Парвиз Назаров, сарояндаи шинохтаи Тоҷик, ки дар Қазоқистон зиндагӣ ва кору фаъолият дорад, дар нишасти хабарие, ки рӯзи 16.08.2018 дар Душанбе баргузор гашт, дар ҷавоб ба суоли журналистон дар робита ба надостани забони тоҷикӣ гуфт, дар Қазоқистон ҳамраҳе надошт, ки бо ӯ пайваста бо забони модариаш сӯҳбат намояд.
- Нафаре пайдо намешуд, ки забони тоҷикиро хуб донаду ман бо ҳамроҳи вай бо забони модарии худ гап занам. Тавассути телефон гоҳ-гоҳе бо баъзе аз дӯстонам дар Тоҷикистон ҳамсӯҳбат мешудам ва забони модарии хешро каме бошад ҳам такмил медодам, аммо ин кофӣ набуд. Бо забони тоҷикӣ сурудҳои зиёд хондаам ва ба завҷаам, ки қазоқ аст, суруду оҳангҳои тоҷикӣ хеле мақбул аст, вай мегӯяд, ки суруду оҳанг ва мусиқии тоҷикӣ ҷаззоб ва фараҳбахш аст, забони модариамро хуб хам надонам, вале барояш ҳамеша эҳтиром мегузорам, - иброз дошт Парвиз Назаров дар нишаст.
Бояд қайд намоем, ки Парвиз Назаров бо даъвати шаҳрдории Душанбе барои ширкат дар нахустин Фестивали тобистона, ки рӯзҳои 18-19 августи соли ҷорӣ дар боғи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор мегардад, омада, дар чаҳорчӯбаи ин фестивал барномаи консертӣ низ гузоштааст. Қарор аст дар ин консерт Парвиз Назаровро ҳунармандони шинохтаи кишвар Зикриоллоҳ Ҳакимов, Тахмина Ниёзова, диджей Исмоил ва дигарон хамроҳӣ намуда, завҷаи Парвиз Назаров низ бори нахуст бо шавҳараш ба саҳна хоҳад баромад.
Омирона Достиева, СССР