ХАБАРИ ДОҒ


(Махсус барои бародарам Сайёфи Мизроб)

Писар аз падар пурсид:
-Шумо дар замони худ чӣ тавр бе дастрасии технологияи ҳозиразамон, бе дастрасии интернет, бе компютер ва бе телефони мобилӣ зиндагӣ кардед?
Падар посух дод:
-Ончуноне, ки аксари Шумо имрӯз зиндагӣ доред: Бе ибодат, бе раҳму шафқат, бе шараф, бе шарму ҳаё, бе фурӯтанӣ, бе мутолиаи китоб.
Ва давом дод:
-Мо одамони солҳои 1940-1985 будем ва аз насли хайрхоҳ маҳсуб меёбем. Ҳаёти мо собитгари рӯзгори босаодат буд. Даврони кӯдакиамон боз ҳам аҷибтар. Дар дучарха савор шуда, бозӣ мекардем. Аз рӯзи нахустини ба мактаб қадам мондан танҳо мерафтем, зеро аз касе бим надоштем. Баъди дарс ба корҳои хона ёрӣ мерасондем, то ғуруби офтоб бозӣ мекардем. Ҳеҷ гоҳ ТВро то ними рӯз тамошо намекардем. Ҳамеша бо дӯстони воқеӣ будем, на бо дӯстони интернетӣ. Ҳар гоҳ ташна мешудем, аз оби ҷӯ об менӯшидем, на аз бутал. Кам мариз мешудем. Агар бемор мешудем, волидон бо истифода аз доруҳои ватанӣ ва тибби халқӣ муолиҷа мекарданд.
Дар замони мо эҳтироми хонаводагӣ, эҳтиром ба бузургсолорони хонавода воҷиб буд. Мафҳуми ВИЧ-СПИД-ро намедонистем. Пешгирии ВИЧ-СПИД-ро тарғиб намекарданд, зеро он мавҷуд набуд. Оилаҳо дар асоси муносибати боадолатонаи тарафайн таъсис ёфта, пояи мустаҳкам доштанд. Асоси оиладориро иффат, муҳаббат ва эътимод ташкил медод. Либоси миллиро тарғиб намекарданд, зеро ба ин ниёзе набуд. Ҳеҷ дар андешаи кам кардани вазни бадан намеафтодем, гарчанде нону картошкаи зиёд истеъмол мекардем. Волидони мо сарватманд набуданд ва ба мо садоқату ватандориро талқин мекарданд, меомӯзонданд, то арзишҳои инсониро қадр намоем, на сарватҳои моддиро. Мафҳуми арзишҳои инсониро чун эътиқод, эътимод ва эҳтироми воло талқин мекарданд. Ҳеҷ гоҳ телефони мобилӣ DVD, XBOX, бозиҳои видеоӣ, интернет-чат, компютерҳои шахсӣ надоштем. Вале дӯстони ҳақиқӣ доштем, на виртуолӣ. Ба хонаи онҳо бедаъват мерафтем. Аз ғизо ва хурокҳои одии онҳо истеъмол мекардем. Ҳамаи ин ба мо хушу гуворо буд. Ба ҳам меҳр, бовар ва муҳаббат доштем. Агар касе бемор мешуд, ба аёдаташ мешитобидем. Маъракаи сурро аз мотам тафовут буд. Ба ҳам ҳамдилу ҳамдард будем. Агар касе мефавтид, барои поси хотири ӯ як муддате тӯю сур ва маъракаи хурсандӣ барпо намешуд. Рафта таъзия баён мекардем, на Лайки Гиря (скучаю) мемондем...
Насли қаҳрамон...
Баъдан падар пиёлаи чойи гармро гирифта, қатрае нӯшиду давом дод:
...Хотироти мо дар расмҳои сиёҳу сафед, вале равшану зебо аксбардорӣ мешуд. Онҳоро чун муқаддасот хеле эҳтиёт ва ҳифз менамудем. Китоб ва китобхониро сидқан дуст дошта, доим дар харидории он навбат меистодем ва бо шавқ мутолиа мекардем. Ҳаёти шахсиамонро ба маърази тамошои дигарон намегузоштем. Он чуноне ки аксари шумо зиндагии шахсии хешро бо шумули муносибатҳои маҳрамона на танҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ мегузоред, ҳатто дар воситаҳои ахбори омма сирри оилавиатонро мекушоед. Фирефтаи ягон таълимоти дигар намешудем. Моро ягон қувва, ҳизбу ҳаракати ғайру ифротгаро қудрати ба худ ҷалб кардан надошт, зеро 1 маром доштем, ки номаш ВАТАНДОРӢ ва 1 ватан доштем, ки номаш СССР буд. Насли қаҳрамон будем. Ҳатто дар даврони ҷанг моро “облава” ба хизмат намебурд! Ихтиёран мерафтем. Фашизмро, ки оламро ба ларза оварда буд, то лонааш бурда саркӯб кардем.
Сохти Шӯравӣ барҳам хӯрд. Соҳибистиқлолӣ неъматест болотар аз он. Вале гуна-гуна арзишҳои он ҷомеаи пешин ҳанӯз дар дили мо маҳфуз аст, аз даврони хотирмон. Ба ин хотир боз ҳам ёдрас мешавем: Мо насли беназири худогоҳем. Насле, ки ҳамеша гӯш ба панду насиҳати волидон медодем ва ба онҳо арҷгузор будем. Ҳамзамон низ аз аввалинҳоем, ки шумо-фарзандони хешро гӯш мекунем.
-Мо аз зумраи онҳоем, ки аз шумо боақлтарем ва шуморо роҳнамоӣ хоҳем кард.
-Биноан мо насли камназирем!
-Аз ҳамзистии мо лаззат баред.
-Аз мо пайваста омӯзед.
-Моро ҳамеша қадр намоед, қабл аз он, ки аз даст медиҳед!..
Таҳия аз интернет бо тарҷума ва такмили

Хоналӣ Қурбонзода

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter