Имсол дар Тоҷикистон гӯё соли Тӯҳфаи Фозил ҳам буд, чун аз чашм ба олами ҳастӣ кушодани ин ҳунарпешаи нотакрор 100 сол мегузашт. Ҳамаи нашрияҳо аз ҳаёти ин Ҳунарпешаи мардумии Шӯравӣ мақолаҳои зиёде чоп карданд. Аммо баъзе аз ин навиштаҳо аз ҳақиқат дур, бофтаи хаёл буданд. Чун бо пайвандони ӯ вохӯрдаву сӯҳбатҳо ҳам доштам, ин ҷо мехоҳам чанд паҳлӯи норӯшани зиндагии ин нобиғаи ҳунарро бароятон рӯшан кунам. Фозил ҳарчанд 3 зан дошт, аз бефарзандӣ дардҳое дар дил бардошта мегашту баъзан боиси сархамияш ҳам мешуд. Ба болои 3 зан Улуғбибиро мегирад ва пасопеш соҳиби 4 духтар мешавад. Занҳои дигар, ки ташнаи фарзанд буданд, бе ягон рашку ҳасад бачаҳои Улуғбибиро бо меҳрубонӣ парвариш мекунанд. Фозил паҳлавоне буд ва солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ посбони бозори Конибодом таъйин мешавад. 1 шаби тобистон ғоратгарон ба бозор ҳамла оварда ӯро бо бераҳмии хос мекушанд. Онҳо 1 табақи дарвозаро канда, бо он посбонро зер мекунанд, вале паҳлавон дами мурдан ҳам таслим нашуда, 1 қабза риши яке аз қотилонро канда мегирад. Улуғбибӣ бачаҳояшро ба интернати навтаъсис супурда, худаш низ он ҷо ба кор медарояд. Вале нияти интиқом дигар фикру хаёлашро банд карда буд. Ҳарчанд ҳамроҳи духтаронаш Хонбибӣ ва Фотима, ки аввалин комсомолдухтарон буданд, байни занон кори зиёди ташвиқотӣ мебурд, дар озодӣ мондани қотилони шавҳараш нороҳаташ мекард. Бо пофишориву давутози зиёд с.1926 ба милиса ба кор даромад. Аввалин милитсионерзани Тоҷик ҳарчанд ба мақсад расида, қотили шавҳарашро ба сазо расонд, боз чандин сол дар ин соҳа кор кард. Баъд ба Душанбе кӯчида, то дами марг дар манзили духтаронаш-Тӯҳфа ва Фотима мезист.
Ханҷархон
Духтари калонии ӯ-Хонбибӣ Фозилова баъди ба шавҳар баромадан ҳамроҳи шавҳараш Юлдош дар Тошканд зиндагӣ мекард. Овози хушу гирое дошт ва дар Тоҷикистону Ӯзбекистон бо тахаллуси Ханҷархон машҳур буд. Нависанда Ҳоҷӣ Содиқ ёдовар шудааст, ки солҳои 1930 Ханҷархон дар боғи ш.Конибодом чанд рӯз намои ҳунар намуда, аз Хӯқанду Исфара барои тамошо мардум меомаданд ва дар саҳнаи чорбоғ ҷои сӯзанпартоӣ намемонд. Овозаи ҳунари Хонбибӣ он солҳо чунон атрофро печида, ба қавли шоир Алӣ Бобоҷон, бо унвони Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон қадр ёфтааст. Аммо ин нукта баҳсбарангез боқӣ мемонад, зеро дар Қомуси миллии ӯзбек ва феҳристи ҳунарпешагони халқии Ӯзбекистон номи ӯ нест. Дигар ин ки унвонҳои ҳунарпешаи мардумӣ ва шоиста дар Ӯзбекистон с.1940 таъсис ёфтааст ва то ин вақт унвони ҳунарпешаи мардумӣ ба таври нимарасмӣ бо қарори Шӯрои нозирони халқ танҳо ба 5 тан дода шудааст. Ханҷархон баъди марги шавҳар бо писараш Плехан ба Душанбе кӯчида, овозхониро қатъ кард.
Фотима
Фотима-духтари дигари Улуғбибӣ хеле ҷавон шавҳар мекунад ва ҳамсари 40-солаашро, ки биноияшро аз даст дода буд, дар Конибодом гузошта, Тошканд меравад. Баъди хатми риштаи ҳуқуқшиносӣ дар вазифаҳои муовини додситони ш.Душанбе, котиби райком, мудири шӯъбаи занон кор карда, с.1988 дар пойтахт фавтидааст. Ба қавли духтараш Муборак Шарифова-номзади илмҳои риёзӣ, ӯ зани қавирӯҳе будааст, ки баъди марги шавҳари аввал ва дар ҶБВ фавтидани шавҳари дуюм ва 2 писараш ҳам худро набохтааст.
Паттинисо
Духтари сеюм Паттинисо баъди хатми Омӯзишгоҳи қаннодии Ленинград дар корхонаҳои қаннодии Душанбе кор мекард. Бо ин духтар шаби аввали издивоҷ чи иттифоқе афтода, 1 умр аз мардон бадаш меомад ва то вопасин нафас ҳамхонаи Тӯҳфа буд.
Тӯҳфа
Соли 1956 чи иттифоқе афтоду дар Конибодом театри давлатиро дар 25-умин соли фаъолияташ барҳам дода, ҷояш 1 театри халқиро боқӣ гузоштанд. Соли 1969 раиси шӯрои вазирон Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки чун вазир Балъамӣ пуштибони аҳли ҳунар буд, муваффақ шуд, театрро дубора эҳё намояд. Лек дар ин 13 сол кормандони ҳирфаии театр пароканда шуда, раҳбари тозакори он бояд аз сифр оғоз мекард. Ба сарварӣ чандин нафарро тавсия карданд, вале котиби райком Раҳбар Қосимов писанд накард. Дар ҳамин хел рӯзҳо маро аз мактаби №1 ба бюрои горком бурданду худам нохоста сарвари театр шуда мондам. Дар умрам созеро ба даст нагирифта, суруде нахонда, умуман, аз кӯчаи санъат нагузашта корро сар кардам. Дар хона ҳар рӯз аз хусуси кори навам 1 хархаша мехест. Ҳунарпеша ёфтан 1 ташвиш, ҷиҳози саҳна ёфтан дарди сари дигар буд. Аз театрҳои пойтахт курсиву палосу парда гадоӣ кардему аз киностудияи «Ӯзбекфилм» бо кӯмаки Комил Ёрматов асбобҳои равшаниафкан овардем. Қаҳҳоров бидуни навбату коғазбозӣ воситаи он замон камёфт-автобус ҷудо кард. Аммо ҳеҷ кор пеш намерафт. Миёни Душанбеву Конибодом сарсон будам, ҳатто аризаи аз кор рафтанро навиштам, ки онро хонда, ашки чашмони муовини раиси кумиҷроия Фароғат Рустамова шашқатор шуд. Инро дида, аз раъям гаштам. Ин сарсониҳои маро дида, вазири фарҳанг пешниҳод кард:
-Тӯҳфа ҳамшаҳрият бошаду ту азоб кашида гардӣ?! Дилашро ёфта ба Конибодом бар. Номашро дар эълонҳо бо ҳарфҳои калон-калон нависон. Ана дидӣ, ки ба шарофати Тӯҳфа дар толор ҷои поймонӣ намеёбӣ. Охир вай одами андак-мундак не, Артисти халқии СССР! ЭС-ЭС-ЭС-ЭР, мефаҳмӣ?!
Меҳрубон Назаров рост мегуфтаст. Баробари 1-сола ба театри мо омадани Тӯҳфа корамон ривоҷ ёфт. Дар Ашту Ӯротеппаву Мастчоҳ, Хӯқанду Марғилону Андиҷон, водии Фарғона ҷое намонд, ки нарафта бошем. Ҳунарманди мардумии Шӯравӣ ҳамроҳи ҳунарпешагони театри мо дар толорҳои ободу нообод, дар деҳу шаҳру авулҳо суруд мехонд, нақш мебозид. Барои ҳунармандони ҷавон 1 устоди хубе шуд, барои ба по истодани театри зодгоҳаш хоксорона заҳмат кашид. Баъди анҷоми рисолаташ ӯро ба Душанбе гуселондем. Ин замон ба театр ҳунармандони касбӣ ҳам омаданд. Ман ҳам аз раиси кумиҷроия илтиҷо кардам, ки маро ба касби омӯзгорӣ баргардонад. Дар мактаби №7 машғули кор будам, ки ба кумитаи назорати халқи вилоят даъват карданд. Ман ба Тӯҳфа давоми 1 сол ғайриқонунӣ якуним меъёр маош додаам. Дар асл он вақт агар ҳунарпешае ба театри дигар даъват шавад, ба муздаш ба истилоҳ «ним ставка» илова мешуд. Комёбиҳои театр, Ҳунарпешаи мардумии СССР буданашро ваҷҳ овардам, нафъе накард. Давоми 1 сол аз музди омӯзгории ман ҳамон маоши гӯё берун аз қонун додаамро дошта монданд. Аммо коре, ки Тӯҳфа барои театри мо ба ҷо овард, ба садҳо маошу мукофот меарзиду ба он «ҷазои модди»-и гирифтаам 100% розиям.
Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад,
журналист, н.Конибодом