ХАБАРИ ДОҒ


16 июн аз марги бармаҳали устоди сухан, шоири нодир, журналисти тавоно, марди маҳфилоро, гули сари сабади ҳар нишасту маҳофили бадеӣ-Шарифи Мисайзод расо 1 сол пур мешавад... Умр равон асту равон. Кӣ мегуфт, ин сол бе шарофати Шариф паси сар мегардад?

Газетаи мардумӣ таҳти шиори ҳамешагии хеш-«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!» дар ин 365 рӯз муаллифи доимии худро фаромӯш накард: Санги марқад ва Лавҳаи хотираашро дар мактабаш гузошт ва капсулаи бинои китобхонаи ба номи Ш.Мисайзодро низ мондем, ки 3 моҳ баъд ба кор медарояд.
Шариф ҷавонмарде буд, ки ҳузураш бе табассум набуду ҳатто ҷанозаашро дар лаб хандаи гиряолуд хондем. Имрӯз чанд лутфи Мисайзод, ҳамчун нишоне аз он Марди Латифтабъ пешкашатон мегардад. Мо Метавонем!

«ҲАМХОНА»-ҲО
Айёми донишҷӯӣ ҳамсабақони Шариф-Сайёф, Рустам, Хуршед ва Бахтиёр, ки дар хобгоҳи донишҷӯӣ дар 1 хона мезистанд аз дарси тарбиявӣ, ки ҳар ҳафта 1 маротиба роҳбари гурӯҳ-устод Давлатхӯҷа Хоҷаев мегузаронданд, дер мемонанд. Устод онҳоро назди тахтаи синф рост монда сабаб мепурсад. Ба ҷои ҳама Сайёф ҷавоб мегӯяд:
-Мо ҳама «ҳамхонаем»... Ҳамагӣ ин саҳар мардакворӣ дар хоби «ғафлат» мондем.
Ҳамин замон дари синф оҳиста кушода шуда, ҳамсабақи дигари онҳо Шаҳло Эшонова (ҳоло корманди Ҷавонони Тоҷикистон) медарояд.
-Ин кӣ боз...?,-мепурсад устод Хоҷаев.
...Чун ҳама хомӯшӣ ихтиёр карда буданд, Шариф оҳиста садо мекунад:
-Ин низ «ҳамхона»-и ҳамин «ғафлатзадаҳо», устод...
               
ГУРДАСАНГ
Ҳамкори бадахшии Шариф дар радиои «Садои Душанбе» Хуршед Бариев ташхиси «рентген»-и гурдаашро ба ӯ нишон дода, бо ҳасрат мегӯяд:
-Устод, бубин гурдаҳо пури санг, чӣ кор кунам, намедонам....
Шариф ӯро дилбардорӣ мекунад:
-Ғам махӯр дӯстам, помирие, ки бо худ санг надошта бошад, ӯ помирӣ нест...

«ДАДАМ» МЕОЯД...
Чанд сол қабл Шариф ба вилояти Суғд сафари хизматӣ дошт. 1 бегоҳ хамсабақаш Дилбар Самадова ӯро ба яке тарабхонаҳои Хуҷанд барои хӯрдани хӯроки шом даъват мекунад. Нав ба хӯрокхӯрӣ сар карда буданд, ки телефони ҳамроҳии Дилбар занг мезанад. Дилбар гӯширо бардошта ҷавоб медиҳад ва бо табассум ба Шариф мегӯяд:
-Шавҳарам кам-кам «рашк» ҳам мекунад, мепурсад, ки дар куҷоӣ, бо кӣ ҳастӣ...
Баъди лаҳзае ҷавонмарде дари «кабинаи» тарабхонаро ба шаст кушода медарояду 1 ба Дилбар ва сипас ба Шариф нигариста мепурсад:
-Канӣ ҳамкурсат?
То Дилбар посух мегӯяд, ки Шариф аз ҷо боло шуда, бадоҳатан мегӯяд:
-Биёед, шинед ако, ҳозир «дадам» меояд...

ДАРВОЗАИ «ХУДКУШО»
Сайёфу Шариф ба ш.Кӯлоб сафар карда, дар гармии рӯз пушти дарвозаи бародари Сайёф, эшони Аслиддин қарор мегиранд. Баробари аз дарвоза берун шудани эшон телефони ҳамроҳаш занг мезанад. Аз он ҷониб нафаре мегӯяд:
-Устод, дарвозаро кушоед, баъди чанд лаҳза 1 телешка ҳезум мерасад.
Эшон бо табъи болида, изҳори сипос намуда мегӯяд:
-Телешкаи ҳезум биёяд, дарвозаи мо худ ба худ кушода мешавад...
Инро шунида Шариф бадоҳатан мегӯяд:
-Бобои эшон, меҳмонони раҳдури гурусна, обед биёянд-чӣ?...
               
ҒИЗОИ ТАБОБАТӢ
Устоди ҳунар Саидумрон Аҳмадзода аз ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ ба Шариф, ки бистарӣ буд, занг зада, баъди аҳволпурсӣ чунин «мужда» мерасонад.
-Имсол дар тарафҳои мо мавсим баробар омад. Ҳосили картошка нағз шуд. Мавсими шикор ҳам хуб оғоз шудааст, агар шикор барор гирад, 1 «линг»-и оҳу насиби худат гуфтан гир... Бисёр ғизои парҳезӣ-табобатӣ аст.
Шариф бо изҳори сипос «нимшухиву нимҷиддӣ» дар ҷавоб мегӯяд:
-Устод, то барор гирифтани шикори оҳу барои мо ҳамон 1 «линг»-ча картушка ҳам кифоя асту ҳам ғизои табобатӣ...!
                           
«ХАЛОСӢ»
Шариф ба дафтари кории Сайёфи Мизроб медарояд. Сайёф баҳри истиқболи ӯ аз ҷо боло шуда, сахт оғӯшаш мегирад. Чун «Шариф» аз зери «қанотҳо»-и дӯсташ озод мешавад, ба утоқи Шаҳрзоди Амин медарояд. Шариф Шаҳрзодро ба оғӯш гирифта мегӯяд:
-А, мардаки ҳамқад, тезтар намиёӣ, маро аз зери қанотҳои ҳамин «уқоб» халос кунӣ...

Мо метавонем!
Беморбинии саридастии Сафват 2 соат давом кард. Вақте янгаи Шаҳло (зани Сафват) таклифи хурдани сихкабоб кард ва гуфт: «Баъди 20 дақиқа тайёр мешавад. Метавонед интизор шавед?». Шариф ба ҷои ҳама ҷавоб дод:
-Бале, янга, мо, ки узви «Ихвон-ал-СССР» бошем, албатта «Метавонем»…

«Калла» барои сурат
Шариф ба дӯст ва ҳамсабақаш Муҳиддин Пайшанбе занг зада, хоҳиш мекунад:
-Дӯстам, 1 дона сурат гирифта равон кун, даркор шудааст.
Муҳиддин бо шӯхӣ мегӯяд:
-Дар Помир сурат намегиранд…
-Ҳеҷ гап не, ту «калла»-атро фирист, дар Душанбе 1 бало мекунем,-мегӯяд дар ҷавоб Шариф.

«ХОҲИШ»-И ДИЛНОЗ
Дилноз-духтари Шариф, ки дар синфи 7 аъло мехонд ва дар ин давом ягон маротиба аз дарсҳо қафо намондааст, боре аз падараш хоҳиш мекунад:
-Дар ҳаётат 1 бор ба муаллимаи мо занг зада, ҷавоби маро гирӣ, намешавад?
-Шариф бадоҳатан, бо лутф ба Дилноз мегӯяд:
-Ту ҳам дар ҳаётат 1 бор «прогул» кунӣ чӣ мешавад....?


Ашрафи Афзал,
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter