Ман аз мӯи дарози ту ба ғафлат бахти худ ҷустам,
Шаби Ялдо чунон ҷустанд мардум мурғи Анқоро!
Сайдуллоҳ Амин
Шаби Ялдо 1 шаби чилла шаби дарозтарини сол дар нимкураи шимолии замин аст. Ин шаб байни ғуруби офтоб, 30-юми озар-охирин рӯзи тирамоҳ, то тулӯъи офтоб, аввали даймоҳ-рӯзи нахустини зимистон буда, аз рӯи солшумории мелодӣ шоми 21 ба 22 декабр фаро мерасад.
Маънои ялдо ин таваллуд, зодрӯз ва зоиш буда, мардуми форс аз қадим бовар доштанд, ки аз рӯзи дигари шаби ялдо офтоб зудтар дамида, рӯз дарозтар мешавад. Шаби ялдоро дар баъзе минтақаҳо шаби чилла ҳам мегӯянд, ба мисли он, ки мегӯянд «чиллаи замистон даромад!».
Дар луғатномаи Деҳхудо дар бораи суннати қадимаи ин шаб чунин омадааст:
« Ялдо луғати сурёнӣ аст ва ба маънӣ вилодат ва чун шаби ялдоро бо мелодии Масеҳ татбиқ мекардаанд, аз ин рӯ, бад-ин ном номидаанд. Ялдо, вилодати Хуршед-Меҳр, Митро аст ва румиён онро Нотолис ануиктус, яъне рузи таваллуди меҳри шикастнопазир номанд».
Абдулқодири Рустам, муҳаққиқи шинохтаи Тоҷик дар бораи шаби ялдо менависад:
- Халқҳо ва қавмҳо бар 2 гуруҳанд: гурӯҳе халқҳои маҳтобӣ ва дигаре гурӯҳи хуршедӣ. Ақвоми эронӣ, аз ҷумла, Тоҷикон ва гузаштагони эшон аз ҷумлаи халқҳои хуршедианд. Ақвоми моҳтобӣ бар асоси гардиши моҳтоб тақвим эҷод карданд ва халқҳои хуршедӣ бар мабнои ҳаракати хуршед. Зиндагии гузаштагони мо, маросимҳои дунявӣ ва диниашон сахт марбути гардиши хуршед аст, аз ҷумла Наврӯз. Ва дигаре аз ин маросими марбут ба хуршед - шаби ялдо ва ё чилла аст.
Устод Абурайҳони Берунӣ шаби ялдоро шаби зоиши Хуршед медонад, ба ин маънӣ, ки пас аз ин шаб, ки дарозтарин шаби сол аст, рӯзҳо оҳиста- оҳиста дароз мешаванд, то ки шабу рӯз баробар мешаванд ва Наврӯз фаро мерасад. ..... Ҷашни таваллуди Хуршед ба ҳама фарзандони Тоҷик, ба ҳама Хуршедзодагон муборак бод! Нигоҳатон ва дилҳоятон хуршедӣ боду гарму рушан! Эдун бод!
Ҷашни ялдоро имрӯз низ мардуми форстабор бо гирдиҳам омадан сари 1 суфра ҷашн мегирад. Дар рӯи суфра ҳатман харбуза, анор, ширинӣ, хушкмева, ки ҳамаи ин рамзи саломатӣ, фаровонӣ, баракат, шодкомӣ аст, бояд бошанд. Аз асрҳои гузашта фолгирифтан аз китоби Ҳофиз дар шаби ялдо ва хондани ғазалиёти ӯ хеле пурфайз аст. Ҳастанд нафароне, ки дар ин шаб илова бар Ҳофизхонӣ, достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсиро мехонанд. Расм аст, ки дар шаби ялдо ба наварӯсон низ тӯҳфа омода намуда, ба ятимон хайр кунанд.
Ёри осоиши гетӣ бизанад бар дили реш,
Субҳи содиқ надамад то шаби ялдо наравад.
Саъдӣ
Шаби ялдо, тавлиди Хуршед ва таваллуди Исои Масеҳ пайғамбари мурсал, муборак!
СССР