ХАБАРИ ДОҒ

Чаро шаҳодатномаи Ҷоизаро ба эътибор намегиранд?

  • Душанбе, Июл 10 2017


Ҳабибулло Искандаровро онҳое, ки ба кори таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ба хубӣ мешиносанд, хоса насли калонсоли соҳаи маориф. Устод тамоми хислатҳои беҳтарини инсонӣ, мисли хоксорӣ, инсондӯстӣ, хушсуҳбатӣ, покдилӣ, меҳнатдӯстиро дар худ ҷой кардааст. Ӯ ҷоннисори соҳаи маориф ва сарсупурдаи кори хеш буда, зиёда аз 64 соли ҳаёташро дар соҳаи таълиму тарбия бахшидааст. Тарҷумаи ҳоли устод воқеан, ҷолиб ва омӯхтанист. Овони ҷавонии ӯ хело вазнин гузашта, солҳои 1944-45 аз падару модар маҳрум шуда, вазниниҳои зиндагии солҳои ҶБВ ва баъдиҷангиро бо душворӣ паси сар кардааст. Тавре худи устод нақл мекунанд: “Волидайни ман аз аввал сокини ш.Кӯлоб ва таҳсилдида буданд. Волидайнам фарзандони зиёде ба дунё меоранд. Вале аз онҳо 3 нафар саломат мондем. (Апаам-Зулҳиҷҷамол, акоям-Саиддониёр ва ман Ҳабибулло). То солҳои 1930 оилаи бечораи мо фирорӣ шуда, аз 1 деҳ ба деҳи дигар мерафтанд, тахмин солҳои 1931-32 ба Афғонистон рафта, баъди 3-4 моҳ ба ватан баргашта, дар деҳаи Бодомтуи н.Шӯрообод (ҳоло Ш.Шоҳин) қарор мегиранд. Падару модарам барвақт ин дунёро тарк намуданд ва ман дар ба дари хонаи хешон шудам ва дар хизмати онҳо будам”.
Ҳабибуллои ҷавон бепарастор мемонад. Ӯро муаллимонаш Т.Гиёев ва Н.Сафаров ба интернати давлатии деҳаи Саричашмаи ноҳия мебаранд. Устод солҳои дар интернат хонданашро чунин ба ёд меорад:” Солҳои аввал аҳволи интернат бисёр бад буд. Аз хунукӣ, белибосӣ, гуруснагӣ азоб доштем. Ба замми он директори интернат моро латукӯб ҳам мекард. Ба бахти мо марди яҳудӣ Г.Е.Устоевро мудир таъйин карданд ва аҳволамон нисбатан хуб шуд, хоса, аз ҳисоби сару либос ва хӯрок.”
Соли 1950 устод мактаби миёнаи ба номи Лоҳутии ҳамин ноҳияро хатм намуда, ба Донишкадаи муаллимтайёркунии ш.Кӯлоб дохил мешавад ва онро с.1952 ба итмом мерасонад. Соли 1958 бошад Донишкадаи омӯзгории ш.Душанберо хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муаллим аз н.Муъминобод оғоз карда, баъдтар ҳамчун ҷонишини директори мактаб, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия адои вазифа менамояд... Маҳз масъулиятшиносӣ ва ҳалолкорӣ устодро миёни аҳли маорифи кишвар муътабар намудааст. Дар тамоми давраи кор аз роҳбарони мактабҳо ғамхор будан ба насли наврас, ҳамзамон, аз рӯи қонун фаъолият кардан ва садоқат ба кору ватанро талаб мекард. Ҳеҷ гоҳ барои мансабу сарват кӯшиш накарда, зиндагии хоксоронае дорад ва ин тарзи зиндагӣ ҳам барояш писанд аст. Ба касе ҳасад намебарад ва парвои молу ҳоли зиёд ҳам надорад. Устод дар давоми фаъолияти корӣ даҳҳо мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ба табъ расонида, 45 китоби хурду калони марбут ба соҳаи маорифро пешкаши омӯзгорон намудааст. Охирин китоби ӯ “Баъзе масъалаҳои муҳими маориф ва шинохти чеҳраҳои мактаб”(Андеша, таҳлил, тавсия) ҳоло омодаи чоп аст, ки бениҳоят китоби пурарзиш буда, масъалаҳои ҷиддии соҳаи маорифро дар бар мегирад. Аз китобҳои устод бармеояд, ки ӯ воқеан, омӯзгори забардаст, эҷодкор, шахсияти барҷаста, ҷӯянда, донишманди закӣ, қавирӯҳ ва ташкилотчии хубе будаанд.
Ҳангоми суҳбат бо устод ҳис кардам, ки ким-чӣ ӯро нигарон кардааст ва сабаби инро аз ӯ пурсидам. Устод оҳи сабуке кашида афзуд: “Ман фахр аз он дорам, ки кори ҳалол кардам, нони ҳалол хӯрдам, аз кисаи касе умед накардам, чӣ будани муфтхӯриро надонистам ва донистан ҳам намехоҳам. Бовар дорам, ки имрӯз ва фардо маро ба беодобӣ, бадахлоқӣ касе муттаҳам намекунад. Вале аз 1 чиз озурдахотирам, ки аз с.2012 сар карда то имрӯз зиёда аз 60 нафар омӯзгорону мушовирони ДҶТИБКМ-ро дучори таъқиб, таҳдид, нописандӣ, дағалию дуруштӣ, таҳқиру шантаж қарор дода аз кор ронданд. Дар байни онҳо 20 нафар нафақахӯрон, Муаллимони шоистаи ҶТ, нафақахӯрони сатҳи ҷумҳуриявӣ, омӯзгорони унвонҳои илмидошта, муаллифони китобҳои дарсӣ, консепсияҳо, барномаҳо, маводу тавсияҳои илмию методӣ буданд. Чунин амал ба вазъи рӯҳиву равонии бештари мо таъсири ҷиддӣ гузошт. Ҳатто Шаҳодатномаи “Ҷоизадори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф”-ро, ҳам дар он ҷо ба эътибор нагирифтанд... Дар ин синну сол аз ҳама муҳим барои ман ин нафъе расонидан ба ҷомеа аст, на маош. Барои манфиат расонидан ба мардум тайёрам ҳар рӯз бемузд кор кунам. Ҳар касе аз ман соволеро ҷӯё мешавад ва ё кореро ба ман месупорад, хурсанд мешавам ва ҳис мекунам, ки ҳоло ҳам ба ҷамъият даркорам,-гуфт дар охири суҳбат устод Искандаров.

Назари Наврӯз,
хабарнигори мардумии СССР, ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter