ХАБАРИ ДОҒ


(Ҷиддитарин таҳқиқот дар дафтари аъмолу рӯзгори эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатзода)

2.04.2008, яъне расо 10 сол қабл, дар фазои фарҳангу ҳунари Тоҷик 1 овозаи шубҳаноки аз ҳақиқат дур паҳн шуда, боиси ҳайрату изтироби аҳли ҷомеа, хусусан, қисмати боназокату болатофати он гашт. «Ин овоза, агар 1 рӯз пеш, яъне 1 апрел паҳн мегашт, шояд ин қадар мӯҷиби вокунишу сару садоҳо намегардид»- гуфта шуда буд дар баёнияи муштараки Шӯрои ҷаҳонии ҳуқуқи бонувон (ШҶҲБ), Созмони байналмилалии ошиқон (СБО) ва Кумитаи умумибашарии ҳаракату ҷунбишҳои ҷавонӣ (КУҲҶҶ). Ин овозаҳо ба Лутфулло Давлатзода (ЛД) тӯҳмат мезаданд, ки гӯё ӯ дар авҷи баҳори умр якбора 50-сола шуда бошад. Он замон таъҷилан гурӯҳи зудамали тафтишотӣ (ГЗТ) созмон дода шуд, ки баҳри таҳқиқи овозаҳо, баррасии ҳодиса ва рӯшанӣ андохтан ба асли воқеа корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, зимни пурсишу гирифтани баёноти шоҳидон маълумотҳои пурарзише ба даст овард. Мутаассифона, он замон новобаста аз вазъу ҳолати ботиниву зоҳирии гумонбаршуда, новобаста аз сурату симои ба овозаҳо номутаносиби ӯ далоил ва асноди ҷамъовардаи ГЗТ воқеияти миш-мишу овозаҳои мардумро нисбат ба ЛД тасдиқ карданд. Ҳарчанд, дар тӯли 10-солаи охир симои зоҳирӣ ва ҳолати ботинии ЛД қариб, ки тағйир наёфтааст, вале дар ин росто сару садо ва овозаҳои боз ҳам шубҳаноктару изтиробангезтаре паҳн шуданд, ки гӯё 2 апрели соли равон ЛД-и азизи бонувон, э бубахшед, азизи ҳамагон 60-сола шуд! Ин шов-шови навбатӣ низ боиси нигаронӣ ва ҳайрату изтироби 1 зумра ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ гардида, анқариб ба музокироти гурӯҳҳои даргир дар Сурия ва Украина халал ворид менамуд. Барои таҳқиқи овозаи мазкур бо ибтикори фаъолони ҷомеа (ФҶ), Шӯрои калонсолон (ШК), Иттифоқи бонувон (ИБ), Ҳизби миллии ошиқон (ҲМО) ва чандин созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ комиссияи бонуфузе созмон дода шуд. Инак, гузориш ва хулосаҳои комиссияи босалоҳияти ҷамъиятӣ (КБҶ)-ро ба таври фишурда манзури мухлисону ҳаводорони ЛД мегардонем:
Мо дар зер имзогузорандагон баъди пурсуҷӯ ва кофтуковҳои густурдаи археологӣ ва трамбофологӣ дар деҳистони Кангурти бостонӣ, дар кӯчаву гулгаштҳои Гузари Тор, дар ҳавлии амаки Саъдулло (руҳашон шод бод), дар дабистони №17, дар ҳудуди маҳаллаҳои 2-юм Советский, Донишкадаи санъат ва хобгоҳи он, дар шаҳри бостонии Конибодом ва Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Т.Фозилова, дар архиву бойгониҳои Артиши шӯравӣ, дар архивот ва бойгоноти ниҳоят бойи КМ КПСС ва ташкилоти ибтидоии он дар Театри ба номи Лоҳутӣ, дар бойгониву осорхонаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, дар ҳуҷҷатҳо ва асноди идораи мусиқии шабакаи аввали ТВ «Тоҷикистон», дар идораи корхонаи Воҳиди кинову видеои Кумитаи давлатии ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, дар бойгонии ТВ «Баҳористон», дар бойгонии боз ҳам бойтари ТВ «Сафина» ва ниҳоят дар дафтари «Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ» бо дарёфти нодиртарин санаду маълумотҳо ошкор намудем, ки ЛД на 60-сола, балки ба шаст даромадааст. Ба шаст омадани ЛД-и азизро далоили зиёде тасдиқ менамоянд:
Нахуст ин ки мавсуф дар шаҳри Гурдон-Кандгурд ба дунё омада, дар муҳити деҳоти зебои Гузари Тор, Давлатшоён, Оби Ширин, Чанор, дар домани кӯҳи Хоҷаи Нур, дар он муҳиту фазое, ки ҳунармандони маъруферо чун Фаттоҳ Одина, Миратулло Атоев, Барот Яхшиев, Гурги Бег (рӯҳашон шод бод), Тӯрахон Аҳмадхонов, Убайдулло Раҷабов парваридааст, камол ёфта, с.1975 бо боли орзуҳо ба Донишкадаи ҳунарҳои зебои ш.Душанбе парвоз кардааст.
Сараввал ба камолоти завқу дилбастагии ӯ ба ҳунар падараш Саъдуллои Давлат, ки дуторнавозиву гӯрғӯлихонӣ мекард, модаркалонаш момои Нисо, ки гӯяндаи хуби афсонаву қиссаҳои мардумӣ буд, таъсиргузор буданд. Баъдан, чуноне ки гумонбаршуда дар баёноти хеш изҳор намудааст, дар парвариши завқи ӯ устодони мактабиаш Субҳони Хол, Саид Талбак, Бобои Саиди Япалоқ ва дигар мардони зарифу ҳунарвари Кандгурд саҳми пурарзиш гузоштаанд. Дар донишкада пойдевори маҳорату истеъдоди ӯро устодони касбии ҳунар Тамара Абдушукурова, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Аҳмадҷон Қодиров ва дигарон устувор карданд. Баъди адои хизмати Модар-Ватан дар Артиши Шӯравӣ бо кӯмаку ташаббуси устод Убайдулло Раҷабов (УР) худро ба оғӯши модари театрҳои Тоҷик-Театри ба номи А.Лоҳутӣ андохта, орзуҳои ширини худро дар ҷодаи ҳунар ҷомапӯшон мекунад. Ҳамин оғӯши гарми модари театрҳои Тоҷик сабаб гашта, ки ӯ баъдан сазовори оғӯшҳои зиёде мешавад. Албатта дар ин оғӯши пурмеҳр, дар паҳлӯи Аслӣ Бурҳонов, Т.Фозилова, Гурминҷ Завқибеков, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳ.Абдураззоқов, М.Исоева, Ҳ.Гадоев, Б.Раҷабов, М.Тоҳирӣ ва дигар ахтарони пурҷилои театру синамои Тоҷик кор кардан барои ҳар 1 ҳунарманди ҷавону роҳҷӯ мояи шарафу ифтихор аст. Нақшҳои бозидаи ӯ дар саҳнаи театр ба мисли Баҳодур («Вопасин арӯси амир»-и Ф.Муҳаммадиев), Саид («Ҷияни хира»-и Ш.Солеҳ), Азимҷон («Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н.Абдуллоев), Шоҳзода Пармуда («Баҳроми Чӯбина»-и Т.Аҳмадхонов), Дон Санчог («Саид»-и Корнелл), Чӯпон «Эдип»-и Софокл, Муборакхон («Фарёди ишқ»-и Ғ.Абдулло, Молчалин («Дод аз дасти ақл»-и А.Грибоедов), Лочин («Тарс»-и Н.Табаров)… далели ғайрату меҳру садоқати бепоён ба ҳунар, ба театранд.
Ӯро мардум чун «Хиратарин ҷиян» ва ихтироъкори «Зани оҳанин» бештар шинохтаву дӯст доштаанд. Таҳқиқотҳо маълум гардониданд, ки ЛД хеле барвақт, қабл аз ихтирову сохтани «Зани оҳанин» ҳанӯз ҳангоми донишҷӯияш бо Иборатбону-духтари бобои Маҳмадисо издивоҷ карда, яке аз сабабҳои ҷавону зебову нерӯманд мондани ӯ дар домани 60 маҳз ҳамин ҳамсари меҳрубону пуртоқату ғамхораш маҳсуб мешавад. Далели мӯътамади 60-и камолоти бобои Лутфулло 5 фарзанд ва 18 набераи дӯстрӯяку нозанину ширинаки ӯянд ва агар набераи калонӣ Рамазонҷон ғайрат кунад, метавонад дар ин солҳои наздик бобои Лутфуллоро ба бобокалон мубаддал созад. Гумонбаршуда ЛД ҳангоми тафтишот ба саволи «мегӯянд, ки хонумҳо, хоса ҷавонбонувони зиёде ихлосмандона шуморо дӯст медоранду шумо низ дар ҷавоб ба эҳтироми таваҷҷӯҳи эшон бетараф нестед» кӯтоҳ посух додаст: «Не, ин ҳама шов-шови мардум аст!»
Таҳқиқотҳо муайян карданд, ки ЛД ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир (ОҚ) баҳри бунёди манзил барои дарёфти 5 тонна семент мусоидат кардааст ва боз ҳам ният доштааст, ки дар пайдо намудани дигар маводи сохтумонӣ ба ӯ бародарона кӯмак хоҳад кард. Гурӯҳи тафтишотии комиссияи босалоҳияти ҷамъиятӣ (КБҶ) муайян сохт, ки ЛД ба китобҳои Ҳошим Гадо (ҲГ) шавқи беандоза дошта, ҳамаи ҷилдҳои он (145 ҷ.), ҳатто ҳоло чопнашудаашро дарёфт кардааст. Дар мавридҳои муносиб аз ҳикматҳои бузурги файласуфи бузурги замон ҲГ андарзҳоеро ироа мекунад: «Одам бояд нағз бошад», «Одам бояд ғизо хӯрад», «Агар одам бедор бошад, хуррак намекашад»…
Хулоса ва қарори комиссияи босалоҳияти ҷамъиятӣ (КБҶ) доир ба овозаҳо нисбат ба Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои Тоҷик Лутфулло Давлатзода:
1.Ба гумонбаршуда ЛД дар кору фаъолияти эҷодӣ баҳри хизмати содиқонаву шарафмандона дар роҳи рушду нумӯи миллат саломативу комёбӣ, бахту иқболи баланд ва 1 шасти дигар хоҳонем.
2.Ба модари меҳрубону ҳамсари ғамхори ЛД, ба ҳама устодону ҳампешагони ЛД, ба пайвандону азизони ЛД, ба фарзандону наберагони ЛД, ба ҳама ҳаводорони ЛД, хулоса, ба ҳама дӯстдорони ҳунари асил ҷашни камолоти умри пурбори ЛД-ро самимона табрику таҳният мегӯем.

Ортиқ Қодир,
Котиби ҳайати комиссияи босалоҳият

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter