ХАБАРИ ДОҒ


(Фантастика)

Дар урфият мегӯянд, «агар хоби бад бинӣ, аввал онро рафта ба об гӯй». Аз ин рӯ, саҳарии барвақт аз хоб хеста, бо табъи хира роҳ ҷониби шар-шараи оби канал шуда, хобамро ба об гуфтам:
- Эй об! Хоб дидам, ки аз бепарвоӣ, фориғболӣ ва риёкории бархе аз масъулон коррупсия (фасод) тамоми паҳлӯҳои ҷомеаи имрӯзаи моро чун зардпечак чунон печидааст, ки ба воситаи он метавон зӯру тавонеро нозӯру нотавон, доноро нодон ва нодонро доно, ҷинояткорро пок ва покро ба ҷинояткор табдил дод. Инчунин имону эътиқод, парастишҳо, эҳтироми ҳамдигарӣ, гирифтани унвону мукофотҳо, ҳатто салом, ки қарзи Парвардигор аст, низ ба ин дарди бедаво вобаста шуда мондааст. Масалан, дар давраи пеш барои ба сафи ҳизб дохил шудан аввал номзадҳоро аз санҷиш гузаронида, ашхоси болаёқатро қабул мекарданд. Ҳоло фарқ надорад, коркунони идораю муассисаҳоро бе санҷиш ва маҷбур ба сафи ҳизбҳо қабул мекунанд. Масъулон зоҳиран, ё рӯякӣ худро бавиҷдон, ватандӯст ва ҳисси баланди миллидошта вонамуд мекунанд, ки ҳамаи ин дар забон аст, на дар дил! Писарони мансабдорон бо ҳар роҳу восита аз хизмати аскарӣ сар мепечанду писарони халқи оддиро бо «облава» ба аскарӣ мебаранд. Аз роҳбаре суол кардам:
- Намешавад, ки дастҷамъона бо коррупсия мубориза барем?
- Не, - ҷавоб дод ӯ.
- Чаро?
- Чунки коррупсия манбаи даромади муфти роҳбарон аст.
- Чӣ хел?
- Ба ҳама аён аст, ки бо 1 маош зист имкон надорад. Масалан, ман 170 нафар зердаст дорам, ки ҳар моҳ вақти маошгирӣ аз ин ҳисоб 1-2 моҳонаи дигар даромад мегирам.
- Чӣ тавр?
-Ҳоло дар ҳама идораю муассисаҳо анъана шудааст, ки барои ҳама гуна комиссияҳо, тафтишгарон, ҷаримабандии корхонаю гузаронидани аттестатсия, харидани ниҳол, таъмири биноҳо ва рангу бори он, барои харидани чиптаҳои гурӯҳҳои ҳунарӣ, навори телевизион, ободонӣ, ҳисоботсупориҳо… ҳар моҳ аз маоши зердастон пул ҷамъ мекунем, ки ба мо ҳам басанда аст.
-Навакак худатон гуфтед, ки бо 1 маош зиндагиро пеш бурдан мушкил аст. Чӣ хел мешавад, ки аз маоши ночизи зердастон ба хотири нигоҳ доштани курсӣ бо ҳар роҳ, яъне ғайриқонунӣ маблағ ҷамъ мекунед? Магар ин беинсофӣ нест?
- «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» гуфтаанд…
Ҳамин вақт овози роҳгузарон маро ба худ овард. Оҳи чуқур кашида, ба худ гуфтам:
-Шукр, ки ин ҳама фасоду фасодкориҳо дар хоб будааст. Дар акси ҳол, вой бар ҳоли миллати куҳанбунёди Тоҷик. Зеро кишваре, ки дар он фасодкориҳо сахт реша давондааст, дар он ҷо имону инсоф, раҳму шафқат, ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ… бо ном вуҷуд дораду бас.
…Худоё, ман он вақт хоб будам, ки бо коррупсионере баҳс доштам, ё ҳоло, ки бовар дорам, ин миллат аз фасод фарсахҳо дур аст???

Табаралӣ Авсақолов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter