ХАБАРИ ДОҒ


Чуноне ки хонандагони мо хабар доранд, дар чаҳорчӯбаи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ» аз рӯи вақту имконот охири ҳар ҳафта ба ин ё он шаҳру ноҳияи кишвар сафар намуда, бо рӯзгори мардум ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинонаш ошно мешавем. То чӣ ҳад раиси ин ё он шаҳру ноҳия ба мушкилоти мардум расидагӣ мекунад, бархӯрду муносибаташ бо аҳолӣ, хоса, корафтодагон чӣ гуна аст, раис мардумбезор аст ё мардумдӯстдор- ин аст маҳаки асосии сафарҳои мухбирони СССР ба минтақаҳо. Ин маротиб мо ба сӯи шаҳри бостонии Истаравшан роҳ гирифта, тайи 2 рӯз меҳмони сокинони ин гӯшаи таърихиву зебоманзари диёр гаштем.

Айб дар ош аст ё дар мош?
15.09.2017. Соат бо вақти Истаравшан 14:00 дақиқа. Аз пойтахт ба мошинҳои хусусии мусофиркаш нишаста, дар муддати 4 соат ба Истаравшан расидам ва нахуст ба маҳаллаи Қалъачаи Калон рафтам. Зеро 1 моҳ пеш сокинони ин маҳал ба унвони идораи газетаи СССР 1 нома ирсол намуда, аз раиси ш.Истаравшан Баҳром Иноятзода шикоят доштанд, ки онҳоро бехона мекунад ва замини барои манзили истиқоматӣ ҷудошудаашонро бекор ва дар ҷои он боғи замонавӣ бунёд карданист. Замини дар шикоят омада дар сари роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд қарор дошта, 10 га аст: 7 га аз 1 тараф ва 3 га аз тарафи дигари роҳ.
Ман фикр мекардам, ки дар ин қитъаҳо мардум манзил бунёд карда, зиндагӣ доранду шаҳрдорӣ мехоҳад хонаҳои эшонро тахриб намояд. Матни аризаи шикоятӣ низ ҳаминро мегуфт. Лек вақте ба ҷои лозима омада маконро дидам ангушти ҳайрат газидам: 10 га замини холӣ, аниқтараш замини корами обӣ буда, ягон бино дар ин ҷо сохта нашуда, баръакс, ба ҷои бино ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуда, он аллакай ҳосил ҳам додааст.
Во аҷаб! Чаро дидаву дониста беш аз 100 нафар сокиноне, ки кайҳо соҳиби замини наздиҳавлигиву хонаанд, боз «раиси нав моро бехона мекунад»-гуфта то Абдураҳмон Қодирӣ-раиси вил.Суғд ва Дастгоҳи иҷроияи президенту идораи СССР шикоят бурдаанд? Кӣ мардумро водор сохт дурӯғ гӯянду бинависанд, ҳол он ки тибқи қонунгузории кишвар ҷудо кардану сохтмони манзил дар заминҳои кораму обӣ қатъиян манъ аст! Пас, ҳар касе қаблан ин қитъаро ҷудо намуда, ба мардуми хонадор (!!!), на камбизоат, боз ҳам тақсим карда, иловатан, сертификати идораи заминро ҳам додааст, қонунвайронии маҳз кардааст. Акнун, ки ҳақ ба ҳақдор расиду раиси нав сохмони манзилро қатъиян манъ кард, ин фиребгарон даст ба дасисаву бӯҳтон зада, ҳам раису ҳукуматро фиреб медиҳанд ва ҳам намояндагони ВАОро.



 Муғтеппа симои қадимӣ мегирад!
Соат бо вақти Истаравшан 16:00 дақиқа. Ҳар нафаре, ки ба Истаравшан меояд, ҳатман Муғтеппа-Қалъаи Муғро зиёрат мекунад ва аз тамошои шаҳр, ки аз болои қалъа чун дар кафи даст менамояд, ҳаловат мебарад. Мо низ ин таомули нонавиштаи сайёҳонро пеша карда, бо Шералӣ Азимӣ-дӯст, ҳамкор ва котиби матбуотии раиси ш.Истаравшан, ки хабари ташрифи маро ба шаҳр фаҳмида дарҳол пайдоям кард, ба Муғтеппа баромадем. Айни замон корҳои ободониву сохтмонӣ дар атрофи Қалъа дар авҷ аст. Тавре мардуми Истаравшан мегӯянд, бо омадани Баҳром Иноятзода, раиси нави ш.Истаравшан, на танҳо дар ин теппа, балки дар тамоми кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр корҳои ободонӣ ва сабзгардонӣ оғоз шуда, имрӯз шаҳр ба 1 минтақаи сохтмонӣ мубаддал гаштааст. Мо дар поён боз ба корҳои ободонии дар Истаравшан анҷом додашуда хоҳем баргашт, вале ҳоло мехоҳам диққати шуморо ба ин қалъа ҷалб намоям.
Ин мавзеи аҳамияти таърихӣ дошта дар тайи 25 соли охир боре ҳам таъмири ҷиддӣ ва таҷдидро надида буд, роҳбарони қаблии шаҳр дар арафаи сафарҳои президенти кишвар ин мавзеъро танҳо 1 рангубор карда, партовҳоро мебароварданду халос ва то ин дам касе дар бораи таърихи воқеии Муғтеппа тадқиқоте нагузаронида буд. Иноятзода, ки худ меъмори варзида ва ҳирфаист, пеш аз ҳама ба обод намудани ин қалъа, ки на танҳо шиносномаи таърихии ин диёр, балки Суғду Тоҷикистон низ ҳаст, шурӯъ кард. Тамоми партовҳои гирди теппаро бароварда, аз 4 тараф роҳҳои баромаду даромад таҷдид гашта, дар паҳлӯи он таваққуфгоҳи замонавӣ бунёд шуда истодааст. Ғайр аз ин, майдони болоии теппа азнавсозӣ шуда, гирдогирди он деворҳои пурнақшу нигор аз рӯи намои қаблии кох қомат афрохта истодаанд.
Дар мобайни майдон бунёди амфитеатри замонавиро барои 5500 нафар тамошобин ба назар гирифта, он низ аз рӯи намои қадимии Муғтеппа лоиҳакашӣ шудааст. Баҳром Иноятзода дар омодасозии ин лоиҳаҳо шахсан ширкат намуда, аз лиҳози меъмориву шаҳрсозӣ онро мутобиқи маҳал кардааст. Ҷуз ин, шахсан ҳар субҳу шом бо либоси корӣ омада, дар баробари сохтмончиён, ки аз Вахшу Сарбанду Кӯлобу Қурғонтеппа омада, дар ин мавзеъ кор мекунанд, белу каланд мезанад. Ҳамин кӯшишҳо буд, ки ҳафриётшиносон аз ин теппа тангаҳои қадимиро ёфтанд, ки беш аз 7000 сол таърих доранд! Билохира, мисли расми шоҳи Ҳулбук, ки тоза кашф шуд, аҳамияти таърихии Муғтеппа исбот гашт, чун дар борааш ҳар гуна ҳарф зиёд буд. Браво, Иноятзода!!!



