Субҳдам ба кор мешитобидам. Бо модари бемор ва ранҷур худоҳофизӣ карда, костюмамро пӯшидам, ӯ аз ҷойхоб бо овози нарм гуфт:
-Аввал остини ростатро пӯш, бачам.
Ба ранги заҳир ва рӯи пурчини модар нигариста, дилам дард кашид. Бо табассуми пурдард гуфтам:
-Модар, беш аз 5 даҳсола боз ин ҳарфро такрор мекунӣ. Ҳама гуфтаҳоятро аз бар кардам. Пойафзоламро нахуст ба пои рост мекашам, нахуст остини ростро мепӯшам, рост мегӯям, рост меравам. Вале ҳоло ки беморӣ, ғами маро махӯр. Акнун ман бояд ғами туро хӯрам, модар. Ман охир марди баркамолам…
- То вақте ҳастам, ту барои ман кӯдакӣ…
Садои гӯшнавози модар ҳар рӯз дар гӯшам гоҳи либосамро пӯшидан, пойафзолро ба по кашидан, ҳатто ҳангоми дастурӯ шустан садо медиҳад. Ҳар кас дар зиндагӣ устод ва роҳнамое дорад. Барои ман модар аввалин роҳнамо буд. Қиблагоҳам рӯз то бегоҳ банди кор ва пайи таъмини рӯзгор, дар хона чӣ гапу коре мешуд, бехабар ва ҳама ташвиши рӯзгор бар дӯши модар буд. Рӯзгори бофайз дошт модари сариштакорам. Воқеан, хеле мушоҳидакор ҳам буд. Мо ба куҷо мерафтем ва бо кӣ мерафтем, медонист. Ҳар гоҳ ба кӯча мебаромадам, мепурсид: бо кӣ ва ба куҷо меравам? Агар мегуфтам, бо Раҷаб меравам, иҷозати рафтан медод. Вале агар мешунид, ки бо Фармон нияти бозӣ кардан дорам, қатъиян муқобил мебаромад.
-Медонам, бо Фармон равӣ, ягон бало ба сар меорӣ. Вале то бегоҳ бо Раҷаб бошӣ, дилам пур. Аз Раҷаб кори зиште содир намешавад. Барои ҳамин беҳуда намегӯянд: «Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ».
Модарам ҳеҷ намехост, ки фарзандонаш ба роҳи бад раванд, ба кори зиште даст зананд. Шояд ҳама модарон инро намехоҳанд, вале на ҳама модарон барои ин талош мекунанд ва онҳое, ки сахт талош менамоянд.
Модар ва адабчӯби ӯ…
Дар ганҷурхонаи мо сатиле дар шифт овезон ва доим пур аз гӯштбирён буд. Фурсати муносиб ёфта, медаромадам ва сатилро бо эҳтиёт мефуровардам. Аз он гӯштпорае гирифта, боз гашта сатилро ба ҷояш мегузоштам. Аз хона, аз чашми модар дур рафта, баҳузур мехӯрдам. Модар бо фаросате, ки дошт, зуд инро пай бурд. Ва рӯзе ба гунҷурхона даромадам. Гӯштпораи калонеро гирифта, сатилро баргашта, ба ҷояш овезон кардам. Садои пои модар баромад ва ман саросема гӯштро ба киса андохтам. Модар дарро кушода даромаду пурсид:
- Ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
- Ҳеҷ кор, -ҷавоб додам.
- Чаро сатили шифт меҷунбад?
- Намедонам- боз посух додам.
-О, намедонам, ки бошад, чаро аз кисаат равған мечакад? Ту дузд шудаӣ! Ман дузд зоида, дузд тарбия мекунам-а?!
Модар даст дароз карда, аз равоқи гунҷурхона чӯби пахтазанро гирифт. Ин чӯби душоха адабчӯби ӯ буд. Баробари чӯбро ба даст гирифтанаш, фурсатро ғанимат дониста, роҳи гурезро пеш гирифтам. Аз адабчӯб халос хӯрдам, аммо аз ҷазо на. То чанд рӯзи дигар аз модар таънаву маломат мешунидам. Шояд барои бархе ночиз тобад. Хайр чӣ, кӯдак охир, дилаш гӯшт кашидааст, дуздида хӯрдааст. Вале нигоҳи модари ман ба ин «дуздии кӯдак» дигар буд.
-Дузди хона дузди берун мешавад- мегуфт ӯ.- Пагаҳ нафсат гӯшт мекашад, гови ҳамсояро медуздӣ, гӯштбирён карда мехӯрӣ ва рӯи ман барин модар дар 2 дунё сиёҳ мешавад…
Нози Модари ман
Ҳар гоҳ, ки ба деҳа ба дидорбинии модар мерафтам, ҳамсинфонам Холмуроду Ҷумъахон ва Музаффар омад-омади маро шунида меомаданд. Якҷоя то нимашаб ёд аз мактабхониву бачагӣ мекардем. Бо хоҳиши ман бачаҳои ҳамсабақ устодам муаллими Мирзоро низ меоварданд. Сӯҳбати ёрони кӯдакиву наврасӣ, ҳазлу шӯхии онҳо ҳеҷ хотима намеёфт ва гоҳе хеста мерафтанд, ки вақти хоб мешуд. Модарам бо гилаву қаҳр мегуфт:
-Ту назди ман намеоӣ, назди ҳамин Холмуроду Музаффар меоӣ. Ҳамин муаллими Мирзора хабаргирӣ меоӣ.
Оҳ, чӣ қадар ранҷиш, чӣ қадар нози модарона буд дар ин ҳарфҳо. Охир бо модар соатҳо нишаста суҳбат мекардам ва намефаҳмидам вақт чӣ хел бигзашт. Суҳбати модар бароям он қадар лазиз буд, ки акнун тасаввур намекунам, ки барои ӯ чӣ лаззате дошту чӣ роҳате сӯҳбати фарзанд. Ҳоло писари баркамоламро ҳар гоҳ таги долони ҳавлӣ бо модараш дар суҳбат мебинам, ба завҷаам ва писарам чӣ қадар ҳавасам меояд, худам медонаму Худо!
Калиди даричаи дилам дар дасти модар буд. Модари рамузфаҳм ба ҳама дилҳо раҳе меёфт. Қиблагоҳам модарамро зиёд ситоиш намекард. Вале дами марг ӯро дуои нек дод ва шукргузории қисмат ва ҳамқисмати порсову ҳамида намуд. Бо он, ки падар дами марг буд, дар назарам модари гирён ва чашмпуробам сарафрозтар аз гирандагони ҷоизаи Нобел намудор гардид. Воқеан дар ташаккули шахсият ҳузури падар басо муҳим аст, вале ҳар нафаре, ки дар зиндагӣ муваффақ шудааст, он аз тарбияи модар сарчашма гирифтааст. Дар зиндагии ман ҳам ҳама чиз, ҳама ҳодиса ба модарам марбут будааст. Модари ман бо худ аз вуҷудам пораҳоро ва дар он пораҳо ормонҳову ҳавсалаҳоро низ бурд. Ҷои ӯ холист, ки холӣ…
Дӯстам Сайёф нақл кард, ки «дар кӯдакӣ шавқи зиёди сурудхонӣ доштам. Ва рӯзе аккордеонро гирифта, дар хона машқи суруд мекардам. Нохост модарам ворид шуд ва пурсид:
- Суруд мехонӣ, бачам?
- Ҳа, -гуфтам,-очаҷон, суруд мехонам.
-Дигар нахон, бачам!- Ҳамин қадар гуфт модарам ва дубора пайи кори хеш аз хона берун шуд. Ман баъди ин ҳарфи модар дубора суруд нахондам. Ба дил гуфтам, овози манро ҳатто модарам шунидан нахоҳад, пас чаро суруд хонам?»
Воқеан, модар бояд ингуна бошад, ки ҳама ҳусну қубҳи фарзанд, ҳунару тавони ӯро дида тавонад. Модари ман ҳамин гуна буд. Аз ҳар амали некам шод мешуд. Эҳсос мекардам, ки ботинан меболад. Охир фарзанди ӯ шахси ба ҷамъият, ба мардум нафърасон шудааст. Ниҳоле, ки ӯ парварид, меваи ширин ба бор овард, то дигарон низ ком ширин кунанд. Вале кори андак нохуби маро нодида намегирифт. Ҳай сарзанишам мекард. Ҳар кӣ шудам, ҳар чӣ дорам, ҳосили силаву силиҳои модари бузургворам аст…
Модар ва Наврӯз
Дар ин айёми омад-омади Наврӯз рӯзгори зебои бо модарам будан ёдам меояд. Наврӯз маро аз гурӯғлисароии падар ёд меорад. Дар меҳмонхона сари хони густурдаи модар падар бо мӯсафедон бобои котиби Абдул, бобои Саидҷаъфар, бобои Асо, бобои Абдулло, бобои Раҷабалӣ амаки Субҳону Саидикрому Саидакбар нишаста, то нисфи шаб достонҳои «Гӯрӯғлӣ»-ро гӯш мекарданд. Хомӯширо баҷуз садои падар ва қарс-қарс сӯхтани кундаалови печи хона дигар касе ё чизе халалдор намекард. Фақат ҳар гоҳ бобои Абдулло оби чашм тоза карда мегуфт:
- Хонаат сӯзад, Аҳмад Шайтон, Чамбули Мастона вайрон кардӣ!
Баъди шунидани достон, боз байни ҳам онро муҳокима мекарданд ва ман бомароқ гӯш мекардам. Баъди батадриҷ омадани мӯсафедон, гӯрӯғлисароии қиблагоҳ кам мешуд. Аз модар сабаб мепурсидам. Ӯ мегуфт:
- Наврӯз шуд, бачам. Дигар вақти гӯрӯғлисароӣ нест. Акнун Чамбули Мастон то чиллаи зимистон расидан интизор мешавад...
Наврӯз маро ёд аз қурутоби модар меорад. Чӣ лаззате дошт. Баъди сари модар борҳо хӯрдам, аммо дасти модар лаззати дигар доштааст.
Модар фаришта буд…
Бо омад-омади Наврӯз ташвишҳои модарам зиёд мешуд. Суманак мехобонд. Хонаҳоро тоза мекард. Деворҳоро оҳак мемолид. Бо занҳои ҳамсоя ҳар кадом бо навбат дар хонаҳои хеш оши бурида, далдаи худоӣ мекарданд. Гузаштагони мо муътақид будаанд, ки дар Наврӯз фурӯҳарҳо, яъне фариштагон аз осмон фуруд меомадаанд. Фариштаи заминии наврӯзии ман модарам буд. Бо пироҳани покизаи гулгардони васеъостин, докаи калони сафед, кокулони ҷамолак, симои отифаву нуронии модарам воқеан ба қавли Озар «фаришта буд». Модари ман сатр надошт. Аммо докаи сафедаш, ки гирди сар каҷ мебаст ва манаҳу гарданро низ бо тарзи хос бо лаби он мепӯшонд, сабақомӯзи 100 сатрпӯши зоҳирбину тақлидгари имрӯз будӣ.
Дар айёми Наврӯз ба зиёрати қабри модар рафтам. Дар сари мазори хомӯшаш эҳсос мекунам, чаро модарро ба Ватан ташбеҳ медодаанд. Охир муҳаббати модар мисли муҳаббати меҳан беканор ва ивазнашаванда аст. Солҳо мегузаранд, вале наметавонам, ба набудани модар хӯ бигирам. Модари зиндагиофарам ба мо на танҳо ҳаёт бахшид, балки маърифатомӯзу ҳидоятгари роҳи фардо буд… Акнун эҳсос мекунам, ки Наврӯзро низ ба хотири модарам дӯст медоштаам, зеро Наврӯз шабеҳи модари ман аст-одамдӯст, накуй, инсонпарвар ва хирадманд…
Хоналӣ Қурбонзода, ректори ДҶТИБКСМ
Аз СССР: Устоди гиромӣ 9 апрел 55-сола мешаванд. Редаксияи газетаи мардумии СССР сидқан муаллифи доимияшро бо ин ҷашнвора табрик мекунад. Мо Метавонем!