Ба Боғи ҳайвоноти пойтахт, ки ягона дар кишвар аст, солҳои тӯлонӣ надаромада будам. Ҳеҷ гоҳ фикр ҳам намекардам, ки боғи ҳайвоноти Тоҷик, ки дар маркази ш.Душанбе ҷойгир аст, имрӯз чунин ҳоли табоҳу ҳузнангез дошта бошад. Шояд ба умеди кӯч бастан ба макони дигар аст, ё камбуди маошу маблағу шароит, ки кормандони зоопарк ин қадар фориғболанду барои ободи ин гӯшаи пойтахт саъю талоше намекунанд: Ин аз манзараҳои дохили ҳудуди боғ, шароити он, катакҳои холӣ ва бӯи ғализи оби кӯлҳояш маълум буд.
Либоси хос ку?
Субҳи 8.07.2017. Соат бо вақти Душанбе 9:30 дақиқа. Бо писарам Ромин, ки тайи 1 ҳафтаи охир орзуи дидани Боғи ҳайвонотро дошт, ба зоопарк расидем. Аз хазинаи боғ 2 чипта гирифтем, даромадан ба калонсолон 2 сомонӣ ва барои хурдсолон 1 сомонӣ будааст. Чиптаҳоро дар дари даромадгоҳ ҷавоне аз дастамон гирифт, ки нафаҳмидем кӣ буд ӯ, зеро на либоси махсус дошт, на ягон рамзи он, ки кормандони боғи ҳайвонот аст. Бояд қайд намоям, ки ҳангоми баромадан аз боғ бошад дар ҷои ӯ ҷавони тамоман дигаре меистод.
Боғи ҳайвоноти пойтахт зертобеи шаҳрдории Душанбест ва кормандони он аз директораш сар карда то посбон бояд либоси ягонаи махсус ба бар намуда, ба мардум хизмат расонанд. Имрӯз дар ин боғ намефаҳмӣ, кӣ корманд асту кӣ меҳмон. Инчунин, чанд савдогаре, ки бо фурӯши майда-чуйда дар ин боғ машғуланд, на либоси махсус доранд ва на пешдоман. Онҳо, баръакс сару рӯи худро бо чанд қабат рӯймол печонида ҳамчун қаҳрамонони филми тасвирии «Сангпушт-ниндзя» паси мизҳои пуранвои худ нишастаанд. Дар бораи сифату кайфияти маҳсулоти мефурӯхтаи онҳо аслан ҳарфе нест, ҳамааш маҳсулоти арзону пастсифати қаннодиву нӯшокӣ, ки метавонад кӯдаконро касал намояд.
Катакҳои холии Зоопарк
Соат бо вақти Душанбе 9:45 дақиқа. Бо Ромин ба тамошои олами вуҳуш баромадем. Аввал ба самти катакҳои бузу гӯсфандону шутуру паррандаҳо рафтем. Аз гармии ҳаво ҳайвонот беҳолу бемадор ва аксарият дар гӯшаҳои соядори катакҳояшон, назди ҷӯйборҳои пуроб хоб буданд. Мардум бо сабзиву карам, нони хушку печение бузу гӯсфанон ва паррандаҳоро зиёфат мекарданд. Оби кӯчаи хурди 1 тарафи боғ хеле ифлосу бадбӯ шуда буд. Аксарияти катакҳои қисмати чапи боғ холӣ буда, на хирсро дидем, на шер ва на барсро. Танҳо чанд маймун, ҷайраву харгӯшакҳову мушҳои обӣ дар катакҳои хурд маскан гирифта аз хонаашон, ки сояву торик аст, берун намебаромаданд. Дилам ба ҳоли шутурмурғ Эмми сӯхт, ки аз гармӣ сарашро зери қанотҳояш карда ҷои салқин меҷуст. Ку, он шеру палангу барсу хирсҳои азимҷусса, ки барои тамошояшон кӯдакон аз тамоми кишвар ба Душанбе меомаданд!?
Морҳо аз гармӣ худро зери обу хок карданд
Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа. Ба толори хазандагону ваҳшиҳои обӣ даромадем. Ин ҷо низ катакҳои шишагин қисман холиянд, чанд мори калону хурд, сангпушту тимсоҳчаҳо, калтакалосу моҳичаҳои хурдро дидем. Бароямон он аҷиб буд, ки морҳои хурду калон аз таъсири ҳавои гарм худро ба косаи обашон андохта буданд ва ё худро зери хоки нам кардаанд. Дар бархе аз катакҳо аслан на об буд ва на косаи об ва ин ҷонварҳо дар чунин ҳавои гарм бидуни об то кай мезиста бошанд!? Мутаассифона, 2 ҷавон, ки дар ин толор рафтуомад доштанд, нагузоштанд, ки чунин ҳолати морҳоро акс гирам. Ба суоли ман, ки кистанд, гуфтанд, нозирони боғ. Гуфтам агар нозирони боғ ҳастед, пас ку либоси махсус ва бейҷик бо номатон? Онҳо зери лаб пичир-пичир карда рафтанд…
Биноҳои зиёд, аммо кӯҳнаву тороҷшуда
Соат бо вақти Душанбе 10:45 дақиқа. Хостем аз боғ бароем, вале байни пиёдагарду катаку биноҳои дар дохили зоопарк буда гум шудем. Дар ҳудуди боғи ҳайвонот биноҳои гуногуни пасту кӯҳнашуда бисёр будааст. Ҳатто баъзеи онҳо талаву тороҷ шуда, танҳо 4 девору 1 панҷара боқӣ мондаасту халос. Дар қисмати шимолии бозор бошад ҳатто 1 чуқурии махсус кофта будаанд, ки он барои таъмири мошинҳо лозим аст. Ба ёдам омад, ки 10-12 сол пеш ин қисмати боғро ба устоҳои мошинҳо иҷора дода буданд. Биноҳои идориву хоҷагии боғ низ кайҳо кӯҳна шуда, на симои зоҳириашон ба талабот ҷавобгӯ, на шароити дохилашон. Ҳамагӣ ниёз ба барканор шудан доранд. Ба қавли Бедил: «Он хона, ки табдил наёбад, гӯр аст!» Шояд ба умеди кӯч бастан ба макони дигар аст ё камбуди маошу маблағу шароит, ки кормандони зоопарк ин қадар фориғболанду барои обод кардани ин гӯшаи пойтахт хасеро болои хасе намегузоранд.
Кормандони бепарвои зоопарк
1 обанбори дигари боғ, ки калон асту қаблан дар он паррандаҳои гуногун мавҷуд буданд, ҳоло холист. Оби он ҳам гандидаву бадбӯ шуда, вале чаро касе дар фикри иваз кардани об нест? Ҷӯйҳои боғ ҳама шодобанду дарёи Душанбе низ наздик, пас чаро обҳои кӯлҳоро тез-тез нав накунанд? Ё ин, ки паррандаҳо дар оби ифлосу ғализ гаштанро дӯст медоранд? Нафаҳмидем!!!
Ба боғи ҳайвоноти пойтахт, ки ягона дар кишвар аст, солҳои тӯлонӣ надаромада будам. Ҳеҷ гоҳ фикр ҳам намекардам, ки боғи ҳайвоноти Тоҷик, ки дар маркази ш.Душанбе ҷойгир аст, имрӯз чунин ҳоли табоҳу ҳузнангез дошта бошад. Кормандони зоопарк ин қадар бепарвоянду барои ободи ин гӯшаи пойтахт талоше намекунанд-ин аз манзараҳои дохили ҳудуди боғ, шароити он, катакҳои холӣ ва бӯи ғализи оби кӯлҳояш маълум буд. Ҳанӯз аён нест, ки боғи ҳайвонот кай ҷояшро иваз мекунад ва ба куҷо мекӯчад, пас чаро то ин муддат боғро обод карда барои садҳо кӯдакону наврасоне, ки ҳамарӯза ба зоопарк меоянд, шароити беҳтаре насозем? Мо тасмим гирифтем баъди чанд муддат боз аз боғи ҳайвонот дидан намоем. Мо метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР