Номи Зафар Нозим дар радифи дигар сарояндагону ромишгарони чирадасту маҳбуби мардумӣ чун Акашариф Ҷӯраев, Аҳмад Бобоқулов, Тӯҳфа Фозилова, Боймуҳаммад Ниёзов, Одина Ҳошим, Иброҳим Кобулиев, Абдулло Назриев… ба таври ҳамешагӣ дар қалбу вуҷуди мардуми фарҳангдӯсту фарҳангпарасти тоҷик боқӣ мондаву ҷойгузин шудааст. Мо-насли солҳои 1960, ки зери садои ғулғулафкан ва ширину гуворои Зафар, ки муҳтоҷ ба ҳеҷ микрофону садобаландкунак надошт, калон шудаву аз овози ширадору ширинаш кайфият бардоштаву лаззати маънавӣ бурдаем, фаромӯшаш намекунему нахоҳем кард. Зеро ӯ тавонист, ки дар солҳои рукудтарини даврони Шӯравӣ санъати тоҷикро на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистону ҷамоҳири Осиёи Миёна, балки берун аз он машҳур гардонад ва азизи дилу дӯсти мушфиқу рафиқи ғамгусори аксари хонаводаҳои мардуми мо гардад.
Устод шахсияти заминӣ ва бо ҳама он шуҳрату бартарияте, ки доштанд, хислатҳои мағруриву худписандӣ барояшон бегона буд. Сентябри с.1999 дарвоза кушода шуду яке аз дӯстони банда бо устод вориди ҳавлӣ шуданд. Ростӣ, даступо хӯрда шудам, зеро он солҳо ҳанӯз «домана»-и камчинии маводи хӯрока аз байн нарафта буд. Пас аз дасти дуо шояд мушаввашии маро пай бурд, ки «додарам, овора нашав, ҳарчӣ дорӣ аз нону об биёр, бо иштиҳо ҳаловати ҷон мекунем» гуфтанд ва маро аз вартаи хиҷолат раҳониданд. Давоми суҳбат ончунон самимона ҳарф заданд, ки фикр кардам, тамоми тӯли зиндагияшон насли моро мешинохта бошад. Обрӯ, эҳтиром, эътибор ва нуфузаш то ба андозае буд, ки чӣ толорҳои фарҳангӣ, чӣ тӯйу маъракаҳо, чӣ сари ҷӯяки пахтаву боғу саҳро ва ё чӣ хилватхониҳои манзилӣ якхел қабул карда, таҳсину офаринаш мегуфтанд, қарсаш зада, арҷаш мегузоштанд. Микрофонро ба даҳон намеандохт, балки микрофон аз садои баланд ва овози марғуладораш мекафид, зеро ҳофизаи худодод дошту ҳофизи халқ буд ва ситоиши ситорагӣ намекард (он авқот ин амал бегона буд).
Ганҷи Зафар
Ҳангоме ки с.1986 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ансамбли рақсиву этнографии «Ганҷина» таъсис ёфт ва роҳбарии онро ба зиммаи З.Нозим гузоштанд, дар андак муддат шуҳрати ин дастаи ҳунарӣ хеле баланд ва ромишгарону овозхононаш дар тамоми ҷумҳурӣ маъруф гаштанд. Зеро ӯ ба ансамбл нафаронеро даъват кард, ки дар ҳақиқат профессионали касби худ буданд ва ҳам он эҳтироме, ки нисбат ба шахсияти З.Нозим доштанд, имконияташон намедод, лаҳзае аз касбияти худ дур бошанд. Шаъну шони Филармония бо таъсиси ин ансамбл на танҳо дар дохил, балки хориҷ аз кишвар низ боло рафт ва дар андак муддат миёни дигар ансамблҳо мавқеи арзанда ва сазовори худро пайдо намуд. Муддатест, ки ин сарояндаи мумтоз, инсони шарифу латиф, дӯстдоштании манзили мардуми тоҷик, соҳибҳунари касбӣ, роҳбари мушфиқу ғамхор ва дӯсти мухлисони худ (дар ҳақиқат дӯсти мушфиқи мухлисонаш буд) дар байни мо нест.
Ҳукумати кишвар, хосса, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои устод эҳтиром дошта, заҳмату талошҳояшро қадр карданд. Ӯ бо унвони Ҳофизи мардумии Тоҷикистон сазовор дониста шуда, бо Ордени «Ситораи Президент» қадр гардид. «Бузургонро бузургон зинда медоранд» мегӯянд. Шояд вақти он расида, ки ансамбли «Ганҷина», ё шояд ягон муассисаи мусиқӣ, театри халқӣ, кӯча ва ё хиёбонеро ба номаш гузорему бо дидани лавҳаи ёдгорӣ ва ё нимпайкараи Устод бори дигар садои нотакрори кӯҳкафону кӯҳшикани «Эй, сорбон…»-ро ба хотир биёрем. Мо гуфтем, зеро Мо метавонем. Аммо Вазорати фарҳанги кишвар дар ин хусус чӣ мегуфта бошад?
Қиёмуддин Абдуллоев,
шаҳри Ваҳдат