Соли гузашта айнан дар ҳамин шабу рӯз бо супориши редаксия ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар карда будам. Имсол бо супориши редаксия ба Эрон рафтаа, аз шаҳру ёдгориҳои таърихии ин кишвар, аз ҷумла, шаҳрҳои Машҳаду Нишопур ва Теҳрон дидан кардам. Ҳадафи асосии ман дар ин сафар зиёрат аз мақбараву масҷиди имом Ризо, Умари Хайём ва шайх Фаридаддуни Аттор буд. Пеш аз сафар, дар «летучка»-и охирин, Меҳрубон Салимшоев хоҳиш кард, ки дуову дурудашро ба имом Ризо расонам, ки расондам. Мо Метавонем!
Бо чодар ва бидуни ороиш!!!
27.11.2017. Соат бо вақти Машҳад 9:00 дақиқа. Бо дӯстам Робия Ҳиммат, ки ҳамзамон дӯсти газетаи СССР асту чанд маротиба Душанбе омада, дар редаксияи мо меҳмон ҳам шудааст, тасмим мегирем мақбараи имом Ризоро зиёрат намоем. Робия, ки ҳоло дар шаҳри Дубай кору зиндагӣ мекунад, ба хотири дидор бо модараш ба Машҳад омада буд. Аз меҳмонхонаи «Қаср», ки онҷо барои 3 рӯз ҷой гирифтем, баромада сӯи ҳарам (эрониҳо мақбараи мазкурро ҳарам ном мебаранд) роҳсипор шудем. Роҳ то мақбара дур набуд. Хуб он аст, ки тамоми роҳҳои Машҳад рост ба сӯи ин мақбара меоянд ва сайёҳу меҳмони хориҷӣ, агар гум шавад, ба назди мақбара расида, роҳашро ҳатман пайдо мекунад.
Соат бо вақти Машҳад 9:30 дақиқа. Роҳи даромад барои мардон ва занон ҷудо буда, занон бояд ба сар ҳатман чодар карда, ороиши рӯю лабро пок ва мӯҳояшонро ҷамъ кунанд. Мо ҳам тибқи тартибот чунин карда, ба сар чодар андохтем. Ҳангоми гузаштан аз бахши амниятии мақбара зан-масъул аз ман хоҳиш намуд, ки ба дастонам дастпӯшак бипӯшам, то лакҳои рӯи нохунҳои дастам нанамоянд. Асбоби суратгирӣ ва сими телефони мобилиро бошад ба бахши нигоҳдории мақбара гузоштем-мумкин набудааст.
20 млн зойири Имом Ризо дар 1 сол
Соат бо вақти Машҳад 09:45 дақиқа. Мақбараи имом Ризо, ки ҳамасола наздики 20 млн нафар ба зиёраташ меоянд, ҳоло барои сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ низ боз аст, вале чанд сол пеш шаҳрвандони ғайримусалмон имкони даромадан ба онро надоштанд. Ин аст, ки ҳангоми гаштугузор дар дохили мақбара сайёҳон-шаҳрвандони давлатҳои аврупоиро хеле зиёд дидан мумкин аст. Имом Ризо писари Мусо-ал-Козим буда, имоми 8-уми аҳли ташайюъ ба ҳисоб меравад. Мусо-ал-Козим бошад аз шаҷараи давомдиҳандагони насли ҳазрати Муҳаммад (а) ба ҳисоб рафта, ба писараш илму адаби хуб дода будааст. Ин аст, ки имом Ризо ҳамчун шахси донишманд, донандаи хуби Қуръон ва ҳадисҳои пайғамбар дар байни мардум маъруф мегардад. Халифа Ҳорун-ар-Рашид, ки Имом Ризоро ҳабс карда буд, намегузошт, сокинони шаҳри Мадина бо ӯ мукотиба ва робита дошта бошанд. Баъдан халифи аббосӣ Ал-Маъмун духтарашро ба имом Ризо дода, ӯро вориси хеш эълон менамояд. Мегӯянд, имом Ризоро маҳз одамони Ал-Маъмун заҳр дода куштаанд. Хулоса, имом Ризо барои мардуми Эрон хеле мӯътабару азиз асту ҳар сол барои зиёрати мақбараи ӯ шумораи аз ҳад зиёди мусофирон, чӣ эрониву чӣ покистонӣ ва афғону ҳиндӣ меоянд.
Оши ҳарам бо паспорти Тоҷикӣ!
Соат бо вақти Машҳад 11:30 дақиқа. Ману Робиа ва модараш, ки барои зиёрат аз шаҳри Шероз омада буд, муддати 2 соат тавонистем то ба бинои асосии мақбара роҳ ёбем. Мардум хеле зиёд буду мо бо сахтӣ ва тарси гум накардани якдигар кӯшиш кардем то аз он ҷо берун бароем. Ба ногоҳ зане чодари маро зер карду аз по афтодам ва қариб буд зери пои мардум бимонам. Модари дӯстам, ки таҷрибаи бештаре дошт, маро бо 2 даст кашола карда, аз зери пои издиҳом баровард…
Дӯстам Робиа хост аз оши ҳарам, ки рӯзе 2 бор-нисфирӯзӣ ва шом барои мардум ҳамчун хайрия тақсим карда мешавад, барои хоҳараш бигирад. Аммо масъулони ин кор ба ӯ гуфтанд, пеш аз гирифтани ош, ки барои эрониҳо хеле табаррук аст, бояд пули 1 гӯсфандро хайр кунад. Пули 1 гӯсфанд бо пули эронӣ наздики 650-700 ҳазор риёл (қариб $150) аст, аммо мо, ки дар даст чунин маблағ надоштем, бо таассуф нияти баромадан кардем. Масъуле сӯи ман нигоҳ карда фаҳмид, ки шаҳрванди хориҷӣ ҳастам ва хост, ки шиносномаамро нишон диҳам. Паспорти Тоҷикиямро нишон дида, он зани масъул бароям 1 порс оши ҳарамро, ки аз биринҷу хӯриш ва нон иборат буд, дода таъкид кард, ки хӯроки хайрияи ҳарам барои сайёҳон ва шаҳрвандони хориҷӣ ройгон аст! Мо метавонем!
Ба Нишопур, ба зиёрати Аттор
28.11.2017. Соат бо вақти Машҳад 8:30 дақиқа. Субҳи рӯзи 2-юми сафар бо Робиа ва модараш 1 таксиро киро карда, озими шаҳри Нишопур, ки аз Машҳад дар фосилаи 1,5 соат дуртар ҷойгир аст, мегардем. Мақбараҳои У.Хайём ва Ф.Аттор маҳз дар атрофи ин шаҳр ҷойгиранд. Пас аз 1 соату 20 дақиқа ба Нишопур наздик шудем. Ронандаи таксӣ, ки худ нишопурӣ буд, тавсия дод, ки боздид ва зиёратро нахуст аз мақбараи Аттор шурӯъ кунем. Мо низ чунин кардем. Мақбараи шайх Фаридаддун Муҳаммад бини Иброҳим маъруф бар кунияти Аттор дар асри 17 бунёд ёфта, с.1934 пурра таҷдид шудааст. Дохили мақбара шуда, нахуст сари қабри шоир нишаста, ояте хондему даст бар дуо бардоштем. Сипас аз ҷо хеста, ба деворҳои мақбара назар афкандем. Дару девор пур аз шеъру ғазал буд, ки дӯстам онҳоро якояк бароям хонд. Рӯи қабру санги он ҳам шеъру ғазал нигошта шуда буд.
Таҷдиду таъмири мақбараи Умари Хайём
Рӯзи 28.11.2017. Соат бо вақти Нишопур 12:00 дақиқа.
Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.
Бо хондани ин рубоӣ мо ба сӯи мақбараи шоир У.Хайём роҳ пеш гирифтем. То расидан ба он ҳар яке бо навбат аз ашъори ин шоир мисраъе мехонд. Робиа бошад ин рубоии машҳури ӯро бо сабки хоси шерозӣ бароямон замзама кард:
Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст,
В-андар талаби рӯи нигоре будаст.
Ин даста, ки бар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре будаст.
Мақбараи Умари Хайём айни замон дар ҳоли таъмиру таҷдид аст ва масъулини маҷмаа намегузоранд, ки сайёҳон то назди қабри шоир бираванд. Гирдогирди он лентаи махсус кашида, навиштаи «Хатарнок» низ дар чанд қисмати ин лента насб шудааст. Аммо ману Робиа аз набудани масъулон истифода бурда, аз зери оҳанпораву халтаҳои гаҷу семент гузашта, то сари қабри Хайём расида, онро зиёрат карда, даст ба дуо бардоштему аз забони худи шоир гуфтем:
Аз омадану рафтани мо суде ку?
В-аз тори вуҷуди умри мо пуде ку?
Чандин сару пои нозанинони ҷаҳон
Месӯзаду хок мешавад, дуде ку?
Фирӯза-нигини Нишопур
Соат бо вақти Нишопур 12:30 дақиқа. Аз мақбараи Хайём баромадем. Ронанда ва ҳамзамон роҳбалади мо гуфт, ҳар касе ба Нишопур омада, бидуни харидани санги фирӯза меравад, омаданаш ҳисоб нест. Воқеан, мардуми Эрон Нишопурро ватани санги фирӯза ном мебаранд ва ин бесабаб нест. Фирӯзаи Нишопур аз замони шайх Аттору Хайём низ машҳур буд ва ҳоло низ аксари сайёҳон, хоса, аз кишварҳои аврупоӣ ба Нишопур маҳз барои харидани ҷавоҳирот бо санги фирӯза меоянд. Пас аз боздиди беш аз 10 дӯкон ва интихоби 1,5 соатӣ, билохира, ман 1 санги фирӯзаро барои ангуштарини нуқрагинам интихоб намуда, онро ба маблағи 170 ҳазор риёл-ҳудудан $40 харидорӣ кардам. Барои интихоби фирӯза, ки дар воқеъ интихобаш хеле сахт буд, бароям модари дӯстам кӯмак кард. Фурӯшанда-пирамард пас аз харидани санг бароям гуфт, ки фирӯза хусусияти хос дорад, он соҳибашро аз ҳар бад, алалхусус ҷоду нигоҳ дошта, дар мушкилиҳо роҳкушо хоҳад буд. Ман аз Нишопур ба Машҳад бо фирӯза баргаштам. Ана, ҳамин хел! Дигар чӣ ғам дорам, вақте дар даст фирӯза дорам? Ман аз ҷодугарони Душанбе на-ме-тар-саммм!!! Мо Метавонем!
Заъфарон-тилои сурхи Эрон
Рӯзи 29.11.2017. Соат бо вақти Машҳад 10:00 дақиқа. Бо мақсади харидорӣ намудани заъфарон, ки ҳамкорон ва дӯстонам аз Душанбе хоҳиш карда буданд, аз меҳмонхона баромада, сӯи бозори Машҳад роҳ пеш мегирам.
«Ту хориҷӣ ҳастӣ ва заъфарони хубро намешиносӣ, туро машҳадиҳо ҳатман фиреб медиҳанд, ман бо ту меравам»-гӯён модари Робиа ба ман ҳамроҳ мешавад. Баъдан дарк кардам, ки ӯ рост мегуфтааст, зеро мардуми Машҳад, хоса, тоҷирони машҳадӣ дар фиребу найранг устухон надоранд ва сайёҳи хориҷиро хеле зуд «сараш кулоҳ мегузоранд», яъне фиреб медиҳанд. Дар ҷустуҷӯи заъфарони ҳақиқӣ, қалбакиаш низ бисёр аст, мо зиёда аз 20 дӯконро дидем ва танҳо дар 1 ҷо, ки ҳамзамон мағозаи махсус, яъне фирмавӣ будааст, заъфарони хубро ёфтем.
Заъфарон тиллои сурх ба шумор рафта, соли гузашта нархи 1 килои он дар бозори ҷаҳонӣ то ба 2000 доллари амрикоӣ расида буд. 90% заъфарони ҷаҳонро имрӯз дар Эрон парвариш ва коркард мекунанд. Заъфарон, дурусттараш 2-3 пояи хурди онро аз дохили гули шукуфта мегиранд ва ин кор заҳматталаб аст, зеро он бо роҳи дастӣ сурат мегирад. Заъфаронро, ки хусусиятҳои фавқулоддаи табиӣ дорад, бештар дар омода сохтани хӯрокҳо, шириниҳо ва нӯшокиҳо истифода мебаранд. Ман барои дӯстонам 5 гр заъфарон (шафран-русӣ) харидам, фурӯшанда ҳар 1 грамми онро ҷудо намуда, дар қуттиҳои хурди алоҳида гузошт, то барои бурданам осонтар шавад.
Арчаҳои солинавӣ ва эҳтиром ба Тоҷикон
30.11.2017. Соат бо вақти Теҳрон 10:00 дақиқа. 1 рӯз пеш аз Машҳад ба Теҳрон, пойтахти Эрон меоям. Теҳрон, ки мисли Маскаву Ню-Йорк 1 мегаполиси калон аст, наздики 15 млн нафар аҳолӣ дорад. 3 рӯзи дигарам пеш аз бозгашт ба Душанбе дар ин шаҳр гузашт. Ман тасаввур намекардам, ки дар аксарияти марказҳои савдо, тарабхонаҳо, дӯконҳои хурду миёнаи Теҳрон арчаи солинавиро мебинам. Арчаҳои солинавӣ аз 1.12.2017 дар тамоми гӯшаву канори шаҳр қомат афрохта, фурӯши бозичаҳои ороишии идона ва лӯхтакҳои Санта Клаусу Барфакҳову дигар қаҳрамонҳои солинавӣ дар ин кишвари исломӣ шурӯъ шуда буд! Коре, ки ман қаблан на дида ва на шунида будам! Дуруст аст, ки ҳукумати Эрон мегӯяд ин корро ба хотири эҳтироми халқиятҳои гуногуни муқими кишвараш, ба мисли арманиҳову гурҷиҳо мекунад, вале ҳоло эрониҳо низ соли нави мелодиро бо 1 шукӯҳи хос таҷлил мекунанд ва ба он то 1 моҳ пеш омодагӣ мегиранд. Офарин!
Чизи дигаре, ки маро дар ҳайрат гузошт ин муносибати гарму самимии мардуми Эрон хеле мойил ба Тоҷикон буд. Алалхусус, чунин бархӯрдро дар байни кормандони идорӣ, дурусттараш масъулини бархе аз вазоратҳои ҶИЭ дидам, ки бароям ғайриинтизор намуд. «Мо Тоҷикистонро хеле дӯст медорем! Мо ба президенти шумо оғои Эмомалӣ Раҳмон хеле эҳтиром дорем!»-мегуфтанд онҳо. Маҳз ҳамин лаҳзаҳо эҳсос кардам, ки сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвари ман саривақтиву дуруст буд ва шояд ҳамин сиёсат аст, ки тавонистам мушкили худро, ки 3 соли охир ҳалли худро намеёфт, дар муддати 2 рӯз ҳаллу фасл намоям. Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова,
СССР
(Душанбе-Машҳад-Нишопур-Душанбе), 27-28.11.2017