Фотима Рофиева, директори осорхонаи ҷуҳуриявии таърихӣ кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гуфт, вобаста ба рӯзи дарҳои кушод дар осорхона, ки ду сол инҷониб гузаронида мешавад, зиёда аз 2000 сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент аз осорхонаи мо тариқи ройгон дидан намуданд.
Маъруф Сайфиев, як сокини шаҳри Панҷакент дар сӯҳбат гуфт:
«Баргузор гардидани чунин рӯзҳо ва чорабиниҳо имконият медиҳад, ки мардуми шаҳру деҳот бо ин васила ҳарчи бештар бо фарҳангу тамаддуни гузаштагони хеш, ки дар шаҳри бостонии Панҷакент сукут доштанд, ошно шаванд. Ба хусус ҷавонон, ки имрӯз, чандон аз таърихи гузаштагон ошноӣ надоранд, имкони бо зиндагиномаи халқи тоҷик ва тамадуни 5500 солаи Тоҷикон ба вижа мардакҳое, ки ба ҳангоми ҳафриётшиноси олимон пайдо кардаанд бевосита ошно шаванд».