ХАБАРИ ДОҒ

Баъди танзим: Тӯйи Тоҷикон ба Қирғизистон кӯчид

  • Ҷумъа, Март 18 2016

Сайти хабарии “Open Asia” (Осиёи боз) иттилоъ медиҳад, ки мардуми навоҳии наздимарзии Тоҷикистон дар пайи қабули қонуни танзим бисёри тӯю маъракаҳои худро дар қаламрави Қирғизистон баргузор мекунанд, ки он ҷо танзим нест.

Дар ин бора баъди шиносоӣ бо ҳаёти сокинони навоҳии Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон хабар додааст. “Барои он, ки аз маҳаллаи Хистеварзи Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистон равӣ, гузаштани роҳи мошингузар кофист. Ин ҷо гузаргоҳҳо ва симхорҳо вуҷуд надоранд. Тӯйхонаи наздисарҳадии “Раъно” бо 350 ҷои нишаст айни ҳол дар таъмир аст. Соҳибонаш ба мавсими тӯйҳо омодагӣ дида истодаанд. Кормандони тӯйхона мегӯянд, тоҷикон дар ин тӯйхона меҳмонони доимиянд. Ҳаққи хизмати тарабхонаи дигар бо 220 ҷои нишаст баробари 2000 доллар аст, ки барои тӯйдорони тоҷик маблағи калон нест. Тоҷикон на танҳо барои тӯй, балки барои дигар молҳои ниёзашон низ ба Қирғизистон меоянд, зеро ин ҷо нархҳо арзонтаранд ва бисёри мағозаҳои наздимарзӣ нархҳояшонро ҳам бо сом ва ҳам бо сомонӣ нишон медиҳанд. Аз ҷумла 1 гусфанде, ки дар қаламрави Қирғизистон $100 аст, дар Тоҷикистон бо нархи 150 доллар фурӯхта мешавад” – менависад “Open Asia”.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter