Ҳаргиз даъвои бостоншиносӣ ва таърихнигорӣ надоштам ва надорам. Матлаби мазбур низ бо пофишории Раиси Дафтари СССР-Шаҳрзоди Амин навишта шуд. Мо Метавонем!
Ман, Ҳулбук ва Мубориз
Писари 10-солаи ман-Мубориз сахт кунҷкоб аст ва аксарияти мавзеъоти таърихиро маҳз бо пофишориҳои ӯ дидаем, ки Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ-хабарнигори мо гувоҳ аст. 100 бор аз пеши ин ё он ансамбли таърихӣ мегузарему аммо «вақт намеёбем!», ки дохилаш шавем. Ин бор, чун аз назди Ҳулбук мегузаштем, Мубориз гуфт:
-Ҳоло медонам, ки ҳатман хоҳед гуфт, «вақт надорам!», аммо барои Ҳулбук вақт наёбед, барои чӣ вақт доред???
Ин сухан маро чун барқ заду ба нею нестони ҳамсафарон нигоҳ накарда, чамбари мошинро сӯи Кохи Ҳулбук тофтам ва то ҳанӯз бар 7 пушти Мубориз раҳмат мефиристам. Акнун мегӯям, ки чаро. Мо Метавонем!
Ҳулбук-Кохи Нур
Баробари ист фармудани авто, ходимони ин Кохи пурнур, ки аҷаб мардуми меҳмонпарастанд, назди мо медаванд ва бо ҳазору 1 лутфу марҳамат моро ба дохили Кох мебаранд…
Кохи Шоҳи Ҳулбук, династияи Шерони Хатлон! Маро аҷаб ҳиссиёте фаро мегирад, чун ходимони зери «зулм»-и Мубориз монда, ба 1001 саволи вай посухи дақиқ медиҳанд ва ҳар сангу хишти Ҳулбукро барояш муаррифӣ мекунанд.
Мана мо вориди Кохи Шоҳ Бол-нахустин императори Хатлониён мешавем ва ходим моро ист фармудаву мегӯяд, дар ин ҷо меҳмонон ва сафирон яроқу аслиҳаро ба сардори посбонони Шоҳ-телех месупоранд. Ба таври виртуалӣ мо силоҳҳоямонро месупорем ва думболаи Муборизу ходим вориди толори дигар мешавем, ки онро толори пазироӣ меноманд. Пас аз чанд лаҳзае, Шерони Хатлон-Шоҳони Ҳулбук моро қабул хоҳанд кард. Аҷаб вазъе маро фароҳам мепечад: Ба қабули Императори Ҳайтолиён-Шери Хатлон, Шоҳ Бол…ман якум бор аст, ки медароям…
Дар ин мавзеъ, албатта сафирон тӯҳфаву ҳадяҳо пешкаш менамоянд ба Шоҳ, вале ман чизе надорам. Ба ӯ чӣ хоҳам гуфт??? Аҳааа, мегӯям, ки дар бораи ин шукӯҳу шаҳомат хоҳам навишт…
Шоҳ Бол-Шоҳи Тоҷик
Дари Бол кушода мешавад ва ман Ӯро мебинам. Шоҳ Бол-нахустин подшоҳи Тоҷиконро. Нафареро, ки бо ҳайбату ҳайъати шоҳона пешорӯи ман истодааст. Ӯ Шоҳи Хатлон, Шоҳи Тоҷик аст. Ӯ ягона Шоҳест, ки симояшро мисли дигарон, ҳатто Исмоили Сомонӣ, аз натура накашидаем. Ин фахри Миллат аст, ки симояш оригинал аст. Шоҳ Бол асосгузори сулолаи подшоҳони маҳаллӣ-Шерони Хатлон, императорони Ҳайтолиён аст, ки Шарқу Ғарб, Ҳинду Чочу Чину Мочинро замоне забт кардаву Парчами Тоҷиконро бар боми ҷаҳон задааст. Ӯ сабук сӯям нимхез шудаву чашм медӯзад. Нигоҳаш омир, пур аз лутф, виқор, шараф, ҷавонмардӣ ва ҳӯш аст.
Ҷомаи фохири сурху кабуд ба бар, ороиши мӯй мисли чиноиҳост. Ба таҳқиқ он даврон низ Хитой муваффақ будаву мӯдаш ба ин сарзамин расидааст ва ё шояд пас аз забти Хитой ин фарҳанги либоспӯширо аз худ кардааст ва ё низ ин фарҳанги мосту аз мо рабудаанд ун мӯдро, мисле ки дигар ақвом аз мо фарҳанг медузданд. Дар даст скипетр-рамзи давлат дорад. Чунин рамзро танҳо императорҳо доштанд, на подшоҳону хонҳои хурду маъмулӣ!!!
…Касе дастамро кашидаву суол медиҳад, ки «Дадаҷон, роҳ гард…». Мубориз аст, ки маро аз дунёи руъё ба олами воқеӣ бармегардонад. Ва ман мебинам, ки Кохи Шоҳ Бол футур рафтаву тахти зарринаш бар замин ҳамвор аст. Маҳз рӯи тахти Шоҳ Бол-императори Ҳайтолиён қарор мегирам (ниг. ба акс), ҷое, ки ман нишастаам, 2000 сол пеш яке аз Шоҳони номдори Тоҷик менишаст. Оҳ, вақти қотил ва замонаи дартоз. Ба гуфтаи Шоира Раҳимҷон «бачата Худо кушад, замона!». Куҷо кардаӣ ин ҳама ҳашамати Шоҳонаро аз ман???
Ҳулбук, ё Ҳурбик?
Атрофи номи пойтахт-Ҳулбук баҳсҳо зиёданд. Аксарият мегӯянд, аз решаи вожаи «ҳулбӯ», «ҳулбӯй», «ҳулба» аст. Ҳулбӯ гиёҳест сахт хушбӯй, ки дар таом зиёд корбаст мекунанд. Райҳон низ мегӯянд, пудина ҳам. Яъне, мегӯянд ҷонибдроони ин версия, чун Ҳулбук хеле поку хушбӯй будӣ, онро ба ҳамин гиёҳ шабеҳ мекардаанд. Бархе дигар бар ин версия далел ҳам меоранд, ки пудина, райҳон, ҳулбӯ лаби дарёи Сурхоб ва Яхсӯ (на Ёхсӯ, ки туркист, ки маҳз Яхсӯ, яъне дарёе, ки аз сӯи яхҳо, пиряхҳо мешорад!) зиёд месабзид ва накҳати он ба шаҳр асар мекард. Версияи хуб аст. Аммо барои он, ки шаҳр бӯи райҳону пудина кунад, бояд миллионҳо дона аз онро шинонид ва ҳам ҳулба ҳамагӣ 5-6 моҳ месабзаду сипас мехушкад ва зимнан бӯяш низ нест мегардад. Пас Ҳулбук чист?
Фарзияи ахирӣ, ки писанди мо низ ҳаст, тамоман дигар аст. Ҳулбук дар асл, аз паҳлавии «Ҳур Бик» баромад дорад. Ҳури биҳиштӣ не. Ҳур ба маънии Ҳурмузд, Аҳурамаздо. Аҳмади Иброҳим журналист, филологи рус ва таърихпардоз менависад, ки Армияи Спитамон ва Шоҳи Хатлон бо нидои «Ҳурррр, ҳурррр», яъне ё «Аҳурамаздо!!!» ба артиши Александр ҳуҷум мекардаанд ва нидои имрӯзаи сарбозии урусӣ «уррраааа» аз ҳамин нидои ориёист, на фиғони «уррри ӯзбакӣ». Пас, агар бигирем, ки ҳиҷои аввалини номи Ҳулбук аз вожаи «Ҳур», яъне Аҳурамаздост, пас «Бик» чист? Бик дар паҳлавӣ ба маънии хонаи бузург, Кох, Кӯшк, Қаср аст. Яъне ҲурБик-Кохи Ҳурмузд, Кӯшки Аҳурамаздо. Аҳурамаздо Худои равшанӣ, яъне нур, Хур…шед аст. Ва агар ба таҳқиқ бингарем, Офтоб, ки аз паси Кӯҳи Бузургтарин Намак дар ҷаҳон, кӯҳи Хӯҷамуъмин мехезад, нурҳои нахустинашро маҳз сари ман хоҳад рехт. Мане, ки дар тахти виртуалии Шоҳ Бол нишастаам!!! Яъне нури Ҳурмузд тавассути Кӯҳи Намак (Хӯҷамӯъмин, яъне, кӯҳе, ки ба он имон овардаанд!!!) ба Кохи Ҳулбук ва сароғоз Кӯшки Шоҳ мерехт ва сипас субҳ медамид ва ба ҳамин тартиб, шом нури Хуршед ба ин Кӯшк расидаву нест мешуд ва шаб медамид.
Бо тамомии масъулият мегӯям:
-ҲурБик асли маънии Ҳулбук аст! Яъне Кохи Ҳурмузд, Кӯшки Аҳурамаздо, ки баъдан мардум ба ислом гаравидаву аз ин номҳо ор кардаанд. Аммо таоруфи миллӣ ва фахри зардуҳуштӣ ин ном ва ин кӯҳро ҳифз кардаву чун Ҳулбук ва Кӯҳи Хӯҷа Муъмин то даврони мо овардаанд…
Ҳатман давом дорад!
Сайёфи Мизроб
Душанбе-Ҳулбук-Душанбе