҳо сурати кайҳон ва заминро мекашиданд. Сурати онхо ба ман хеле писанд ома два ман аз яке аз шогирдон хохиш кардам, ки кайхоннавардро дар назди киштии кайҳонй бикашад. Вай рад кард. Ин маро ба тааҷуб овард ва сабабро пурсидам. Вай ҷавоб дод, ки муаллим инро барои вай манъ кардааст, зеро дар ислом тасвир кардани инсон, кашидани сурати инсон манъ аст.
Каме соддалавҳона аст, вале нигаронкунандаву ташвишовар аст. Рӯҳониёни мутаассиб Ҷордано Бруноро дар оташ сузонданд, ки мегуфт6 Замин курай аст ва он чарх мезанад. Чй гуна посухе бидиҳем ба он муллои боэҳтиром ва ба он физикдони гиромй. Шояд бо ин суханони Ҷордано Бруно, ки дар алангаи оташ ва дар дами марг ба забон оварда буд:
-«Ба ҳар хол вай чарх мезанад!».
Медонед, ҳангоме, ки мман ба навиштан ва ифода кардани фикри худ дар бораи исломи ҳакикй сар кардам, қабл аз хама дар бораи як чиз фикр мекардам: «Он эҳсоси гармиву ишқе, ки дар қалби ман вучуд дорад, ба одамон бирасонам. Намехохам ба касе чизеро исбот намоям. Ва намехоҳам ба касе чизеро таҳмил намоям, чизеро ба гардани касе бор намоям. Зеро Ишқ ва Имон – инҳо чунин мафҳумҳои мукаддас ҳастанд, ки дар замири шахс ё ҳастанд ва ё нестанд».
Ва боз як таърихи омӯзандаву ибратбахш.
Писарбачаи шӯхе шарт бастааст, ки метавонад Хирадманди боэҳтирому гиромиқадрро (бо фиреб0 бозй доронад, гул занад. Вай парвона – шабпараеро меқапад ва дар кафи дасташ пинҳон мекунад. Назди Хирадманд меояд ва мепурсад6 2-Чизе ки дар кафи дастам аст, зинда аст ё мурда?». Писарбача боварй дошт, ки дар ҳар сурат солмандро гӯл мезанад. Яъне агар мӯйсафед посух бидиҳад, ки «Бале. Зинда», вай шабпараро дар кафи дасташ зер мекунад ва он мемирад. Агар ҷавоб «Не, мурда аст» бошад, ӯ парвонаро сар медиҳад ва он парвоз мекунад. Ва ҳамин тавр вай шартро мебарад ва исбот мекунад, ки ин Хирадманд чандон хирадманд ҳам набудааст.
Хирадманд хеле андеша карда, табассуме мекунад ва посух медиҳад: 2Ҳар тавре ки бихохй…»
Писарбача гаранг мешавад. Вай ҳар гуна ҷавобро интизор буд ва ҳатто гумон надошт, ки варианти севуми посух низ аст. Ва ин варианти севвум ҳамон сифати мӯъҷизаофарин аст, ки фақат ба шумораи ками одамон хос аст – яъне Хиради Бузург. Он мусаллам ва қатъй аст ва исботро талаб намекунад. Зеро ҳақиқат ба исбот ниёз надорад. Оллохи Бузургу Бахшояндаву Меҳрубон, Пайғамбар Мухаммад (Салаллохи алайҳи васаллам) инҳо Бузургтарин ҳақиқати ҳакиқатанд. Ин хамон рӯшаноие ҳаст, ким о мусалмонон аз торикиву беэътикодй ба сӯи он майл мекунем. Ва хеле мехостам инҷо аз Қуръони Боазамат дар тарҷумаи Иман Валерия Порохова иктибос биёрам: «Агар ба Шумо Худо мадад расонад, ҳеч кас бар шумо дастболо намешавад, вале агар Вай Шуморо тарк кунад, кй метавонад мададгоратон бошад?!»
Бояд идеал ва усули худамонро дифоъ кардан битавонем. Мо бояд бо тақаддус ба Шаҳомату ба Бузургй итминон дошта бошем ва бояд аз тамоюлоти паст болотар бошем ва факат дар ин сурат сазовори номи Бузург- Инсон буда метавонем. Ва барои расидан ба ин ҳадаф бояд такомулро дӯст дошт ва ба он майлу кӯшиш кард. (Омин).
Мехостам чанд Сураро аз Қуръони Бузург ва чанд Ҳадисро аз Пайғамбар мухаммад (Салаллохи алайҳи васаллам) иктибос биёрам.
Бихонед ва андеша ронед сари онхо ва барои худ ҷахони то кунун бароятон ношинохта – ҷахони хушбахтии хақикиро кашф намоед…
Сураи 35. Ал-Малоика (Фариштагон)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
14(13) Аз шаб мекоҳаду ба рӯз меафзояд ва аз руз мекоҳду ба шаб меафзояд ва офтобу маҳтобро ром кард.
Ҳар як то замони муайан дар харакатанд. Ин аст Худо – Парвардигори шумо. Фармонравой аз они Ӯст.
Чизҳоеро, ки ба ҷуз у ба худой мехонед, молики пусти миёни ҳастаи хурмое ҳам нестанд.
15(14) Ва агар онхоро бихонед, садоятонро намешунаванд ва агар бишунаванд, посухатон нагуянд.
Ва дар рузи киёмат ширк оварданатонро инкор кунанд ва кас ҳаммонанди Худои огох хабардоратон насозад!
Эй мардум. Ҳамаи шумо ба Худо ниёзмандед. Ӯст бениёзу сутуданй.
Сураи 107. Моъун.
Ба номи Худои бахшояндаи мехрубон!
1(1) Оё онро ки рӯзи қазоро дуруг мешуморад, дидй?
2(2) Ӯ ҳамон касе аст, ки ятимро ба хорй меронад
3(3) ва мардумро ба таом додан ба бенаво вонамедорад
4(4) пас вой бар он намозгузороне, ки
5(5) дар намози худ саҳлангоранд
6(6) онон, ки риё мекунанд
7(7) ва аз додани моъун дареғ меварзанд.
Сураи 110. Наср (Ёрй)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон
1(1) Чун ёрии Худову пирӯзй фароз ояд
2(2) ва мардумро бинй фавҷ-фавҷ ба дини Худо дармеоянд
3(3) пас ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гуй ва аз Ӯ омурзиш бихох, ки Ӯ тавбапазир аст.
Сураи 35. Ал-Малоика (Фариштагон)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
11(10) Ҳар кй хоҳонни иззат аст, бидонад, ки иззат ҳамагй азони Худост. Сухани хушу пок ба суи боло меравад ва кирдори нек асне кастнро боло мебарад. Ва барои онон. Ки аз рӯи макр ба табахкорй мепардозанд, азобе аст сахт ва макрашон низ аз миён биравад.
-//-
Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон!
ҲАДИСҲОИ ХАЗРАТИ ПАЙҒАМБАР МУҲАММАД (САЛАЛЛОхИ АЛАЙҲИ ВАСАЛЛАМ)
Ба модари хеш эҳтиром бигузор. Хурматашро ба ҷо овар, эҳтиромаш кун ва онгоҳ падарро ва дигар наздиконро.
Аз Худо битарс ва аз дигарон бимнок мабош!
Кори хурд. Ки бо махорату доной анҷом бигирад, боахамияттар аз кори зиёд аст, к ибо нодонй анҷом бигирад.
Садақа сабаби кам шудани дорой намегардад.
Хирад бар шарофат бияфзояд.
Иҷрои ваъда аз имон бармеояд.
Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷуй.
Додани садақа ба сарватмандон ва ба онхое, кик ор карда метавонанд, раво нест.
Шахси боэътиқод набояд худро паст занад.
Ҳаё аз имон аст.
Бедор бошед! Инак, ки забонҳо озоду баданхо солим ва узвхо дар ихтиёру ҷойгох васеъ ва маҷол бисёр аст ва марг натарсида, амал кунед.
Шароб сари ҷамъи гуноҳон аст.
Бихишт зери қадами модарон аст.
Бадтарин танҳой худситой аст.
Беҳтарини садақаҳо садақаи забон аст.
Имоне беҳтар аз ҳаё ва сабурй нест.
Худо накунад, ки шахсе дучори мушкилот шуда, марги худро бихохад.
Шавхар ҳаққи бештар ба зан дора два хаққи бештар ба мард аз модар аст.
Бо одамон аз рӯи акли онҳо сухан бигуй.
Ҳар дине ахлоки хосе дора два ахлоқи махсуси ин дин (ислом) ҳаёст.
ХУЛОСА – НАТИҶАГИРЙ
Хушбахтии ҳакиқй дар Ҳақикати мутлак аст. Дусташ доред онро ва бо тамоми калби худ ба он гӯш бидиҳед. Ва боз сухане аз Қуръони Азимушшаън:
«Худост, ки заминро қароргохи шумо сохт ва осмонро чун биное бияфрошт. Ва шуморо сурат бахшид ва суратҳоятонро некӯ сохт. Ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиятон дод. Ин аст Худои якто – Парвардигори шумо. Бартару Бузургвор аст Худо – он Парвардигори ҷаҳониён!»