 Сари Мазор, мӯйсафедони он ва чанори 800-сола
Соат бо вақти Истаравшан 18:00 дақиқа. Аз Шералӣ хоҳиш намудам, ки маро ба кӯҳантарин маҳаллаи Истаравшан бубарад, то ин ки дар чойхонааш бо мӯсафедон нишаста сӯҳбат намоям. Ин тавр ҳам шуд. Мо сӯи маҳаллаи Сари Мазор, яке аз маҳаллаҳои қадимии ш.Истаравшан роҳ пеш гирифтем. Маҳалла қадима бошад ҳам, роҳаш мумфарш, лӯлаи оби нӯшокӣ кашида, хонаҳо тозаву озода ва бо тартиб. Мӯсафедонро кофта ба мавзеи таърихии Сари Мазор, ки ҷои қабри 2 бузургвори гузаштаи макон, масҷиди ҷомеъ ва ҷои истироҳати пиру ҷавони маҳал будааст, даромадем. Сари 1 пиёла чой бо пирон хеле сӯҳбат кардем, онҳо аз гузаштаи Истаравшан ёд карда, гуфтанд, дар тӯли 20 соли охир акнун ба Истаравшан 1 раиси хоксору заминӣ, соҳибкасб, нафаре, ки тамоми зинаҳои меҳнативу хизматӣ ва идориро гузашта бо пастиву баландӣ рӯбарӯ шудааст, омад.
Ба омадани Иноятзода ҳанӯз 6 моҳ нашуда якбора дар чанд кӯчаи шаҳр таъмири асосии роҳу қубурҳои обгузар оғоз гашт, шаҳр аз бинову иншоотҳои нолозиму бо роҳи ғайриқонунӣ сохташудаи тоҷирони гузашта тоза шуда, кӯчаҳо ба тартиби пештара баргашта истодаанд. Дар тӯли 6 моҳи гузашта дар Истаравшан он қадар корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ вусъат гирифтанд, ки дар тӯли 20 соли гузашта нашуда буд. «Ҷаноби олӣ раҳми мо мардуми Истаравшанро хӯрда беҳтарин раисро ба мо фиристоданд!»-мегӯянд пирони рӯзгордидаи Сари Мазор.
Дар саҳни масҷиди Сари Мазор чанори кӯҳане ҳаст, ки умри беш аз 800-сола дорад. Он фахри мардуми Истаравшан буда, сайёҳон аз тамоми дунё ба зиёраташ меоянд. Ман низ чанорро зиёрат карда, дуои мӯсафедонро гирифта, бо мардуми Сари Мазор хайрухуш кардам.

 Истаравшаниҳо гӯштхӯранд!
Соат бо вақти Истаравшан 20:00 дақиқа. Пас аз ҷобаҷо шудан дар манзили яке аз дӯстон, мо барои хӯроки шом ба тарабхонаи «Муродӣ»-и шаҳр рафтем. Агар гӯям, ки истаравшаниҳо дар тайёр кардану пешниҳоди анвои гуногуни хӯрок беҳамтоянд, хато намекунам. Ҳар 1 намуди хӯрок бо сабку салиқаи хос омода ва оро дода шуда на танҳо накҳат, балки таъми нотакрор низ дорад. Ман барои худ мастобаи истаравшаниро, ки хоси ин шаҳр асту хеле ҳам хушхӯр омода карда мешавад, фармоиш додам. Ба рӯи миз ғайр аз фатир боз қаламаи қаймоқиро низ гузоштанд. Хӯрдани мастоба бо 1 пораи қалама чӣ кайфияте дорад! Вале дӯстони истаравшаниям боз ҳам танӯркабобу шашлик ва гӯштқавурдоқ супориш доданд. Аҷиб он буд, ки рӯзи дигар низ ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ боз ҳам кабоби дегиву обпазро интихоб карданд. Мардуми Истаравшан гӯшт зиёд мехӯрдаанд! Меваро низ, зеро тамоми боғҳои шаҳр пур аз ангуру себу нок, хоса, ноки навъи «Дилафрӯз» асту ҳар куҷое меҳмон нашавед дарҳол наздатон 1 лаълӣ меваҳои сирф истаравшанӣ мегузоранд. Ана, ҳамин хел! Метавонанд!

Мубориза бар зидди заминфурӯшон
16.09.2017. Соат бо вақти Истаравшан 08:00 дақиқа. Дар назди бинои Мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллии ш. Истаравшан ҳозир мешавам ва мехоҳам дар қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ш.Истравшан Баҳром Иноятзода иштирок намоям. Назди даромадгоҳи ҳукумати шаҳр касе аз ман чизе намепурсад ва ман низ дар баробари 15 нафар шаҳрвандон, ки субҳи имрӯз барои арз ба назди раис омадаанд, ба толори наву барҳаво даромада, ҷой мегирам. Аён аст, ки Иноятзода на танҳо ба азнавсозии шаҳр оғоз кардааст, балки бинои ҳукуматро низ аз сари нав таъмиру таҷдид намуда, бо аз сари нав таҷҳизонидани утоқҳои корӣ бо ашёву лавозимоти зарурӣ имконияту шароити тозаро барои зертобеонаш фароҳам овардааст. Мегӯянд, баъзе аз утоқҳои кории ҳукумати шаҳр аз солҳои 1960-70-таъмирро надида буданду дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд…
Расо соати 9:00 раис ба толори калон даромаду ба шунидани арзу доди мардум сар кард. Дар ин шаҳр низ мисли шаҳру ноҳияҳо мушкили №1 ин замин ва ҷудо кардани қитъаи наздиҳавлигист. Ин масъала то ҳол он қадар ба ҳам печидааст, ки солҳои гузашта масъулини меъмориву заминсозии шаҳр ҳатто истгоҳҳои нақлиётиро, ки ҷамъиятианду моли шаҳрдорӣ мебошанд, ба шахсони алоҳида фурӯхта, ҳатто сертификати истифодабарандаи заминро низ додаанд, ки ин амал ғайриқонунист. Акнун Иноятзодаро, ки муборизаи беамонро бар зидди чунин амалҳои ғайриқонунӣ эълон намудаасту мехоҳад шаҳрро аз чунин иншоотҳо тоза карда моликияти давлатиро дар чаҳорчӯбаи қонунгузории кишвар ба соҳибонаш баргардонад, 1 проблемаи калон дар пеш аст. Ин ҳам мубориза бо ҳамон дуздону фиребгарону баднафсон, ки ба хотири киссаву шиками хеш аз фурӯши моликияти давлатӣ натарсида, мардумро фиребу саргардон кардаанду ҳоло фақат даст ба дасисаву бӯҳтон мезананд.

Архитектори Истаравшан


Соат бо вақти Истаравшан 12:00 дақиқа. Аз қабули раис баромада пиёда сӯи бозори марказӣ равон шудам. Дар воқеъ Истаравшан имрӯз ба 1 сохтмони азим монанд аст: аз 1 сӯ роҳҳо таҷдид шуда, рӯзи дароз тракторҳо равуо доранду аз сӯи дигар ба маҳаллаҳои дурдасти шаҳр тавассути кофтани чоҳҳо об бурда, на танҳо хиёбону кӯчаҳои марказии шаҳр, балки тамоми паскӯчаҳои он азнавсозӣ гашта, аз иншоотҳои зиёдативу чашмхарош пок шуда истодаанд. Нахустин маротиба дар таърихи ин шаҳр ба бунёди биноҳои баландошёнаи маъмуриву истиқоматӣ замина гузошта шуда, шаҳр симои нав гирифта истодааст. Боз ҳам маҳз ҳамин сол шаҳр тавонист нақшаи буҷаро барзиёд иҷро кунад ва он камбудиҳое, ки қаблан дар ин соҳа буд, тавонист бартараф намояд. Раис, ки аллакай бо номи «Архитектори Истаравшан» дар байни сокинонаш машҳур шудааст, тасмим дорад то охири соли ҷорӣ масъалаи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокиро 100% ҳал кунад-гузаронидани магистрали нави 20 километрии об далели ин гуфтаҳост. Баҳром Иноятзода метавонад!


Ҷамила Ҳусейнова, СССР
15-16.09.2017, Душанбе-Истаравшан-Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter