ХАБАРИ ДОҒ

ДАР ҲАРДУ ҶАҲОН АЗ ВАТАНИ ХЕШ САФИРЕМ

  • Сешанбе, Май 22 2018

Аз водии шерон ҳама шерони далерем,
Дар ишқи Ватан ҷумла асирем, асирем.
Дар ҳифзи Ватан ҷумла амирем, амирем,
Дар ҳарду ҷаҳон аз Ватани хеш сафирем.

(Муъмин Қаноат)


Аз замони таҳсил дар мактаби миёна ва донишгоҳ бо яке аз далерони сухан ошнойӣ дорам. Камоли меҳрбори  устоди муҳтарам меҳри бандаро ба ашъор ва бахусус дар ишқу ҳифзи Ватани азизам афзунтар кард.
Майи соли 2012 ба муносибати ҷашни 80-солагии устод Муъмин Қаноат нашри махсуси рӯзномаеро бо унвони  “Қаноатнома” дар шаҳри Нижний Новгороди Россия чоп ва теъдоди 5 000-ро ройгон ба мардум, идораҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, хусусӣ ва шахсони алоҳидаи  ИДМ (СНГ) тақдим кардем. Бо кӯмаки ҳамсарам Муҳаррам, Ширини духтари шоир ва сармуҳаррири рӯзномаи “ВВП-ПРОВИНЦИЯ” Шодмони Иброҳим маводди зиёде ҷамъоварӣ карда будем, лекин афсӯс имкони ба пуррагӣ нашр кардани онро надоштем. Ба ҳар ҳол рӯзномаи махсус, ба истиқболи ҷашни яке аз бузургони илми адаб, ходими шинохтаи давлатӣ ва устоди арҷманди тоҷик, дар 8 саҳифа бо ду забон ба табъ расонида шуд.


Ҳамон моҳ  устодро дӯстон ба Маскав даъват карда, дар толори “Дом национальностей”-и ин шаҳр, дар ҳузури мухлисони зиёд, табрику таҳният гуфтанд. Банда ба устод чанд нусхаи ҳамин рӯзномаи “Қаноатнома” ва армуғон (буклет)-и таҳиякардаи худро ҳадя кардам. Азбаски ҷамъияти толор иҷозаи баҳузур суҳбат карданро надод, рӯякӣ тез-тез онҳоро варақ зада, ба ман нигоҳи аҷибе кард. Дар чеҳраи устод он қадар шодӣ падидор гашт, ки интизор надоштам. 
-Ростӣ,  чунин инъоми олиро дар Москва ва бахусус аз Шумо барин марди ношинос ҳеҷ интизор набудам. Мебинам, ки содиқона заҳмат кашидаед. Албатта ба пуррагӣ мехонам. Ташаккур, бародар, миннатдории маро қабул фармоед.  Шумо бародари азиз дар кадом самт ин ҷо фаъолият доред?!
- Исмам Шамсиддини Муқим, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ба номи М.Ломоносов мебошам. Инчунин “Куллиёт”-и бо се забон нашркардаи шеърҳо низ дорам. Мехостам барои назархоҳӣ онро бароятон пешкаш созам.
-Албатта мехонамаш, лекин табиати эҷодии маро медонед, ки агар суханҳо шиорпартоиву даъвати холӣ бошад, ба назархоҳии ман эҳтиёҷ надорад. Шӯхиомез сухани Шайх Саъдии бузург: “...Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар”-ро гуфта, хайрухуш кардем.
-Хуб, ҳозир дар ихтиёри ман 10, ё 20 дақиқа ҳаст. Дар берун интизорам ҳастанд, лекин Шумо метавонед ягон аз навиштаи  хешро қироат кунед?
-Бале, устод. Шеъри

ТОҶИКИСТОН
Фахри он дорам, ки дорам миллати волоназар,
Мардуми соҳибдили боэътибору муътабар.
Саҷда бар хокаш ниҳам, дорад бузургони хирад,
Пири куҳистони онро меситоям номвар.
Шукри Ҳақ(қ) дорам, ки то аз ин ҳаво парвардаам,
Тоҷики фархундаам, аз тоҷи Ҳақ(қ) дорам ба сар.
Панди пиронаш ба гӯш овардам аз дори азал,
Ман намехоҳам ҷуз ин дурдонааш дурру гуҳар.
Рашту Хатлону Бадахшонаш бувад зеби замин,
Бо Зарафшонаш ба даври даҳр гардам пайсипар.
Тоҷикистон давлати имрӯзи ман, фардои ман,
Дорам аз ӯ дар дилу дар дида аз ҳастӣ шарар.

-Бале, офарин, дар бораи мардуму давлату сарзамини хеш хело хуб гуфтед. Шумо аллакай дар ибрози ақида мавқеи хоси худро доред. Нависед, эҷод кунед. Агар навиштаҳои Шумо дар ҳамин сабк бошанд, шодам, ки ба ҷойи нақли бадеиву таронаву шеъри сафеду зарду лоҷвард, шумо сабки хуросониро пайравӣ доред? Ҳаминро дарк кардаед, ки он зиёдагӯйӣ надорад.
Аз дӯстони атрофи эшон шунидам, ки баъди мутолиаи рӯзномаи “Қаноатнома” ва армуғони ба истиқболи ҷашни 80-солагӣ таҳиякардаам устод баҳои баланд додааст. Аз ҷумла таъкид кардааст, ки: “...Баъди пош додани СССР ин аввалин маводест, ки ба забони модарӣ-тоҷикӣ беғалат, равон, фаҳмо ва бо сабки хуб навишта шудааст. Онро хонда, хеле шод шудам, ки забондониву шеъру суханварӣ дар Ватан намурдааст. Ба Шамсиддини Муқим миннатдории маро расонед, ки дар 8 саҳифа ва як армуғони хурд беҳтарин лаҳзаҳои гузаштаи маро бо тамоми санъати хабарнигорӣ таҳия ва саҳифабандии хуб кардааст. Чунин тарзи пажуҳиши касбиро аз рӯзгор ва эҷодиёти хеш аввалин маротиба мебинам. Офарин!”.
Мехостам чанде аз шоҳгуфтаҳое, ки дар саҳифаи “Қаноатнома” навиштаро пешкаш созам:
“Мумин Каноат, будучи искренним интернационалистом, всегда остается мастером поэзии таджикской, а поэтому и заметен в по¬эзии всесоюзной. Интернационализм поэта проявляется в частности и в многочисленных переводах с других языков — в пропаганде лите¬ратуры других народов, и в общественной деятельности, и в посто¬янной учебе у поэтов братских республик, в дружбе, которая свя¬зывает таджикского мастера с ними и с коллегами из-за рубежа.
В Таджикистане издавна высок и почетен титул «мастер» — «устод» (что одновременно означает и мастера, способного быть учителем). Мумин Каноат — истинно мастер. Жизнь и творчество поэта неразделимы, его стихи причастны уму и сердцу, слитны со временем — и тот, кто прочтет его стихи, узнает о поэте самое главное и, верю, полюбит его, как я люблю и почитаю Мумина Каноата”. (Виталий Коротич).
“Устод Мӯъмин Қаноат! Шуморо дӯст медорем ва миллатҳо дӯстатон доштаанд. Ин маҳбубият натанҳо аз иншои шеър, балки аз сурату сирати инсониву ҳадафҳои инсонгароии Шумо ба вуҷуд омадааст. Орзуи онро дорем, ки аз ҷиҳати нерӯи ҷисмониву равонӣ ҷавонтар ва ба бахти аҳли байт ва ҳамаи мо-дӯстонатон саломат бошед! Ҷашни мубораки 80–солагӣ ба шумову ихлосмандонатон муборак бошад!
Ситораҳо осмонро пур кунанд ҳам, шаб ҳамоно торик мемонад, Офтоб сари танҳо шаби торикро ба рӯзи равшан табдил медиҳаду тамоми ситораҳо гӯё, ки нопадид мегарданд. Не! Ситораҳо барои шабона нурафшонӣ кардан дар худ нур ҷамъ мекунанд. Аз ин рӯ, шукри Офтоб! Шукри Ситораҳо, зеро ситораҳо ҳам инъикоси нури Офтобанду ҳам манбаи рӯшнойӣ, ҳаётбахши олам, кам ё беш”. (Абдулмаҷид Достиев, “Ситора дар бағали офтоб”, собиқ Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия).
“...Устод номашонро дар канори бузургтарин ва номдортарин фарзандони Эронвеҷ ҷой дода ва бовармандам, ки ҳазорон сол пас  низ вайро ҳамроҳ бо Рӯдакиву Фирдавсиву Носири Хусраву Хайёму Саъдиву Ҳофизу дигар бузургонамон ёд хоҳанд кард”. (Умеди Ҷайҳонӣ).

Дар қатори дигар суханҳои Шумо, устоди арҷманд, ин шоҳсухан доим вирди забони форсизабонони дунёст:
Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо, ҳарчӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо, ҳарчӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист, ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, чунки меҳри модар аст.

Дар анҷоми сухан бо ин забардасти тоҷик устод Муъмин Қаноат гуфтаи Умари Хайём ба хотир меояд, ки:

Эй кошки, ҷойи орамидан будӣ,
Ҳам ин раҳи дурро расидан будӣ,
Кош аз пайи сад ҳазор сол аз дили хок,
Чун сабза умеди бардамидан будӣ.

Руҳашон шод ва манзили охиратшон обод бод! 

Шамсиддини Муқим,
хабарнигори махсуси “СССР”
дар Россия

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter