Бояд қайд намуд, ки корбарони шабакаи ичтимоии Фейсбук ва сайёҳони хориҷие, ки аз мавзеи таърихии Муғ соли гузашта боздид карда буданд, акси думи кандаи аспи Рустамбекро борҳо рӯи чоп оварда аз беаҳамиятии масъулин ва аҳли фарҳанги шаҳри Истаравшан таассуф ҳам мехӯрданд. Моҳи феврали соли ҷорӣ муҷассамаи Рустамбек, аз нав таҷдид гашт. Рустамбек марди адолатхоҳ ва ҳокими номвари Истаравшан дар охирхои асри 18 ва нимаи аввали асри 19 дар ин шаҳр ҳукмронӣ намудааст. Ӯ истиқлолияти Истаравшанро ҳамеша ҳифз мекард ва борҳо барои ҳифзи марзу буми ватан ба муқобили ҳокимони Қӯканду Бухоро мубориза мебурд. Дар миёнаи асри19 амири хунхор Насрулло ба Истаравшан лашкар кашида бераҳмона мардумро аз дами теғ мегузаронад. Дар набарди сахт Рустамбекро сипоҳиёни амир Насрулло дастгир мекунанд ва бо фармони амири хунхор ба гарданаш теғ мезананд.
Қалъаи Муғ дар Истаравшан яке аз ёдгориҳои таърихиест, ки соли 2002 дар арафаи 2500 солагии шаҳри Истаравшан дубора таҷдид ва тармим гашта дарвозаи он аз сари нав сохта шудааст. Чорабиниҳои идонаи тантанавӣ низ бо ширкати президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҳамон сол дар назди ҳамин қалъа гузашта буд.
СССР