ХАБАРИ ДОҒ

Фарҳанги миллӣ-нанги миллист!

  • Чоршанбе, Авг 22 2018


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ба рӯзномаву маҷаллаҳо, ҳатто ба китобҳои дарсии имрӯза назар меафканиву дар ҳайрат мемонӣ; калимаву вожаҳои наву нестандарчаҳон ба забони Тоҷикӣ ба дараҷае ворид шудаанд, ки аксарашонро дар луғоти саросари дунё наметавонӣ дарёб кунӣ! Шахсан камина ба омӯзиши забонҳои ғайритоҷикӣ дар кӯдакӣ ва мактаби миёна шуғл варзида будам ва бо 4 забон бемамониат гуфтугӯ карда метавонам: Вақте бори аввал ба Русия, ки дар даврони Шӯравӣ яке аз ҷамоҳири бародарӣ буд, сафар кардам, озод бо забони русии дар мактаби миёна омӯхтаам бо русҳои муқимӣ ҳарф мезадам. Якдигарро бе мушкилӣ мефаҳмидем.
Ба Арабистон борҳо сафар карда, он ҷо бо забони Қуръони қурайшӣ, ки 1400 сол пеш аз даврони мо нозил шудааст, сухан мекунам, касе аз ман нофаҳмие намебинад! Ё ба давлатҳои аврупоиву дигар мамолики дунё борҳо рафтааму бо забони англисии замони мактабиям, ҳарф мезанам, - чӣ дар Африқову чӣ дар Амрико оммафаҳму якранг аст, аммо дар Ватани худ бо забони Тоҷикиам, ки аз модарам омӯхтаву дар мактаби миёна такмил додаам, сухан биронам, маро тоҷикони Ватании худам ё намефаҳманд, ё ягон калимаву ҷумлаашро баргашта мепурсанд ва таъкид ҳам мекунанд, то иваз намоям (!). Агарчи ба он имлое, ки омӯхтаам, бо баҳои аъло имтиҳон супорида, ба Донишгоҳ дохил шуда будам!

1 имло 5 бор тағйир ёфт!!!
Танҳо дар якчанд соли баъди истиқлолият, агар хато накунам, Имлои Забони Тоҷикӣ 5(!) бор дигаргун шуд, вале боз ҳам нофаҳмою дағал! Ҳоло дар даст дорам китоби «Фарҳанги забони Тоҷикӣ» (чопи с.1990)-ро ва ҳар замон дар мавриди лозима аз он истифода мебарам. Китоб чунон содафаҳму осонбаён аст, ки бовар дорам, онро дар саросари ҷумҳурӣ ҳам деҳқону ҳам олим, ҳам коргари оддиву ҳам муҳандиси олимартаба хуб мефаҳманд ва ягон хел шарҳи илова ба он тавзеҳот лозим нест. Магар дуруст нест, ки аз вожаҳои номафҳуми луғатнависони эронипарасти имрӯза даст кашида, маҳз аз фарҳанги бойи аслии худ истифода барем? Бе калимаҳои «алкол»-у «силот»-у «хатт»… ва ин гуна навворидшудаҳо ҳам таркиби луғавии забонамон ба дараҷаи лозима бойю рангин будааст, пас барои чи дар муддати якчанд сол бо истифода аз забони бегонаву лаҳчавӣ ва ворид кардани якчанд калимот забонро олудаву дағал мекунанд?

Бигзор ман миллатчӣ бошам!
Донистани забон хуб аст, аммо дар кӯчаҳои шаҳр имрӯзҳо ҷавононе, ки қадамашон 1 маротиба ба Русия расида бошад, ҳаракат мекунанд, забони модариро фаромӯш карда, бо русӣ байни ҳам гуфтугӯ кунанд ва ё дар маъракае танҳо Тоҷикон иштирок дошта бошанду байни онҳо миллати дигаре ворид шуда монад, ҳамон лаҳза, қасам мехӯрам, ҳама (!!!) забони тоҷикиро фаромӯш карда, бо он забони гӯё «дӯст»-ашон бармегарданд, (ин аз рӯи меҳмондӯстиамон набуда, аз одати бади бегонапарастимон аст!). Бигзор маро ҳар касе хоҳад миллатчӣ ё ба таври дигар ном барад, аммо ман барои тоза нигоҳ доштану ҳифзи он ва шарафи миллати худам мубориза бурдааму мебарам, бигзор гӯри маро барои ин гуноҳам аз дигарон ҷудо кунанд, вале барои ман нанги миллат дар мадди аввал меистад!!!

Ҳаким Исмоилзода,
адиб, ш.Исфара

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter