ХАБАРИ ДОҒ

Ӯ ба ростӣ марди Худоӣ ва Шариф буд!

  • Чоршанбе, Нояб 01 2017


Аз шумо 2 чашми 1 тан кам,
В-аз шумори хирад ҳазорон беш!
Хабари даргузашти донишманди фарзона ва шариф, ҷаноби Худоӣ Шариф мояи таассуф ва таассури ҳамагон гардид. Ин устоди бузургвор дар тӯли ҳаёти 80-солаи пурхайр ва баракаташ сарманшаи хадамоти фаровоне ба фарҳанг ва забони муштаракамон гардида, осор ва ёдгориҳои арзишманди он андешаманди бузург ҳамвора дар байни фарҳехтагони ҳамзабони кишварҳои Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди таваҷҷӯҳ ва истиқбол гаштааст. Дар муддате, ки дар Тоҷикистон ҳастам, борҳо тавфиқи ҳамнишинӣ ва ҳамсӯҳбатӣ бо эшонро ёфтаам ва ҳар бор нуқтаи адабӣ ва хислати ахлоқӣ аз ӯ омӯхтаам. Ӯ ба ростӣ марди худоӣ ва шариф буд. Ва ифтихор дорам, ки дар давраи хидмат, инҷониб дар Тоҷикистон, ҶИЭ 2 навбат нисбат ба посдошти хадамоти эшон иқдом кардааст. 1 бор ба асари бузурги устод таҳти унвони «Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ» ҷоизаи Саъдӣ ройзании фарҳангии сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистонро тақдим кардем ва бори дигар дар маросиме дар шаҳри Машҳад тавассути вазири фарҳанг ва иршоди исломии вақт ҷаноби Ҷаннатӣ аз эшон таҷлил шуд. Албатта, он чи сурат гирифта, ҳамсанги қатрае аз хадамоти ӯ нест. Ин устоди бузург алорағми касолат то вопасин дами ҳаёт бо инҷониб ва сафорат дар иртибот буд.
Даргузашти устоди бузург ва узви Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро ба хонаводаи гиромиқадр, ҷомеаи илмӣ ва донишгоҳӣ, давлат ва миллати шарифи Тоҷикистон ва ҳама сокинони Эрони фарҳангӣ тасаллият арз мекунам. Аз худои бузург мехоҳам, ки ӯро дар биҳишти ҷовидон ҷой диҳад ва ба ҳамаи мо тавфиқ ато кунад, ки роҳрӯи роҳаш ва посдори арзишҳое бошем, ки ӯ барои гиромидошти онҳо кӯшид.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ,
сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter