ХАБАРИ ДОҒ

Хонум Азза ва лӯхтакҳои ӯ

  • Чоршанбе, Март 30 2016

Имрӯз, 30 март дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Тоҷикистон намоишгоҳи лӯхтакҳои Азза Қаноатова, зани ҳунарманд ва лӯхтаксоз ифтитоҳ ёфт. Дар ин намошгоҳ тамоми ҳунари дастии хонум Азза Қаноатова – лӯхтакҳои тайи солҳои охир сохтааш ба маърази ҳаводорони санъату фарҳанг гузошта шуда буд.

 Чуноне ки худи Азза Бекировна Қаноатова дар сӯҳбат бо мухбири мо иброз дошт, лӯхтаксозӣ шавқу завқи эшон буда вай ин зочаҳоро на барои фурӯш, балки барои дӯстону пайвандонаш месозад ва ба онҳо ҳадя менамояд. Қаҳрамонҳои хешро хонум Азза Қаноатова аз адабиёти классики тоҷику русу қафқоз интихоб намуда аз рӯи салиқаи хеш бо назардошти расму таомули миллӣ ба онҳо либос интихоб мекунад. Барои зочасозӣ бошад, хонум Азза аз матоъҳои монда, сумкаҳо, кафшҳои кӯҳна истифода мебарад ва теъдоди лӯхтакҳояш алакай аз 200 адад гузаштаанду айни замон утоқҳои корӣ ва хонаҳои сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳон, ҳунармандони варзида, сафирони кишварҳои хориҷиро оро медиҳанд.

- Ман ошиқи гулдӯзӣ ва чакани тоҷикӣ ҳастам ва ҳамеша саъй мекунам барои лӯхтакҳои тоҷикиам аз ин курта пӯшонам, ки хеле зебо мешаванд ва беҳтарин тӯҳфа ба дӯстон аст, таъкид медорад Азза Бекировна Қаноатова.

Бояд қайд намуд, ки намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Маркази фарҳангии «Бохтар» баргузор гашта ҳаводорони санъату ҳунари дастӣ метавонанд аз ин лӯҳтакҳо боз чанд рӯзи дигар дидан намоянд.

 

Ҷамила Ҳусейнова

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter