ХАБАРИ ДОҒ

Достони Саидаи Анбарфурӯш дар Ҳирот

  • Панҷшанбе, Июн 14 2018

Дар Хуросон хилофати уммавиҳо дастхуши ҳарҷу марҷ, арсаи таассубу низоъ гашт. Даргириҳои дарунӣ ва ихтилофи назарҳо мояи заъфи давлати бани Умайя шуд. Хосса, дар Хуросон-Марв - маркази даъвати Аббосиён низ бар асари ин эътироз бани Умайя маҷоли саркӯбии мухолифони хешро намеёфтанд. Хуросон, ки гаҳвораи афсонаҳои паҳлавонӣ буду аз маркази ҳукумати арабӣ дуртар, беш аз ҳар ҷо барои қиёми хуросониён муносиб менамуд. Вақте қудрати бани Умайя рӯ ба шикаст мерафт, даъвати Аббосиён дар он ҷо тарафдорони бисёр ёфт… Марвони Ҳимор-халифаи Маккатуллоҳ бо кӯмаки Қутайба ибни Муслим бар сари мардуми Хуросон ҷабри беҳадду ҳудуде намуд. Халқ ба шӯр омад ва ин шӯришро Абӯмуслим (Абӯмуслим Абдурраҳмон ибни Муслими Хуросонӣ, фарзанди мисгар) роҳбарӣ кард. Модари ӯ ҳам аз ҷониби арабҳои ғосибу бадавию хунхор кӯр карда шуда буд…
Ин ҷо бобе аз «Достони Абӯмуслими Соҳибқирон»-и шоир Сайдулло Амин (муаллифи «Достони Спитамон»)-ро зери таҳрири устод Зиё Абдулло пешкаши ҳаводорони шеъру адаб менамоем.

«Надорад ба ёд он чиро ёфт шум,
Фаромӯш нанмуд чун кард гум»*
Чу ин байти Ҳазрат ба ёд оварам,
Зи хиҷлат шавад хам ба пешам сарам;
Худо дода будам китобони ҳашт,
Фаромӯш аз ёд, гуфтӣ, гузашт,
Фаромуш нагардад, вале он чӣ гуфт,
Абӯмуслиме, ки на беҳуда суфт:
«Бигӯ чист озодӣ? Ҷоми шароб?
Чу з-андоза бигзашт, кардат хароб!»
Ба мисли Абӯмуслими тоҷвар,
Маро нест гар симанӣ он табар,
Бигуфтам шавам ҳамраҳи лашкараш,
Бар инаш наарзам, шавам чокараш.
Ба шукри Худое, киям даст дод,
«Бумуслимнома» бароям кушод.
Чу мансур дидам, ба назм оварам,
Ҳар он чи зи базму зи разм, оварам.
Аё, ҷони ширини хонандаам,
Маро шоири кӯча донандаам,
Бикун гӯш боқии ин достон,
Ҳамин достони хуши ростон,
Ки доно бигуфтаст: -«Донӣ, гумон,
Бувад душмани сахти ҷӯяндагон».*
Кашам гуфта будам ба домони шеър,
Чӣ буд ин ки кардам ба ин кор дер.
Пияндар шуду низ Модар ҳаме,
Ба дунболи ин орзу будаме.
Писар, духтаронам шудӣ хонадор,
Ҳама рӯзии хеш ёбанду кор.
Ман акнун худам шоҳу худ ҳам вазир,
Нагӯяд касе «ин бимон, он бигир!»,
Нахоҳам задан даст бар оби сард,
Чунин пӯст суфтаст озору дард.
Гапи ҳеҷ касро набардораме,
На аз танбеҳе пушти сар хораме,
Ба куллӣ, ту гуфтӣ, ки озод ман,
В-аз ин гуна озодиям шод ман.
Аз андоза бигзашта озодиям,
Бигӯӣ, ман аз хеш як бодиям.
Бигуфтам ба дил: -«Ин ки шодӣ наяст,
Зи рафтори озод, боде ба даст,
Ки шармандагияст фарҷоми ман,
Ки лаънат фиристанд бар номи ман».
Чунин гӯяд ин ровии достон,
Аз ин қиссаи кӯҳнаи ростон,
Абӯнасри Шабрав чу бишнид худ,
Суҳайл ибни Миъод дар банд шуд,
Бигардид хурсанду мамнуну шод,
Ки Яъқубро ҳар касе буд кушод.
Назар карда, диданд рафта ба сӯ-ш,
Ки буд ӯ Саидай Анбарфурӯш.
Ва он Хоҷааш сӯи ёрон бигуфт:
«Шуморо бибояд, ки хуб ин шунуфт,
Ки Анбарфурӯш ин худ он сон занест,
Ба айёрии ӯ дар ин марз нест,
Аҷаб нест кори шумо муъминон,
Ба дасти ҳамин зан кушояд равон!»
Абӯнасри Шабрав чу бишнид ин,
Бигардид хурсанду хонд офарин.
Абӯнасри Шабрав ба ду гӯши худ,
Варо аз Бибиситтӣ бишнида буд.
Такалбози ҳур Бибиситӣ ба роз,
Бигуфт аз Саидай ҳиротӣ дароз.
Ба наздики ёрон сифат карда буд,
Ва рӯшан шуда он чӣ дар парда буд.
Бибиситтибону Такалбози кор,
Ба ёрон будӣ гуфта якчанд бор:
«Шуморо агар ҳар даре дар Ҳирот
Шавад баста, аз дасти ӯ шуд кушод.
Бубинед ӯро ба ҳар марзу ҷой,
Дуо карда бӯседаш аз дасту пой.
На ӯро таманност ганҷу на фар,
Фидоӣ зане ҳаст баҳри башар,
«Бигардӣ ба тавфиқ агар дӯст сахт,
Ту омодаӣ бар гузаштан зи бахт».*
Ба афроди мушкилкушо офарин,
Ҳазорон дуруд аз ҷаҳонофарин!
Ҷаҳондор бодо нигаҳбони вай,
Нигоҳбони осоиши ҷони вай.
Чу аз вақт бигзашта буд андаке,
Сайида бизад ҳалқа бар дар яке.
Барои Саида кушоданд дар,
Саида ба хона даровард сар.
Ба Яъқуби ҷӯё бигуфто сипас:
«Шашум рӯз шуд, ки шунидам зи кас
Ки худ ҳафт айёр аз муъминон,
Ба хоки Ҳариянд чун меҳмон.
Ба хони шумоянд онон агар,
Чароям накардед як сар хабар?!»
Ва Яъқуби Хурмофурӯши азиз,
Бипурсид аз он духтари ботамиз:
«Туро аз куҷо огаҳӣ рафт низ,
Ки ин ҷост он ҳафт марди азиз?»
Бигуфташ: -«Маро сӯи онон бубар,
Ба онон намоям замоне назар».
Сипас, Хоҷа Яъқуби Хурмофурӯш
Бари муъминон бурд дил пур зи ҷӯш.
Саида чу он ҳафт айёр дид,
Замоне ситоду ба ҷо орамид.
Ба онон сипас кард як-як салом,
Ба хамбидану рост гаштан чу лом.
Абӯнасри Шабрав ва он муъминон,
Ҷавоби саломаш бидодӣ ҳамон.
Сипас гуфт Анбарфурӯши ҳамид,
Бар онон: «Азизон, чи хуш омадед!»
Абӯнасри Шабрав бигуфто: «Кунун,
Аё, аврати покдил зӯфунун,
Бигӯӣ, ки аз кӣ шунидӣ, чу бод,
Расидем дар хоку марзи Ҳирот?»
Саида бигуфто ки «Эй муъминон,
Аё, дӯсторандаи хонадон,
Муҳаммад алайҳиссаломам ба хоб
Чу дидам, маро гуфт ӯ бо шитоб:
«З-Абӯмуслимӣ ҳафт гурди ғаюр,
Ба хоки Ҳарӣ омад аз роҳи дур,
Агар хидмате карда бошӣ маро,
Биҷаҳ, пешвозаш ҳамин дам баро.
Бигӯед, к-акнун ҳама марди кор,
Ба марзи Ҳирот омада бар чӣ кор?»
Абӯнасри Шабрав бароварда сар,
Ба сӯи Саида бигуфт: «Эй шакар,
Ба ёрии ин мард мо омадем,
Шитобону бо дард мо омадем».
Чунин гуфту б-ангушт дод ӯ нишон
Макинро, ки мебуд ӯ дар миён,
Сараш хам бибуд ӯву бо қалби чок,
Ба ангушт хат мекашидӣ ба хок,
Ба монандаи Архимеди ҳамид,
Ки бар хок нақше зи дил мекашид.
Ҳамон нақшаеро, ки аз душманон
Миҳанро ҳимоят кунад бегумон.
Ба рӯи ҳамин нақша ӯ тохтан
Ҳамедораду ҷони худ бохтан.
Саида нигаҳ кард сӯи Макин,
Макин ашк мерехт рӯи замин.
Саида бипурсид ҷони ҳазин,
Абӯнасри Шабрав бигуфт: «Офарин,
Ки худ боиси гиряҳои ваӣ,
Ва худ низ пурсанда рои ваӣ?»
Абӯнаср баргуфт бо дилпурӣ:
«Макингурди Хушкоми Нишопурӣ,
Чӣ сон ҷанг кардӣ чу шери жиён,
Ба Абдуллаҳи Каъби Мозандарон?
Ки бишкаст ӯро сари корзор,
Зи духтар-ш аммо ба ҷон гашт хор,
Шуд ошиқ Макину вафодор монд,
Ба он духти Каъб ошиқи зор монд?
Чунин то кунун домани ӯ ба даст,
Ба ин рӯзҳои гарон омадаст».
Абӯнасри Шабрав ба ӯ гуфт боз,
Аз он Рӯҳафзои гарданфароз:
«Аҷиб аст, ҳусни ҷамолаш малеҳ,
Аҷиб он суханҳо-ш поку фасеҳ,
Агар сангдил як бубинад ба тоб,
Зи хуршед чун ях бигирад хароб».
Саидай Анбарфурӯши ҷасур,
Чу бишнид ҳоли Макини ғаюр,
«Дар ин кор хуш нест – гуфт ӯ, - шитоб,
Ба нармӣ ба раҳ меравад офтоб,
Бишав тез, аммо ба андозааш,
Вагарна, шавад хотират пур зи ғаш.
Чунин корҳо кард бояд басе,
Ки ин кор аз ту набинад касе.
Замин меравад роҳ бо печу тоб,
Хаёлат, ки раҳ меравад офтоб.
Бибояд маро рафт дар ҷустуҷӯй,
Ба бегонаву хеш дар гуфтугӯй,
Ки рӯшан кунам Рӯҳафзойро,
Куҷояст дар банд аз дасту по.
Ба ҷое шунидам нигоре ба банд,
Ки девона гаштаст бе макру фанд,
Ки дар банд ошиқ шавад бандхой,
Ба банду ба занҷир ошиқ мапой!»
Саида чунин гуфту аз ҷой хост,
Макин гуфт: «Як нома дасти марост,
Агар роҳ бар ту кушояд Худо,
Маро ҷони ширин бароят фидо,
Ту бар Рӯҳафзой ин хат расон,
Бидораш нигаҳ сахт аз нокасон»…
                       ***
Аломоти пирист, ё танбалӣ,
Наояд хушам гоҳ-гоҳе, бале,
Ки ин достонро намоям тамом,
Ба назмаш кашида ба ширин калом.
«Бумуслимнома», ки «Шаҳнома» нест,
Дар ин муъминонанду он ҷо парист,
Тафовут бубин з-осмон то замин,
Макун коҳилӣ, Сайидулло Амин!
Ба мисли зане чун Саида наӣ?!
Ки қодир ба нақши кашида наӣ?!
Ки рӯҳи Саида бихандад ба ту,
Сари шаъни чун ту каяст ин накӯ?!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter