ХАБАРИ ДОҒ


Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Акбари Саттор аз он нафароне буд, ки бо саховату дасткушодӣ миёни мардум иззату обрӯ дошт. Банда бо ӯ падарошно будаму бо падараш ҳамкор ва қариб 15 сол ҳар 2 дар кори савдо будему рафту омади дӯстона доштем. Рӯзе чун ҳарвақта аз ГЖК «Шарқи озод», аз назди устод С.Мизроб баромадаму рост назди Акбарҷон  даромадам. Маро дидан замон аз ҷо хесту ба нишастан таклиф кард. «Ҳоҷӣ-бобо, аз куҷо омадед?» гуфт. «Аз назди устод Сайёф» гуфтам. Нағз кардед, гуфт. Аввал дуо кардем, баъд аз ҳолашон пурсон шудам.
Падари Акбарҷон баъди ба нафақа баромадан ба бисёр шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сафар ва бузургонро зиёрат кардааст. Бо Акбарҷон аз ҳар боб суҳбат намудем. Дар идома аз ман хостанд, ки агар ягон хотирае дар бораи қиблагоҳашон дошта бошам, навишта орам, зеро дар бораи падарашон китобе карданианд. Баъди 2 рӯз 1 қиссаи аҷиберо, ки дар сафари ш.Панҷакент доштем, дар 2 варақи компютерӣ чоп карда овардам.
Охирон бор Акбарҷонро дар маъракаи ҷиянам-Суҳроби Зиё дида, бо ӯ анча суҳбат кардем. Бо ҳама дӯстоне, ки он ҷо ҳузур доштанд, бо чеҳраи кушоду лабони пуртабассум вохӯрӣ мекард. Мо-дӯстон аз куҷо медонистем, ки аз умри ӯ рӯзу соатҳои башумор мондааст? Ӯ 28.08.2016 тарки дӯстон кардаву бо қиблагоҳашон Ҳоҷӣ Қурбоналӣ бипайваст. Ҳарчанд, Акбарҷон бо мо нест, ному хизмати ӯву чеҳраи зебою лабони пуртабассумаш дар ёду дилҳои мо абадӣ мемонад. Ҷоят ҷаннату охиратат обод ва руҳат аз мо шод бошад, Акбарҷон! Орзуҳоятро бо худ бурдӣ! 100 дареғи чунин шахсони тавоно!

Шамсиддини Қудрат,
узви ИЖТ, ш.Ҳисор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter