Тамоми сокинони кишвар тавассути пахши мустақим ва такрори он дар телевизион чӣ гуна ва дар кадом сатҳ баргузор шудани «Корвони Наврӯзӣ»-ро диданд. Саркоргардони ин барномаи зебои идона ҳунарпешаи шинохта Обидҷон Назаров буда дар «Корвони Наврӯзӣ» беш аз 6 ҳазор нафар хонандагони мактабҳо, макотиби олӣ, омӯзгорон ва ҳунармандон ширкат варзиданд.
Мухбири мо, ки дар ин рӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд буд, рафти омодагиҳоро ба «Корвони Наврӯзӣ» дар майдони «Авасто»-и шаҳри Хуҷанд тамошо ва аксбардорӣ кард.