Чуноне ки аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе ба мухбири СССР хабар доданд, ин нуктаро Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 28 март зимни ҷаласаи навбатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъкид намудааст. Дар зимн, шаҳрдори Душанбе аз масъулини соҳаи нақлиёт, коммуниакатсия ва беҳдошти роҳҳо низ талаб кардааст, ки назорати қатъӣ ва мунсифонаи хешро оид ба танзим даровардани хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муттасил ба роҳ монда ҷиҳати ислоҳи вазъ чораҳои амиқ андешанд.
Ҷамила Ҳусейнова