ХАБАРИ ДОҒ


Насиб карда бошад, соли оянда саҳнаи эҷодии ман 50-сола мешавад, яъне 50 сол пеш аз Қумсангир ба Душанбе омада будам. Камина 26.10.1952 дар ноҳияи Қумсангир (имрӯз Ҷайҳун) таваллуд шудаам. Хушбахтам, ки бо Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия-Владимир Путин ҳамсолу ҳаммоҳ ҳастам.

Мастона Эргашева 66-сола шуд!
(Сӯҳбати вежаи Маэстрои санъати миллӣ бо СССР)
Дар Қумсангир кружоки ҳаваскорон буд. Дар Хонаи пионерон, аз девор рубобу дуторро гирифта, аз пеши худ менавохтам. Дар синфи 8 аллакай худам навохта, месароидам. Фанни суруд доштем, аммо устоди махсуси навозандагӣ набуд. Худомӯзӣ кардам. Аз қазо, донишҷӯдухтарони Омӯзишгоҳи омӯзгории Душанбе (дар гардиши Фурудгоҳ) ҳамон сол ба Қумсангир пахтачинӣ омаданд. Мо-мактаббачагон низ ҳамроҳи онҳо пахта мечидем. Байни онҳо Санавбар Соҳибова гуфтанӣ фаъолдухтаре буд. Бо ӯ шинос шудам. Гуфт, ки «ман шоира ҳастам. Метавонӣ, ки ба 1 шеърам оҳанг бубандӣ?» Баъди 2-3 рӯз ба шеъраш оҳанг баста, назди онҳо сурудам. Донишҷӯён ба пойтахт баргашта, аз сурудхонии ман ба аҳли рикоб қисса мекунанд. Овоза ба гӯши шоир Гулназар Келдӣ мерасад. Соли 1967 шоир бо Ҳамза Элбоев гуфтанӣ журналист ба Қумсангир командировка меоянд. Ба мактаби мо (№10) ташриф оварда, ба Хонаи пионерон даромада, маро суроғ мекунанд. Ҳамин вақт дар майдончаи мактаб волейбол бозӣ доштам. Муаллиме омада гуфт, ки туро дар Хонаи пионерон интизоранд. Давида омадам. Устод Гулназар гуфт, «ҳамин шумоед, сарояндаи ҷавон?». Гуфтам, бале. Ва рубоберо гирифта, нохун задам. Шоир гуфт, «мо аз редаксияи ҷавонии Радиои Тоҷикистон ҳастем ва садои шуморо сабт карданӣ омадаем».

150 мухлиси аввалин
1-2 сурудро аз шеъри Санавбар Соҳибова ва устод Ҷӯрабек Муродов ҳаваскорона хондам. Хуллас, ҳафтаи дигар сурудҳои маро аз радио пахш карданд. Баъдан, вақте синфи 9 мехондам, 1 гурӯҳ кормандони радио ба Қумсангир бо сафари эҷодӣ омада, чанд суруди маро низ сабт карда, аз радио шунавониданд. Он замон навохтану сурудани деҳотидухтар барои ҳама аҷиб менамуд. Аълохон будам. Баъде, ки сурудҳояро аз радио пахш намуданд, ба унвонии ман ба мактаб дар 1 моҳ 150 мактуб омад. Ҳар 1 номаро бо ҳамсинфонам кушода, хонда, аз таассуроти мардум меболидем. Хуллас, номаҳо ба ҷараёни дарси ман халал расонду дарсшикан шудам. Дар поёни синфи 10 вақте аз мо имтиҳон мегирифтанд, ман ба суоли сеюми имтиҳон-мавзӯи озод таҳти унвони «Орзуи ман», навиштам, ки «мехоҳам баъди хатми мактаб ба Институти санъат дохил ва санъаткор шавам». Чунин ҳам шуд. Соли 1969 ба факултаи актёрии Институти санъат ҳуҷҷат супорида, донишҷӯ шудам. Факултаи мусиқӣ он замон вуҷуд надошт, лек дар дохил комедияи мусиқӣ дошт.

Шогирди Маҳмудҷон Воҳидов ва Марям Исоева
Азбаски мактаби миёнаро бо забони ӯзбекӣ хонда будам, дар 2 соли аввали таҳсил умуман бо забони тоҷикӣ гап зада наметавонистам ва бисёр азоб кашидам. Ба омӯзиши забони тоҷикӣ «фанни нутқ» ба ман кӯмаки зиёд намуд. Аз ин фан ба мо раҳматӣ Маҳмудҷон Воҳидов ва Марям Исоева дарс медоданд. Устодони бақувват зиёд доштем. Аллакай дар курси 3 тоҷикиро аз баъзе ҳамкурсони тоҷикам беҳтар медонистам, зеро завқу хотираам мустаҳкам буд. Бояд гӯям, ки бо Савринисо Сабзалиева ҳамкурс ҳастам. Вақте курси 3 шудем роҳбари синфамон Аслӣ Бурҳонов таъйин шуд. Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Маҳрам Файзов низ дар ҷараёни дарс нуқси забонии маро рӯирост мегуфтанд, то ислоҳ шавам. Баъдан Тӯрахон Аҳмадхонов роҳбари синфамон шуд. Шукри Худованди бузург, ки аз чунин устодон таълим гирифтам… Аз 11 фарзанди падару модарам фақат ман санъаткор шудам.

Тӯйи 20-рӯзаву садоқати 1-умра
Дар курси 3 бо кӯмаку раҳнамоии шодравон Туҳфа Фозилова бо театри Лоҳутӣ ҳамкорӣ мекардам. Бори нахуст бо гуруҳи ҳунармандони ин даргоҳ ба Исфара гастрол рафта, қариб тамоми навоҳии собиқ вил.Ленинободро гаштем. Азбаски мо доирачӣ надоштем, апаи Туҳфа назди котиби якуми ш.Исфара даромада гуфт, ки «ба мо 1 нафар доиразан лозим». Баъд доиразани чирадаст Камолиддин Икромовро ба мо гуруҳи мо оварданд. Баъди хатми институт, августи с.1974 бо Камолиддин оила барпо намуда, соҳиби 2 фарзанд шудем. Бовар мекунед, арӯсии ман 20 рӯз идома кард. Хайр, ун вақтҳо танзим гуфтанӣ гап набуд. Хуллас, шавҳарам рӯзи 28.09.1982 дар садамаи автомобилӣ, дар рӯзи Иди Қурбон, дар водии Вахш ҳангоми бозгашт аз 1 тӯй фавтид. Бо ҳамин ман дигар шавҳар накарда, барои тарбияи 2 фарзанд шабу рӯз кӯшидам.
Соли 1978 ба ансамбли Шашмақом ба кор омада, 2 соли аввал хело сахт ва аз сидқ кор кардам. Ҳамзамон бо ансамбли рақсии «Зебо» ҳамкорӣ доштам. Натиҷаи заҳматҳоям буд, ки дар ҳамин 2 сол ҳам унвони Ҳунарпешаи шоиста доданд ва ҳам хонаи 2-ҳуҷрагӣ аз бинои 9-ошёнаи назди бозори собиқ Путовский. С.1989 Артисти халқии Тоҷикистон шудам. Дар оркестри асбобҳои халқии Хонаи радио бо композиторҳои маъруф-шодравон Саид Ҳамроев, Амон Ҳамдамов, Давлат Қурбонов, Амирбек Мӯсоев кор карда, дар 25 соли шашмақомсароӣ нозукиҳои касбро омӯхтам.



Нуқраву Нигинаву Мастона
Ёдам ҳаст, «Таронаи занон»-ро 3 нафар-ман, Нуқра Раҳматова ва раҳматӣ апаи Нигина Рауфова сароидем. Он замон бо гуруҳи овозадори «Гулшан» ҳамкорӣ мекардам. Дар ин байн, дар 3 симпозиуми анъанавии умумиҷаҳонӣ ширкат ва бо вуҷуди серкорӣ, дар Хонаи радио ансамбли духтарони дуторнавоз ташкил намудам. Соли 1981 декада-рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон шуда гузашт, ки раҳбари мо Ғоибназар Қаландаров буд. Он ҷо бори аввал ва аз наздик бо Шариф Рашидов-роҳбари якуми РСС Ӯзбекистон салому алейк намудам. Дар ин қадар сол қариб тамоми давлатҳои Аврупоро гаштам.
Ман дар Шашмақом Барно Исҳоқоваро барои худ беҳтарин мақомсаро меҳисобам, зеро ҳич касе мисли ӯ намесарояд. Ва шашмақомсароиро бошад бори аввал, дар 26-солагӣ ба ман равоншод Боймуҳаммад Ниёзов ёд доданд.
Аз соли 2003 то кунун дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба шогирдон дарс медиҳам. Дар ин 15 соли устодӣ даҳҳо нафарро дар ҷодаи шашмақом ба камол расонидам, ки ҳамаи онҳо ифтихори ман мебошанд!

Шаҳрзоди Амин
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter