ХАБАРИ ДОҒ

Ҷоизаи СССР ба Шералӣ Ганҷалзода – «Мардумитарин вазири тоҷик»

  • Ҷумъа, Март 18 2016

Имрӯз, 18 марти соли ҷорӣ дар арафаи ҷашни байналмиллалии Наврӯз Газетаи мардумии СССР Диплом ва тӯхфаи рамзии хешро ба Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби лоиҳа – озмуни «Мардумитарин вазири тоҷик кист?, дар маросими тантанавӣ супорид. 

 

Сайёфи Мизроб, сардабири Газетаи мардумии СССР дар сухани табрикии хеш иброз намуд, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, солҳои охир вазорати нақлиёти кишвар дар ин самт муваффақ ҳам шуда истодааст, таҷдиди нақби «Истиқлол», азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Ховалинг, Кӯлоб – Шӯрообод – Дарвоз яке аз далелҳои ин гуфтаҳоянд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти мамлакат низ аз Дипломи махсус ва тӯҳфаи рамзии Газетаи мардумии СССР арзи сипос намуда таъкид дошт, ки дар лоиҳа – озмуни мазкур мардум амнияту сулҳу суббот, таълиму тарбия ва роҳкушоиро дар кишвар дида, баҳои хешро додаанд, ки ин боиси ифтихор аст. Вазорати нақлиёти ҶТ ҳамеша барои ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма омодааст ва саъю талоши хешро барои боз ҳам бештар тақвият додани ин ҳамкориҳо равона хоҳад сохт.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳа – озмуни «Мардумитарин вазири Тоҷик кист?» аз 1.12.2015 то 3.03.2916 давом дошта, он ба сокинони кишвар имкон дод аз байни 14 нафар вазирони кабинаи сарвазири кишвар Коҳир Расулзода мардумитарин ва дастрастарин вазири хешро интихоб намоянд. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ бо 2021 овоз дар ҷои 1, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм дар мақоми 2 ва Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёт сазовори ҷои 3 гаштанд.

 

Ҷамила Ҳусейнова

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter